«ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА» ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ҶАҲОНШУМУЛИ ТОҶИКИСТОН

Сулҳ арзишмандтарин неъмати зиндагии инсон, пояи устувори давлатдорӣ ва муҳимтарин шарти рушди устувори ҷомеа мебошад. Таърихи башар собит намудааст, ки ҳеҷ миллату давлате бе сулҳу субот ба пешрафти воқеӣ ноил шуда наметавонад. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз масъалаи таҳкими сулҳ ба яке аз ҳадафҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ роҳи душвори расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро тай намудааст, имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ дар самти таҳкими сулҳ ва ҳамкории созанда эътироф гардидааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон борҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, обрӯи кишвари моро боз ҳам баланд бардоштанд. Боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Ин иқдоми муҳим далели эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад. Моҳияти ин ташаббус аз он иборат аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, рушди таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ бештар муттаҳид гардад. Имрӯз, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ҷангҳо, ифротгароӣ, терроризм, муҳоҷирати иҷборӣ ва буҳронҳои иқтисодиву экологӣ рӯ ба рӯ мебошад, чунин ташаббус аҳамияти хосса пайдо мекунад. Асосгузори чунин сиёсати сулҳҷӯёна Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар минбарҳои баландтарини байналмилалӣ ҳамеша аз зарурати ҳифзи сулҳ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ сухан гуфта, ҷомеаи ҷаҳонро ба муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд. Барои Тоҷикистон сулҳ танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки таҷрибаи ҳаётӣ мебошад. Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ чӣ гуна талафоти гарони инсонӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ба бор овард. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар қадри сулҳу ваҳдати миллиро хуб медонад ва барои ҳифзи он масъулияти бузург эҳсос мекунад. «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аҳамияти тарбиявии бузург низ дорад. Он ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ, донишандӯзӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят менамояд. Зеро маҳз ҷавонони имрӯз бунёдгузорони ҷомеаи фардо мебошанд. Дар ин замина муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, зиёиён, ходимони фарҳанг ва тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар тарғиби фарҳанги сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузоранд. Ҳар як сухани нек, ҳар иқдоми созанда ва ҳар амали хайр метавонад барои таҳкими сулҳу субот заминаи мусоид фароҳам оварад. Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна, ҳамкориҳои созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии худ ба ҳайси кишвари фаъолу масъулиятшинос дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Қабули ин қатънома боз як далели равшани он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон эътимод дорад. Хулоса, сулҳ кафолати зиндагии осоишта, рушди иқтисод, пешрафти илму фарҳанг ва хушбахтии ҳар як инсон мебошад. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми инсоният аҳамияти бузург дорад. Ҳифзи сулҳ вазифаи ҳар як инсон аст ва танҳо бо ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории созанда метавон ояндаи осоишта ва дурахшонро барои наслҳои имрӯзаву фардо таъмин намуд. Сулҳ,сарвати бебаҳои инсоният, Ваҳдат,асоси давлатдорӣ ва дӯстӣ пули пайванди миллатҳост. Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободӣ зиндагӣ намояд!  Рустамҷон Абдуллоҳ омӯзгор, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *