БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ (даъвати ҳафтум)-и МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Имрӯз санаи 8 уми июни соли 2026 дар шаҳраки Меҳрон маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Иҷлосияи ҳафтум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир гардид. Дар кори иҷлосия раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Исматзода Бахтиёр, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомони масҷидҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, ва намояндагони касбу кори гуногун ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Бо қабули ҳайти котибот ва тасдиқи рӯзнома кори иҷлосия оғоз ёфт. Зимни иҷлосия масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2022 таҳти рақами 629 «Дар бораи тарбияи маҳалли ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ; ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Падаск» №21 Ҳусейнов Адҳам оиди ваколатҳои вакилиаш дар ҳавза; ва тасдиқи қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳия.
Нахуст аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “ Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2022 таҳти :629 «Дар бораи тарбияи маҳалли ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027″ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҳавзаи интихоботии №9, муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова маърӯза намуд.
Ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, шунида шуда, фаъолияти комиссия қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Дар идомаи кори иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Падаск» №21 Ҳусейнов Адҳам оид ба иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот пешниҳод намуда, фаъолияти худро дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандон шарҳ дод.
Дар фарҷоми иҷлосия қарорҳои Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ , ки тибқи талаботи қонунгузорӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқ шуданд.
Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосия тасдиқ шуда буданд, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои масъул барои иҷрои босифат ва саривақтии онҳо супоришҳо дода шуданд.
Дар анҷоми Иҷлосияи ҳафтум (даъвати ҳафтум) и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исматзода Бахтиёр суханронӣ намуда иброз дошт, ки соли равон дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Бахшида ба ин ҷашни фархунда рафти корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хело назаррас аст. Ин ҳам бошад бунёду азнавсозии иншоотҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбия ва машқу тамрин барои ҷавонон мебошад. Бояд ҷавонон ба қадри ин ҳама дастовардҳои шоён расида барои ободонию созандагии ватану диёри худ бо иродаи қавӣ ва масъулияти баланд кор баранд.
Ҳамчунин Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло суханронӣ намуда, аз масъулину фаъолон даъват ба амал овард, ки дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои амру фармонҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар якҷоягӣ корбарӣ намуда ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам бештар истиқбол намоянд.
» ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


