БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ
Санаи 7-уми июли соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти умумии № 36 воқеъ дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон, маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар шашмоҳаи аввали соли 2026 доир гардид.
Дар кори маҷлис Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳо, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд..
Нахуст муовини аввали раиси ноҳия Иноятулло Бурҳонзода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳисоботи муфассал дода, иброз дошт, ки мардуми заҳматкаши ноҳия чун дигар сокинони кишвар бо меҳнати софдилонаву содиқона баҳри ободонии кишвари азизамон–Тоҷикистон ҳисси арзишманди худро гузошта, нимсолаи аввали соли 2026-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мояи ифтихору сарфарозӣ, нангу номуси миллӣ маҳсуб меёбад, Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 115 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрўз 117 иншоот ё 101,7 фоиз сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин дар дигар ҷашну санаҳои муқаддас дар ҳудуди ноҳия чандин иншооти наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин барои таъмини ҷойи корӣ ва беҳбудии шароити зисти мардум мусоидат мекунад.
Дар идомаи суханронӣ мавсуф доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2026 ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 17,1 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 1,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96,7 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нимсолаи аввали соли 2026 30,8 млн сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 29,4 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Ҳамчунин дар рафти маҷлис муовини раиси ноҳия оид ба фаъолияти тамоми шуъбаву бахшҳо ва рафтиомодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, рақамикунонӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, саноат ва энергетика,
нақлиёт ва алоқа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, маориф ва илм,тандурустӣ ва кор бо занон,фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дин ва танзими ҷашну маросим, кор бо муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, вазъи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, сохтмон ва меъморӣ, Кишоварзӣ маълумоти муфассал дода иброз намуд,ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 80,2 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 млн сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 112,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4230,8 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст.
Кишти зироати асосӣ — картошка дар майдони 3929,2 гектар гузаронида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 676 га зиёд мебошад.
Аз кишти анҷомдодашуда ғалладонагӣ ва лўбиёгиҳо 103,1 гектар, картошка 3929,2 гектар, сабзавот 23,7 гектар, ва зироатҳои хўроки чорво 173,9 гектарро дар бар мегирад.
Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 23183 сар, аз ҷумла модагов 10798 сар, гўсфанду буз 165802 сар, паранда 9936 сар ва асп ба 374 сар расонида шудааст.
Ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар майдони 4230 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки нисбати соли гузашта 732,1 га зиёд мебошад.
Дар нимсолаи аввали соли 2026 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 15,2 млн сомонӣ, сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми маблағгузориҳои давлатӣ 10,4 млн сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 3,7 млн сомонӣ ва хусусӣ 1,1 млн сомониро ташкил додааст.
Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 14,5 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 8,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар масоҳати 1192 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд. Ва дар интиҳо иброз дошт,ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои иҷрои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру вазифагузориҳо, иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар баён менамоянд, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода менамоянд.
Пас аз пешниҳоди ҳисоботи муфассал Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода аз фаъолияти шуъбаву бахшҳои ноҳия аз ҷумла, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, шабакаҳои барқ, Амонатбонк ва жигар шуъбаву бахшҳо пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо ва беҳбуди кор дастуру супоришҳо дода, ба масъулин барои пурра ва босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоот ва бунёди иншооти наву замонавӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дод.
Дар охир Раиси ноҳия аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои рисолати касбии худ ва саҳм гузоштан дар ободонии кишвар ва бо дастовардҳои шоён истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи арзишманди худро гузоранд.


