[tdc_zone type=»tdc_content»][vc_row][vc_column width=»2/3″][vc_column_text custom_title=»БЕҲДОШТИ САЛОМАТӢ. МАЪЛУМОТ ОИД БА РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯИ КУҲИСТОНИ МАСТЧОҲ»]

Ҳифзи саломатӣ, таъмини тандурустии аҳли ҷомеа ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ ва эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин замина барои беҳдошти фаъолияти соҳа дар кишвар пайваста амалҳои самарабахш анҷом дода мешаванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат бобати ҳифзи саломатии омма пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то инкишофи бемайлони соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди ноҳия таъмин карда шавад. Мувофиқ ба барномаи миллии «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустӣ» ва дигар барномаҳои милливу соҳавӣ, ки вобаста ба самтҳои алоҳидаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия ва қабул шудаанд, дар ноҳия давоми солҳои охир барои беҳтар шудани фаъолият ва рушди соҳаи тандурустӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд, ки ҳадафи асосиашон беҳдошти ҳифзи саломатии мардум аст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 249 аз 02.02.1996 «Оиди таъсис додани ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ», қарори Раиси вилояти Суғд таҳти № 141 аз 07.06.2002 «Дар бораи татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.1997, № 558 «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи эҳё ва рушди иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» беморхонаи марказии ноҳия ба кор шурӯъ намуд. Бинобар набудани бинои алоҳидаи беморхонаи марказии ноҳия то соли 2003 шӯъбаҳои беморхонаҳои минтақавии Пастиғав, Роғ ва Лангар ҳамчун шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расониданд. Дар охири соли 1996 ҳамагӣ 13 нафар духтурони соҳибихтисос ва 35 нафар кормандони миёнаи тиб, аз он ҷумла 4 нафар момодоя, 13 нафар беҳёр, 3 нафар ёрдамчиёни духтурони санитарию эпидемиологӣ ва 15 нафар ҳамшираҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳия кор ва фаъолият намуданд. Дар ин давра ба аҳолии ноҳия 3 беморхонаи минтақавӣ, 2 дармонгоҳ, 1 дорухона ва 7 нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ расониданд.

18 августи соли 2003 бо ташаббуси Ҳукумати ноҳия ва иқдоми неки сокинони хоҷагии деҳқонии ба номи Сафар Наврӯз дар деҳаи Сабағ бинои беморхонаи марказӣ дорои 40 кати табобатӣ ва шӯъбаҳои амрози дохила, амрози бачагона, шӯъбаи ҷарроҳӣ ва таваллудхона бо маблағи 214 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бинобар ба талаботи мавҷуда мутобиқ набудани меъёрҳои катҳои табобатӣ дар асоси фармони Раёсати тандурустии Ҳукумати вилоят аз 16.02.2004 таҳти № 12 оиди тағйироту иловаҳо ба фармони Раёсати тандурустии вилоят таҳти № 70 аз 05.08.2003 «Дар бораи ташкил намудани беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ» бо ҳамроҳ намудани шӯъбаҳои беморхонаҳои минтақавии Пастиғав, Роғ ва Лангар беморхонаи марказии ноҳия дорои 100 кати табобатӣ, аз он ҷумла 40 кати шӯъбаи амрози дохила, 25 кати шӯъбаи бачагона, 25 кати шӯъбаи таваллудхона ва 10 кати шӯъбаи ҷарроҳӣ ба кор шурӯъ намуд. Бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд ва Раёсати тандурустии вилоят шӯъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия бо маблағи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти корӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва ба танзим даровардани банақшагирии оила соли 1998 маркази солимии репродуктивӣ дар назди беморхонаи марказии ноҳия таъсис дода шуд. Ҳуҷраи алоҳида барои мунтазам фаъолият намудани маркази мазкур ҷудо карда шуд ва бо компютер ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуд. Марказ дар асоси талаботҳои муассисаҳои тандурустии ноҳия саривақт маводи контрасептивиро таъмин менамояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ мондааст.

Дар аввали соли 1998 барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва паст намудани фавти кӯдакони синни то 5-сола марказҳои мубориза алайҳи бемориҳои шадиди рӯдаю меъда ва роҳҳои нафас ба кор шурӯъ намуд. Марказ пайваста бо дастгирии маркази вилоятӣ дар асоси дархости муассисаҳои тиббии ноҳия мунтазам дорувориҳои ҳаётан муҳимро дар асоси барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона таъмин менамояд, ки дар натиҷа фавти кӯдакони синни то 5-сола аз рӯи бемориҳои дар боло зикршуда нисбати солҳои пешина кам шуда истодааст.

Дар давоми соли 1998 вобаста ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва бо мақсади инкишоф ва дастрас будани ёрии аввалияи сифатноки тиббию санитарӣ ба сокинони деҳот баҳри иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.1997 таҳти № 423, фармони Вазорати тандурустии ҶТ аз 26.12.1997 таҳти № 65 «Дар бораи ба бунгоҳҳои саломатӣ табдил додани нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ» ҳамаи нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ба бунгоҳҳои саломатӣ дар асоси фармони беморхонаи марказии ноҳия аз 01.11.1998 таҳти №9 табдил дода шуда, бо таҷҳизоти тиббӣ ва мутахассисон таъмин гардиданд.

Дар давоми солҳои 1996-2011 барои пешгирии бемориҳои бо воситаи иммунизатсия идорашаванда баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ оиди беҳдошти саломатӣ ва саривақт муайян намудани бемории сил марказҳои эмтаъминкунӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва мубориза алайҳи бемории сил таъсис дода шуданд.

Иммунизатсия яке аз комёбихои асосии соҳаи тиб буда, харочоти калон талаб намекунад, аммо барои сиҳатии омма фоидабахштарин ба ҳисоб меравад.

Бемории фалаҷ сабабгори асосии фалаҷи дасту пойи одамон дар ҷаҳон буд, қисми зиёди онҳо мефавтиданд. Ҷумҳурии мо аз соли 2002-ум ҳамчун давлати озод аз бемории фалаҷ эълон шуд. Вале аз моҳи феврали соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории фалаҷ дар байни кӯдакон мушоҳида гардиданд.

Бо мақсади беҳтар ва сифатнок гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бар зидди бемориҳои бо воситаи иммунизатсия идорашаванда як адад нақлиёти НИВА аз тарафи Алянси Глобалии Ваксина ва иммунизатсия (ГАВИ) дар доираи Лоиҳаи «Устувор намудани соҳаи тандурустии Тоҷикистон» харидорӣ карда, ба тавозуни ноҳия гузаронида шуд. Инчунин барои марказ як адад компютер, мизу курсии корӣ, барои нигоҳдории ваксинаҳо ба муассисаҳои тиббӣ яхдон, сумка-термос ва шаклҳои ҳисоботию оморӣ дода шудааст. Муассисаи давлатии Маркази иммунопрофилактикаи ноьия мувофиқи фармони ВТ ҶТ № 521 аз 28.11.2003, фармони Раёсати тандурустии вилояти Суғд таҳти № 37 ва фармони БМН аз 05.05.2004 таҳти №13 фаъолият дорад. Аз 24.09.2013 мувофиқи Қарори Раиси ноҳия таҳти №178 муассисаи давлатии маркази иммунопрофилактикии ноҳия ташкил карда шуд, ки дар бинои МСД Ревомутк ҷойгир шудааст.

Дастовардҳои соҳаи тандурустии ноҳия, махсусан, дар давоми даҳ соли охир назаррасанд. Баробари афзоиши маблағгузории буҷавии соҳаи тандурустӣ, сохтмон ва таҷдиду тармим, ободонии муассисаҳои тиббӣ вусъат меёбад. Дар ин муддат аз 19 муассисаи тиббии дар ҳудуди ноҳия мавҷудбуда, бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии Рушд дар доираи ду барнома 14-тои он таъмиру тармим ва аз нав сохта шуда, бо асбобу анҷом ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардиданд.

Дар доираи барномаи таҷдиди сохтори иҷтимоӣ бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Ронҷ, Виткон, Эсиз, Валиғонд, Деҳманора ва Деҳавз аз нав сохта шуданд.

Аз ҳисоби маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон марказҳои саломатии деҳоти Мадрушкат ва Ревомутк таъмиру тармим гардиданд. Дар деҳаҳои Роғ, Лангар, Худгифи Соя, Пастиғав ва Ғузн биноҳои муассисаҳои тиббӣ аз нав сохта шуданд. Ҳамаи муассисаҳои тиббии номбурда бо асбобу анҷомҳои корӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.

Дигар ҷиҳати муҳими пешрафти соҳаи тандурустӣ, албатта, таъминот бо кормандони баландихтисосу соҳибмалака мебошад, ки ба таври доимӣ мавриди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳаи тандурустии ноҳия қарор дорад. Ҳоло ба аҳолии ноҳия 16 нафар духтур ва 72 нафар корманди миёнаи тиб хизмат мерасонанд, ки аз онҳо 2 нафар Аълочии тандурустии Тоҷикистон, 10 нафар дорои тахассуси олӣ ва 5 нафар дараҷаи якумро соҳибанд.

Баҳри амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар давоми солҳои 2005-2009 бо дастгирии маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар маркази клиникию таълимии тибби оилавии вилояти Суғд 10 нафар духтур ва 22 нафар корманди миёнаи тиб аз курси бозомӯзии тибби оилавӣ гузаштанд ва ҳамаи онҳо бо сумкаҳои ёрии тиббӣ таъмин гардиданд. Алҳол онҳо ҳамчун мутахассисони тибби оилавӣ ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.

Барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 2 адад автомашинаҳои ёрии таъҷилӣ ва 3 адад дастгоҳи ултрасадоӣ бо дастгирии Ҳукумати вилояти Суғд ва маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон харидорӣ карда шуданд ва ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Инчунин 2 адад автомашинаи НИВА аз тарафи маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба тавозуни ноҳия гузаронида шудааст. Аз тарафи маркази Ҷумҳуривии мубориза алайҳи бемории сил низ автомашинаи НИВА дода шудааст.

Солҳои охир таваҷҷуҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд оиди ҳифзи саломатии аҳолӣ зиёд мебошад. Барои хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ёрии амалӣ-методӣ ва омӯхтани фаъолияти муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи ноҳия гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони варзидаи Вазорат ва Раёсати тандурустӣ дар ҳайати «Корвони саломатӣ» дар давоми солҳои 2010-2015 таъсис дода шуда, ба ноҳия ташриф оварда истодаанд.

Инчунин баҳри саривақт дастрас ва босифат пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, шаклҳои ҳисоботӣ аз тарафи соҳа ва марказҳои вилоятӣ таъмин шуда истодааст. Ғайр аз ин баҳри иҷроиши барномаи мутамаркази ҳисоботҳои оморӣ бо тариқи электронӣ ва компютеркунонии муассисаҳои тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҲИА-и ҶТ пешниҳод шуда истодааст.

Баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ кормандон аз семинарҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва дорои шаҳодатномаҳо мебошанд.

Инчунин бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ якумин маротиба барои ташкил намудани шӯъбаи ёрии таъҷилӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки иқдоми хуб мебошад.

Аҳли кормандони соҳа бо ифтихор аз дастовардҳои меҳнатию касбии худ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мераванд. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ дар ин қатор бо армуғонҳои идона ин ҷашни муборакро истиқбол гирифтаниянд ва дар ҳама ҷабҳа фаъолияти пурсамарро вусъат медиҳанд.

Хулоса, то таъсиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 20 сол пеш тобеъи ноҳияи Мастчоҳ буд, дар ноҳияи мо ҳамагӣ 3 беморхонаи минтақавии Пастиғав, Мадрушкат ва Роғ мавҷуд буд, ки беморон бистарӣ карда мешуданд. Духтурон аз ҳисоби ноҳияи Мастчоҳ бонавбат фиристода мешуданд. 2 муассисаои дармонгоҳӣ буд: дар Ревомутк ва Обурдон. Инчунин 7 нуқтаи фелдшерию акушерӣ (ФАП) дар деҳаҳои Ғузн, Виткон, Эсиз, Валғонд, Роғ, Деҳманора, Ланглиф ба мардум хизмати тиббию профилактикӣ мерасониданд. Аз шумораи умумии кормандони соҳаи тиб духтурон- 5 нафар, кормандони миёнаи тиб-35 нафар то таъсисёбии ноҳия кор ва фаъолият доштанд.

Баъди таъсиси ноҳия муассисаҳои дармонгоҳӣ дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ аз 26.12.1997, №65 ва фармоиши Раёсати тандурустии вилоят аз 10.02.1998, №14 нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ба хонаҳои саломатӣ табдил дода шуда, СВА-дармонгоҳҳо ба марказҳои саломатии деҳот табдил дода шуданд. Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва таҷдид марказҳои саломатии деҳоти Обурдон, Пастиғав, Эсиз, Мадрушкат, Роғ ва хонаҳои саломатӣ дар деҳаҳои Тагоб, Виткон, Ғузн, Худгифи Соя, Лангар, Падаск, Валғонд, Табушн, Деҳманора, Худгифи боло, Ланглиф, Деҳавз ва соли 2007 МСН (маркази саломатии ноҳиявӣ) ташкил карда шуданд, ки дар натиҷа дар давоми таъсисёбии ноҳия муассисаҳои дармонгоҳӣ ба 18 адад расиданд. Соли 2003 беморхонаҳои минтақавии деҳаҳои Пастиғав, Мадрушкат ва Роғ барҳам дода, беморхонаи марказии ноҳия таъсис шуд, ки дорои 100 кати табобатӣ мебошад, ки шӯъбаҳои амрози дохила — дорои 40 кат, бачагона дорои 25 кат, шӯъбаи таваллуд 25 кат, шӯъбаи ҷарроҳӣ дорои 10 кат мебошанд.

Дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ 18 барномаи соҳавӣ дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ амал мекунанд, ки дар ноҳияи мо аз соли 1998 дар доираи имкониятҳои кадрӣ марказ ва ҳуҷраҳои солимии репродуктивӣ, ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, муассисаи давлатии маркази иммунопрофилактикии ноҳия, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳуҷраи бемориҳои эндокринологӣ, маркази бемориҳои сил, ҳуҷраи вируси норасоии масунияти одам ва бемориҳои ишемиявии дил таъсис дода шуданд.

Нисбати пешрафти таъминоти кадрӣ духтурон 18 нафар, кормандони миёнаи тиб 72 нафар мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони дорои маълумоти олӣ — 5 нафар зан, аз кормандони миёнаи тиб 30 нафар зан мебошанд. Баҳри таъмин бо кадрҳои миёнаи тиббӣ дар ноҳия аз соли 2011 гурӯҳи мақсаднок ташкил карда шудааст, ки онро 15 нафар хатм намуда, 41 нафари дигар дар давраҳои омӯзишӣ мебошанд. Ҳоло дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҳисоби квотаи президентӣ ва дохилшудагон 52 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд, ки то соли 2020 мушкилоти кадрӣ ҳалли худро пурра меёбад.

Дар нақша барои солҳои оянда барои ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ — ташкил намудани беморхонаи марказӣ дар маркази ноҳия, сохтмони хонаҳои саломатӣ дар деҳаҳои Палдорак, Сурхкат, Резгиф, Муждиф дар назар дошта шудааст.

Баъди таъсиси ноҳия сарварии муассисаҳои тиббӣ ҳамчун сардухтури ноҳия аз соли 1996 то соли 2006 ба дӯши Раҳматов Мирзоакбар гузошта шуда буд. Аз соли 2006 то ҳол сартабиби ноҳия Идиев Абдуамон аст. Аз соли 2007 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия (КАТС) аз ҷамоатҳо ва БМН ҷудо карда шуда, сарварии онҳо аз соли 2007 то 2009 ба дӯши Мираминов Абдулҳаким, солҳои 2010-2014 ба дӯши Ғафуров Содиқ, аз 2014 то 2016 ба дӯши Раҳматов Мирзоакбар, аз соли 2016 ба дӯши Қозиев Парвиз гузошта шудааст.

[/vc_column_text][/vc_column][vc_column width=»1/3″ is_sticky=»yes»]

ХАБАРҲО

[/vc_column][/vc_row][/tdc_zone]