ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ХАЙРУЛЛО БОБОЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ

0
117

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои басо рангини таърихӣ пеш аз ҳама Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони ноҳияро ба фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз, ки имрўзҳо дар фазои оромиву осудагӣ ва рўҳияи баланди идона таҷлил гардида истодааст, самимона табрику шодбош намуда, ба ҳамаи Шумо саломатии бардавомро таманно дорам!
Таҷлили ҷашни Наврўз шаҳодат аз он аст, ки мардуми тоҷик барои эҳё намудани арзишҳои миллии худ ва суннатҳои бостонии аҷдодиамон дар ҳамаи давру замон неруву хиради худро дареғ надошта, дар раванди ҳимоя ва эҳтироми ҳамаи анъанаву суннатҳои ниёгонамон дар пояи имони қавӣ ва эътимоди комил талош менамоянд.
Ҷашни Наврўз дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, собит менамояд, ки миллати тоҷик, воқеан таъриху фарҳанги пурғановати қадима дошта, барои баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, бо дарки амиқи худшиносву худогоҳӣ ташаккулу эҳёи онро такон медиҳад.
Бояд таъкид намуд, ки Наврўз мактаби бузурги хештаншиносиву худогоҳӣ буда, дар ин самт барои бедор намудани ҳисси миллӣ ва номуси ватандорӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба пояҳои давлатдорӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар шинохти фарҳанги волои эҳтироми аҳамияти таърихии давлатамон саҳми бузург мегузорад.
Яке аз хусусиятҳои нотакрори ҷашни Наврўз дар он ифода меёбад, ки ҳамаи мардумро ба ҳам муттаҳид мекунад ва дар роҳи эъмори ваҳдати миллӣ занҷири иттиҳоду ягонагиро бо дўстии абадӣ пайванд месозад.
Воқеан, хусусиятҳои ҷашни Наврўз аҳамияти ба худ хос дошта, кинаву адоватро дар дили мардум пок намуда, рўҳияи болидаро бо оғози фасли баҳори Аҷам ва эҳё гардидани табиат зинда менамояд.
Аз ин лиҳоз, ҷашни Наврўз ҳомии дўстиву рафоқат ва баҳамойи мардум буда, на танҳо тарғибгарӣ арзишҳои инсондўстиву худшиносии миллӣ, балки фарҳанги миллии моро бомаром мукаммал ва маънии тоза мебахшад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўзи оламафрӯзро чунин тавсиф намудаанд:
«Воқеан, Наврўз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврўз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрўз бо ғояҳои олии башардўстона, дўстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондўстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад».
Наврўз рамзи некиву покӣ, озодагиву ободӣ, созандагиву бунёдкорӣ, бедор шудани марди деҳқон, оғози кишту корӣ баҳорӣ, зебо гардидани домонӣ саҳро ва сарчашмаи орзуҳои накўву олӣ дар соли нав мебошад.
Наврўз ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ, ки мақоми ҷаҳониро касб намудааст, меҳвари асосии тарбиякунандаи раванди бедорию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз тамаддуни куҳан мебошад.
Умеди онро дорам, ки ҳамаи мо дар остонаи соли нави аҷдодӣ бо мақсадҳои оливу созанда ба сўи ояндаи дурахшон қадам мегузорем.
Итминони комил дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ гардидани суннатҳои неки Наврўзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияту воситаҳо самаранок истифода менамоянд ва бо дарки масъулияти баланди худшиносӣ дар пешрафту ободии як гӯшаи дурдасти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азизро ба ифтихори ҷашни аҷдодиамон — Наврўзи байналмилалӣ табрик ва муборакбод намуда, бароятон сарсабзию саодатмандӣ, дастурхони пурфайз ва рўзгори осударо орзу менамоям.
Ҳар рўзатон Наврўз бод,
Наврўзатон пирўз бод!
Иди байналмилалии Наврўз муборак, ҳамдиёрони азиз!