[tdc_zone type=»tdc_content»][vc_row][vc_column width=»2/3″][vc_column_text custom_title=»ФАРҲАНГ РӮ БА РУШД АСТ»]

Тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 1996-97-98 ҳамагӣ як хонаи маданият — «клуб» дар деҳаи Мадрушкат фаъолият менамуд, имрӯз бошад хонаҳои маданият дар ҳарду маркази ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик ва ҷамоати деҳоти Лангар амал мекунанд.

Инчунин бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар маркази ноҳия моҳи октябри соли 2014 аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо маблағи 3879829 сомонӣ Қасри фарҳанг сохта ба истифода дода шуд, аҳли фарҳанги ноҳия бо утоқҳои корӣ таъмин гардиданд.

Агар дар солҳои 1998 ва 1999 то солҳои 2014 китобхонаи марказӣ аз маркази ноҳия дур — дар деҳаи Ревомутк ҷойгир буд, бо ба истифода додани Қасри фарҳанг чор ҳуҷраи бо рафҳои китобмонӣ муҷаҳҳаз ба китобхонаи марказӣ дода, китобхонаи марказӣ аз деҳаи Ревомутк ба маркази ноҳия кӯчонида шуд.

Дар соли 2016 дар арафаи таҷлили Истиқлолият китобхонаи бачагонаи воқеъ дар деҳаи Худгифи Боло аз як бинои фарсуда бароварда, ба ду ҳуҷраи нави муҷаҳҳаз бо рафҳои китобмонӣ ва мизу курсӣ оварда шуд.

Дар замони 20 соли таъсисёбии ноҳия агар китобхонаҳои филиалҳои китобхонаи марказӣ ҳамагӣ 6 ададро ташкил медоданд, имрӯз миқдори онҳо ба 11 адад расидааст. Агар миқдори китобҳо дар солҳои 1998 ва 1999 ҳамагӣ 33000 нусха китоб дар китобхонаи марказӣ, бачагона ва филиалҳои он мавҷуд буданд, дар давоми соли 2016 бо дастгирии Вазорати фарҳанг ба воситаи Корвони китоб ва Раёсати фарҳанги вилояти Суғд шумораи китобҳо аз 33000 ба 47000 адад расонида шудааст.

Агар дар солҳои 1998 ва 1999 шумораи Аълочиёни фарҳанг 3 нафарро ташкил медоданд, алҳол онҳо 8 нафар мебошанд.

Соли 1996 бахши фарҳанги ноҳия ташкил шуда, аввалин мудири бахши фарҳанги ноҳия Абдувоҳид Қурбонов таъин карда шуд. Баъди Абдувоҳид Қурбонов шахсони зерин то соли 2015 мудирии ин бахшро ба ӯҳда доштанд:

Шодиев Азизхоҷа,

Муллоҷонов Муллоҳаким,

Одинаев Абдуғаффор,

Аҳмедов Саидуброн.

Бо фармони Раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз моҳи феврали соли 2015 то ба имрӯз мудирии ин бахшро Зокирова Гулбаҳор ба уҳда дорад.

Имрӯз дар бахши фарҳанги ноҳия як Қасри фарҳанг як китобхонаи системаи марказонидашуда, як китобхонаи бачагона, ду кулуб, як осорхона ва ҳашт филиали китобхонаи системаи марказонидашуда фаъолият доранд.

Айни замон дар бахши фарҳанги ноҳия 42 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз он 33 нафар мардон, 9 нафар занон, аз ҷумла, 12 нафар бо маълумоти олӣ, 3 нафар олии касбӣ, 6 нафар миёнаи махсус ва 13 нафар бо маълумоти миёна фаъолият доранд.

Бахши фарҳанги ноҳия то имрӯз ба бисёр дастовардҳо ноил гаштааст. Аз ҷумла, дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва берун аз он аҳли фарҳанги ноҳия иштироки фаъол доранд.

Мисоли гуфтаҳои боло санаи 4.07.2015 дар шаҳри Хуҷанд, маҷмааи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ барои иштироки фаъолона ва саҳми арзанда гузоштан дар озмуни вилоятии «Ҳунарнамоии беҳтарини шаҳру ноҳияҳо» бо мақсади рушду инкишофи санъати миллӣ, эҳё намудани жанрҳои мусиқии классикӣ, таронаҳои халқӣ, сурудҳои фолклорӣ- этнографӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар «Соли рушди фарҳанг» дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ифтихорнома сарфароз гардонида шудааст.

Бахши фарҳанги ноҳия дар радифи омодагии ҷашни 25-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд аз 14.03.2016, таҳти №140 Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ва тибқи ҷадвали тасдиқ намудаи баргузории Фестивал- озмун санаи 27-уми майи соли 2016 дар назди қасри фарҳанги ноҳия Фестивал-озмуни телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016″ро гузаронид, ки дар фестивал-озмун меҳмонон ва аъзои ҳакамон иштирок намуда, сараввал аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли фарҳанги ноҳия дар саҳни қаср ташкил карда буданд, дидан намуданд. Сипас, аъзои ҳакамон аз рӯи низомнома дар рафти намоиши озмун бештар ба намоиши ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳ намуда, суруди яккаро дар иҷрои Абдунаҷиб Шоев ва рақси яккаро дар иҷрои хонандаи синфи нуҳум Олиямоҳи Маҳмадазим ҳамчун чеҳраҳои нав хуб пазируфтанд.

Аз рӯи ҷамъбаст дастаи ҳунарии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 105 хол гирифт, ки ин бори нахуст дар ноҳия чунин чорабинӣ гузаронида шуд.

Шахсоне, ки дар пешрафти соҳаи фарҳанги ноҳия тулии солҳои зиёд фаъолияти хуб доштанд инҳоянд: Аҳмедов Саидуброн, зиёда аз 10 сол мудирияти бахши фарҳанги ноҳияро ба уҳда дошт. Инчунин Файзихоҷаи Ниёзбоқӣ, Азизхоҷаи Шодӣ, Абдуҷаббор Шоев, Саиданвар Аҳмедов ва Абдулазиз Раҳимов дар пешрафти бахши фарҳанги ноҳия саҳми худро гузошта истодаанд.

[/vc_column_text][vc_column_text custom_title=»Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ»]

1.»Қалъаи Ҳисорак ва Маъбади оташпарастон» дар деҳаи Падаски ҷамоати деҳоти Лангар.
2. «Қалъаи Ашшак» дар деҳаи Ҳадишаҳри ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик.
3. «Қалъаи Мири Мастчоҳ Ботурхоҷа» дар деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангар.
4. «Қалъаи Рогиф» дар мавзеъи Туллуми деҳаи Рогиф ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик.
5. «Қалъаи Оббурдон» дар деҳаи Оббурдон ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик.
6. «Қалъаи Ланглиф» дар деҳаи Ланглифи ҷамоати деҳоти Лангар.

[/vc_column_text][vc_column_text custom_title=»Рӯйхати сангнигораҳо ва катибаҳо дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ»]

1. Сангнигораҳо ва катибаҳо дар деҳаи дашти Оббурдон ҷамоати деҳоти ба номи Иван Тоҷик.
2. Сангнигораҳо дар деҳаи Падрохи ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик.
3. Сангнигораҳо дар роҳи байни Ревомутк ва Худгифи Соя, ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик.
4. Сангнигора дар деҳаи Дашти Миёнаи ҷамоати деҳоти Лангар.
5. Катибаҳо дар деҳаи Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар.
6. Сангнигора ва Катибаҳо дар дараи Пандараи деҳаи Сабағи ҷамоати деҳоти Лангар.

[/vc_column_text][vc_column_text custom_title=»Рӯйхати оромгоҳ ва қадамҷойи азизон ва бузургони дину тариқат дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ»]

1. Оромгоҳи Хоҷамуҳаммади Гулрез дар деҳаи Худгифи Боло.
2. Оромгоҳи Биби Сомиъа дар деҳаи Рогиф.
3. Оромгоҳи Хоҷамуҳаммади Гулшан дар деҳаи Рогиф.
4. Оромгоҳи Хоҷамуҳаммади Хуршед дар деҳаи Лангар.
5. Оромгоҳи Муллои Калон Мавлоно Ҳофиз дар деҳаи Пастиғав.
6. Оромгоҳи Дарвешмуҳаммади Ромиҷ дар деҳаи Имбеф.
7. Оромгоҳи Хоҷаиброҳим дар деҳаи Сабағ.
8. Оромгоҳи Ҳазрати Бободол дар деҳаи Палдорак.
9. Оромгоҳи Ҳазрати Довуд дар деҳаи Роғ.
10. Оромгоҳи Аълами Оламиён дар саргаҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.
11. Оромгоҳи Абӯмӯсои Ашъарӣ дар деҳаи Деҳҳисор.
12. Оромгоҳи Бибӣ Робеъа дар деҳаи Ғувинд.
13. Оромгоҳи Бибӣ Аёзи Хуҷандӣ дар деҳаи Лангар.
14. Оромгоҳи Юсуф Вафо дар деҳаи Пастиғав.

 

Қалъаи Ҳисорак яке аз мавзеъҳои қадимтарин буда, оид ба таърих ва пайдоиши инҷо маълумоти мухталиф вуҷуд дорад. Тибқи сарчашма ва ривоятҳо ин мавзеъ таърихи қариб 2000 сола дорад.

Домуллоҷон Қозиев яке аз шахсиятҳои шинохтаи ноҳия зимни як сӯҳбат иброз намуд, ки соли 1984 олим ва таърихшинос Юсуфшоҳ Ёқубӣ ба ин мавзеъ сафар намуда, доир ба таърихи ин қалъа чунин гуфта буд: «Қалъа дар асри 2-и мелодӣ сохта шудааст. Даромадгоҳи қалъа дарвоза ва баъди даромадгоҳ роҳи васеи сангфарш низ доштааст, ки дар ду тарафи роҳ ҳунармандон устохона сохта, ба ҳунармандӣ машғул будаанд. Аз ҷумла, оҳангарон, устоҳои чӯбдаст, сангтарошон ва монанди инҳо, ки даромадгоҳи қалъаро ба мавзеи саноатӣ табдил дода буданд. Ҳудуди қалъа зиёда аз 10 гектар буда, атрофи он бо деворҳои сангин иҳота карда шудааст. Дар қисми даромади қалъа биноҳои истиқоматии хизматчиён, посбонҳо низ мавҷуд будааст. Биноҳои истиқоматии аҳли дарбор дар қисми дохилии қалъа ҷойгир шуда будаанд. Ҳамчунин дар дохили қалъа то дарёи Зарафшон, ки тақрибан баландии зиёда аз 300 метрро дорад, зинапоя сохта шуда, аҳли дарбор ва сокинони қалъаро бо оби нӯшокӣ таъмин менамуданд».

Муаррих Юсуфшоҳ Ёқубӣ ҳамчунин дар бораи ҳаммоми Дашт, ки мувофиқи баъзе аз сарчашмаҳо таърихи беш аз 300сола дорад, чунин ибрози назар кардааст: Ҳаммоми Дашт таърихи зиёда аз 300- сола дорад, ки ин аз фарҳангу маданият ва тарзи зиндагии сокинони болооби Зарафшон шаҳодат медиҳад. Дар болои ҳаммом ду дег гузошта шуда будааст, ки яке барои оби гарм ва дигаре барои нигоҳдории оби хунук истифода мешудааст. Барои гарм кардани об оташдон истифода мебурдаанд, ки дуд ва гармии он дар таги ҳаммом ба воситаи лӯлаҳои сафолини пухташуда давр зада, ҳамчун воситаи гармидиҳӣ истифода мешудааст. Ҳаммом таҳоратхонаҳои алоҳида низ доштааст, ки дар он якчанд нафар метавонистаанд дар як вақт таҳорат кунанд. Дар баробари ин дар ҳаммоми мазкур ҷой барои шустушӯйи якҷоя барои наздик 10 нафар низ мавҷуд будааст. Аз дегҳои оби хунук ва оби гарм ба ҷойи шустушӯй ба воситаи лӯлаҳои хурд об меомадааст, ки ҷумакҳои он мисин будаанд. Дар наздикии ҳаммом чойхона барои истироҳати мизоҷон ва дар қисми дигари он масҷид барои ибодат мавҷуд будааст.

[/vc_column_text][/vc_column][vc_column width=»1/3″ is_sticky=»yes»]

ХАБАРҲО

[/vc_column][/vc_row][/tdc_zone]