МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Санаи 6 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Мактаб барои хонандагони болаёқат» №36-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аз 50 нафар даъватшуда 45 нафар иштирок намуданд.
Дар ҳайати раёсати маҷлис Бурҳонзода Иноятулло – муовини аввали Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Неъмонов Шоҳмирзо – иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок доштанд.
Маҷлисро иҷрокунандаи вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Неъмонов Шоҳмирзо ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҷамъбасти фаъолияти нимсола ва муайян намудани вазифаҳои минбаъдаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро таъкид намуд.
Сипас, тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисоботи иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Неъмонов Шоҳмирзо оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фаъолияти минбаъда.
- Натиҷагирии фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои «Вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ».
- Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои нимсолаи дуюми соли 2026.
- Вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати муаррифии ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)».
- Таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва рафти қабули аъзоён ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
- Масъалаҳои ташкилӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Неъмонов Шоҳмирзо ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи аввали соли 2026, иҷрои қарорҳои мақомоти болоии ҳизб, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, рушди корҳои идеологӣ, тарғиби сиёсати давлатӣ, фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ, корҳои ободонию созандагӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб ва таҳкими фаъолияти намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» маълумоти муфассал ироа намуд.
Ҳангоми баррасии масъалаи дуюм иштирокчиёни маҷлис таъкид намуданд, ки ҳар як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бояд дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорад.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома оид ба тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои нимсолаи дуюми соли 2026, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Неъмонов Шоҳмирзо лоиҳаи нақшаи чорабиниҳоро муаррифӣ намуд. Қайд гардид, ки нақша бо дарназардошти вазифаҳои дар назди ҳизб қарордошта, дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи вилоят таҳия гардидааст. Дар он баргузории чорабиниҳои сиёсиву идеологӣ, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб, тақвияти кор бо ҷавонон ва занон, рушди фаъолияти гурӯҳҳои вакилии ҳизбӣ, корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ вобаста ба ташаббуси байналмилалии Пешвои миллат оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» пешбинӣ гардидааст. Пас аз муҳокима, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия барои нимсолаи дуюми соли 2026 якдилона тасдиқ гардида, ба масъулин барои иҷрои саривақтии чорабиниҳои дар он пешбинишуда супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Доир ба масъалаи чорум иброз гардид, ки қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» далели эътирофи сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ супориш дода шуд, ки корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, боз ҳам вусъат бахшанд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома вобаста ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва рафти қабули аъзоён ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешниҳод гардид, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иншооти ҷашнии бунёдшаванда ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби иштирокчиёни маҷлис якдилона ҷонибдорӣ гардида, қарори дахлдор оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «35-солагии Истиқлолият» қабул карда шуд. Ҳамзамон, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шахсони масъул супориш дода шуд, ки корҳои бақайдгирӣ, ташкили фаъолияти ташкилоти нав ва ҷалби аъзои арзанда ба сафи он тибқи талаботи Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда шаванд.
Дар фарҷоми маҷлис вазифаҳои мушаххас барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ҳамзамон, барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ноҳия як қатор аъзои фаъол ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Маҷлис дар фазои созанда ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро барои иҷрои вазифаҳои дар назди ташкилотҳои ҳизбӣ гузошташуда ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳор намуданд.


