РАФТИ КОРҲОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОФАТИ ТАБИИ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Тибқи маълумот, шаби 1-ум ва 2 юми июн дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, махсусан, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, боришоти зиёди борон ва омадани сел рух дод, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ роҳҳо ва қисме аз заминҳои кишоварзӣ инчунин дар чанд иншооти ёрирасон дар деҳаҳои ноҳия зарар расидааст.

Бо мақсади дастгирии саривақтии аҳолии осебдида ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо, дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ гардида, бо таъсиси комиссияҳо ва ситодҳои махсус корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,Муасисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо ва мардуми маҳал саривақт корбари намуда дар деҳотҳо ситоди бартарафсозии офати табии ташкил карда шуда барои саривақт бар арафаи намудани офати табии тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Ҳамчунин дар маҳали ҳодисаҳо воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва наҷотдиҳандагон низ фаъолият доранд.

Тибқи маълумотҳо офати табии таи ду рӯз ба амаломада дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ асосан ба роҳҳо зарари бештар оварда дар натиҷа 35 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуричви дошта ва зиёда аз 100 км роҳҳои маҳаллиро сел фаро гирифтааст. Айни замон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандон МНДРА-и ноҳия сафарбар гардида роҳро барои рафтуомад боз намуданд.

Мақомоти иҷроияи давлатӣ ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои саривақт бартараф кардани офати табии ва дастгирии аҳолӣ тадбирҳои саривақтиро ба роҳ монда истодаанд.

Корҳои омӯзишӣ ва бартарафсозии оқибатҳои сел идома дошта, маълумоти иловагӣ вобаста ба ҳаҷми умумии хисорот ва натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда баъдан пешниҳод карда мешавад.

Паёми Кӯҳистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *