Ҳисоботи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Хайрулло Бобозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар нимсоли аввали соли 2026
Сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои амалӣ намудани ташабуссҳои созандаи Пешвои миллат пайваста саъю талош намуда, барои раванди босуръати корҳои ободониву созандагӣ, пойдории сулҳу субот, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Сарвари давлат дар Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид, ки бори дигар аз таъриху тамаддун ва созандагии миллати куҳанбунёди тоҷик дарак медиҳад. Иқдоми мазкур дар пойдории сулҳу субот дар саросари дунё ҳамовозӣ пайдо намуд.
Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35- солагии истиқлоли Ватани азизамон дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бомароми тоза идома доранд. Ифтихор ва шарафмандии ҳар як сокини ноҳия мебошад, ки имрӯзҳо таҳти сиёсати хирадмандона, дурбинона, созанда, сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати муқаддасу маҳбубтарин неъмати бебаҳои бадастомада истиқлоли давлатӣ дар Ватани маҳбубамон, сокинони ноҳия бо дарки масъулияти дучанд барои расидан ба натиҷаҳои самарабахш заҳмати содиқона ва софдилона намуда омада истодаанд. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ муқаддастарин ва маҳбубтарин неъматҳои бебаҳои бадастомада дар Ватани маҳбубамон мебошанд, ки сокинони ноҳия бо дарки масъулияти дучанд барои расидан ба натиҷаҳои самарабахш заҳмати содиқона ва софдилона намуда истодаанд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 барои таҳкими пояҳои устувори давлатдории кишвари азизамон таъмини ҳамаҷонибаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи саривақтии Барномаҳои давлатӣ, рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, расидан ба чор ҳадафи Стратегӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия, рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд кардани ҳаҷми маҷмӯи истеҳсоли маҳсулот ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Бо мақсади рушди бомароми иқтисодию иҷтимоии ноҳия, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари самтҳои афзалиятнок ва ҳадафҳои Стратегии Ватани азизамон сокинони ноҳия баҳри ба ҷо овардани ҳадафу мақсадҳои роҳбарияти Олии кишвар дар давраи ҳисоботӣ содиқона заҳмат намуда омаданд. Аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дарки масъулият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созандаи Стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, иҷрои дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, эҳтироми анъанаҳои неки ниёгон, риояи бемайлони санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, қонунҳои миллӣ дар давоми нимсолаи аввали соли равон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар заминаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» сокинони ноҳия саҳми арзишманд гузошта, ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти ҳар як оилаи ноҳия саҳми арзишманд гузоштанд.
Сазовор истиқбол намудани ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳамаи сокинони ноҳия воқеан таърихӣ маҳсуб меёбад, барои боз ҳам ободу зебо гаштани як гӯшаи кишварамон заминаҳои боэътимоду устувор ва пойдорро ба миён гузошта истодааст, ки дар ин ҷода корҳои ободонӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, азнавсозӣ, кабудизоркунӣ, таъмини ҳамаҷонибаи дастуру вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пурра таъмин шуда истодаанд.
Аҳолии ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро, ки зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баён доштанд, барои амалӣ гардидани онҳо дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз ҳамаи сарчашмаҳои мавҷуда самаранок истифода намуданд, ки дар ин ҷода нақшаҳо пурра таъмин карда шуданд.
Маълумот оид ба рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия.
Рафти тадбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ҳалли саривақтии лоиҳаҳо, бо “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикстон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” мутобиқ гардонида шуда, зина ба зина бо сифати баланд ба иҷро расонида шуда истодааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2026-2030 бо қарори раиси ноҳия аз 5 майи соли 2025 №90 таҳия гардида, он дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 26 декабри соли 2025, №65 тасдиқ гардидааст. Барнома аз 139 лоиҳа иборат буда, маблағи он 329 млн 947 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Мавриди зикр аст, ки маблағгузории Барнома аз рӯи буҷетҳо дар давоми панҷ сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ 148 млн 170 ҳазор сомонӣ, буҷети вилояти Суғд 55 млн 700 ҳазор сомомнӣ, буҷети маҳал 16 млн 457 ҳазор сомонӣ, бахши хусусӣ 12 млн 720 ҳазор сомонӣ, шарикони рушд 96 млн 900 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар давраи ҳисоботи аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 16 млн 197 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳада нисбати маблағи умумӣ (329 млн 947 ҳазор сомонӣ) 4,9 фоиз ва нисбати нақшаи соли 2026 (53 млн 376 ҳазор сомонӣ) 30,3 фоиз таъмин карда шудааст. Дар ин давра 1 лоиҳа ба маблағӣ 5 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба сомон расонида шуда, 23 лоиҳа ба маблағи 11 млн 197 ҳазор сомонӣ корҳо идома дошта дар 125 лоиҳа ба маблағӣ 313 млн 750 ҳазор сомонӣ корҳо оғоз нагардидаанд, ки барои амалишавии лоиҳаҳои ба нақша гирифташда корбарӣ дар сатҳи зарурӣ бароҳ монда шудааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2026-2030 баҳри ободию сарсабзии минбаъдаи ноҳия дар давоми панҷ соли оянда заминаи боэътимоду устувор мегузорад.
Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет.
Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 9 млн 675 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 10 млн 181 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин рақам аз нақша 506 ҳазор сомонӣ ё 105,2 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 30 млн 437,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 29 млн 429,1 ҳазор сомонӣ ё 96,6 фоиз таъмин гардид. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1829,9 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 1824,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст. Соҳаи маориф 24425,6 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 23495,8 ҳазор сомонӣ, ё худ 96,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 1890,3 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 1889,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 301,1 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 301,1 ҳазор сомонӣ ё худ 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 1243,9 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 1174,9 ҳазор сомонӣ ё худ 94,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 564,5 ҳазор сомонӣ иҷроиш 563,2 ё 99,7 фоизро дар бар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 181,5 ҳазор сомонӣ иҷроиши он 180,7 ҳазор сомонӣ ё 99,5 фоиз иҷро гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бақияпулии андоз 2 млн 978,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 642 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 2312,4 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 487,1 сомонӣ ё 126,7 фисад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 145,1 ҳазор сомониро ташкил намуда аз он хизматрасонии маишӣ 63,2 ҳазор сомонӣ, маориф 6,5 ҳазор сомонӣ, тиббӣ 19,9 ҳазор сомонӣ, ҳуқуқӣ 33,2 ҳазор сомонӣ, камунали 0,3 сомнӣ бонкӣ 18,9 ҳазор сомонӣ, дигар хизматрасониҳо 3,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо такя аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба амалигардонии ҳадафи 4 уми Стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат чораҳои амалиро андешида омада истодаанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 25 млн 561,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 667,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръат, раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.
Корхонаи саноатии ҶДММ “Қудрат 2010”, дар ин давра 126 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазору 730 тонна зиёд мебошад.
Маълумот оид ба рушди барқ
Дар нимсолаи аввали соли равон дар самти рушди соҳаи энергетика, кам кардани талафоти неруи барқ, таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагон корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми нимсолаи соли 2026 ба ноҳия 4 млн 191,6 ҳазор квт соат қувваи барқ қабул карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 323,6 ҳазор квт соат зиёд мебошад. Дар ин давра 2974,0 ҳазор квт нерӯи барқ истифода шуда, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 317,7 ҳазор квт.с зиёд мебошад. Маблағи ҳисобидашудаи барқ 1397,6 ҳазор сомонӣ, ва ҷамъоварӣ бошад 1029,7 ҳазор сомониро ташкил намуд. Талафоти нерӯи барқ дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия 30,2 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гушта 1,5 фоиз кам мебошад.
Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия ивази 250 адад оиқи ТФ-20, 50 адад оиқи ШФ-20, 62 адад оиқи ШФ-10, 4 автомати 400 ампера, рехтари 150 литр равғанҳои иловагӣ, ивази 2 адад ҷудокунак РЛНД-10 квт, ивази 970 метр ноқили А-50 ба А-70 дар хатти 10 квт Андарвашт ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади пешгирӣ ва истифодаи самаранок, оқилона ва таҷҳизотҳои каммасрафи барқӣ оид ба истифодаи меъёрҳои қувваи барқ, истифодаи ғайриқонунии он якҷо бо сохторҳои марбута дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда омаданд. Ин иқдом пайваста бо муштариёни истифодаи нерӯи барқ дар ноҳия ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар 46 маҳалли аҳолинишин 11 маротиба мулоқоту вохуриҳо баргузор гардиданд.
Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ ва таъмини устувори экологӣ
Дар ноҳия 28687 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин шумора 27826 нафар ё 97,0 фисади аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мебошанд. Таъминоти ҷамоати деҳоти Лангар 100,0 фисад, ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик 91,1 фисадро дар бар мегирад.
Бо дастгирии шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табии дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор дар ноҳия деҳаҳое, ки бо оби нушокӣ ниёз доранд хатҳои нав кашида мешаванд, дар ин раванд корҳои амалӣ рафта истодаанд. Бо дастгирии лоиҳаи мазкур кашидани хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Падаск оғоз гардид. Ин иншоот соли равон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Боиси зикр аст, ки ҷиҳати сарфакорона истифода намудани манбаҳои обӣ ва ворид намудани технологияҳои нав дар истифода намудани об аз ҷониби лоиҳа хонаҳое, ки ба онҳо хати оби нӯшокӣ пайваст мегардад бо ҳисобкунакҳо таъмин карда мешаванд.
Дар ноҳия бо тавсияи муттахасисон ва риояи технология бунёди боғҳои замонавӣ ба роҳ монда шуда истодаанд. Дар ноҳия таҷрибаи хуби оқилонаи истифодаи захираҳои об мавҷуд мебошад. Корҳои омодагӣ оиди соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии зарари офатҳои табии аз рӯи нақшаҳои алоҳида дар сатҳи хуб қарор дода шудааст.
Дар 19 деҳаҳои ҳудуди ноҳия 382 оила дар минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз тарафи хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 33 оила дар минтақаи Сайҳун ва Зафаробод аз деҳаҳои Ҳадишаҳр, Ғузн ва Худгифи Соя бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд. Инчунин бо ин мақсад дар давоми соли 2026 рӯйхати 30 оилаи муҳоҷирони экологие, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ дорад ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод карда шудаанд.
Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, бобати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротӣ, ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Рушди соҳаи кишоварзӣ тараққӣ додани он, истифодаи оқилонаи замин, ворид намудани тухмиҳои аълосифат, ҷиддӣ риоя кардани қоидаҳои кишт барои зиёд намудани ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои амиқ пайваста матраҳ шуда истодаанд.
Дар ноҳия бо дарназардошти тағирёбии иқлим ва хавфи хушксолӣ самаранок истифода бурдани замин ва об, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд кардани ҳосилнокӣ ва таъмин намудани амнияти озуқавори корбарӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳмонда шудааст. Дар ноҳия бинобар сард будани боду ҳаво ва имконпазир будани танҳо як кишт, кишти такрорӣ гузаронида намешавад.
Айни ҳол дар ноҳия гармхона ва сардхонаҳо мавҷуд нест. Иқлими ноҳия барои нигоҳдошти маҳсулотҳои соҳаи кишоварзӣ хело мувофиқ мебошад. Аҳолии ноҳия асосан маҳсулотҳои соҳаи кишоварзиро дар хандақҳо нигоҳ медоранд.
Дар соли ҷорӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати картошка бо дастгирии шарикони рушд 15 тонна, ва дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ ба ноҳия зиёда аз 60 тонна тухмиҳои хушсифат ворид карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 80 млн 239,0 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 147,7 ҳазор сомонӣ ё 112,9 фисад афзудааст.
Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти растанипарварӣ дар ин давра 1287,3 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти чорвопарварӣ бошад дар ин давра 78951,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9147,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Истеҳсоли маҳсулотҳои соҳаи чорводорӣ гушт 814,9 тонна, шир 4711,2 тонна, тухм 321,2 ҳазор дона, пашм 136,8 тонна, асал 10,9 тоннаро ташкил намуд.
Саршумори чорвои калони шохдор 23,1 ҳазор сар, чорвои майда 165,8 ҳазор сар ва парранда дар ин давра 9936 сарро ташкил намуд.
Тибқи маълумотҳои оморӣ дар давоми нимсолаи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 4230,8 га кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Дар ин давра дар майдони 103,1 га ғалладонагиҳо, 3929,2 га картошка, сабзавот 23,7 га ва 173,9 га хуроки чорво кишт гардид.
Дар ноҳия бо мақсади тақвият бахшидани таҷрибаи муосир дар самти беҳтар гардонидани тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ заминаҳои боэътимоду устувор ба роҳ монда шуд. Соли равон дар ноҳия зиёда аз 12 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Барқароркунии боғҳои куҳна 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин давра барои рушди соҳа ва ҳалли мушкилоти кишоварзон аз ҳамаи сарчашмаҳо ва ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои болоӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст.
Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ.
Дар даврони эҳёи ноҳия ва баракати соҳибистиқлолии Ватани азизамон соҳаи сохтмон дар ноҳия куллан рушд намуд. Сохтмон яке аз соҳаҳои бениҳоят муҳими иҷтимоию иқтисодӣ буда, инъикоскунандаи рушди ватани азизамон, сатҳу сифати шоистаи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №229 “Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он 50 адад номгӯи иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 14 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 28 фисади нақшаи пешбинигардидаро дар бар мегирад. Сохтмони иншоотҳои маъмурӣ дар маркази ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дода мешаванд.
Дар вақти бунёди иншоотҳо ба сифати масолеҳҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Бинобар афзоиши аҳолӣ имрӯзҳо дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия биноҳои нав бунёдшаванда бо тарҳи наву замонавӣ ва асосан хонаҳои истиқоматии ду ошёна ва се ошёна бунёд карда шуда истодаанд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин саривақт баррасӣ мегарданд ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси хулосаи комиссия бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳаҷми сармояҳои асосии иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ 15 млн 213,8 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгирӣ 14 млн 534,0 ҳазор сомонӣ, фондҳои асосӣ 4 млн 599,2 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд.
Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодааст.
Сохтмони бинои маъмурии ҶДММ “Манзили Кӯҳистон”дар шаҳраки Меҳрон идома дошта, корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаи якум, дуюм пурра ба анҷом расонида шудаанд. Корҳои пардоздиҳии бино рафта истодаанд. Сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пастиғав барои 336 ҷои нишаст дар як баст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсӣ, ошёнаи якум ва дуюми он пурра ба охир расонида шуда, кор дар ошёнаи сеюм бомаром идома дорад. Иншооти мазкур то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон сохтмони маркази шуғли аҳолии ноҳия, маркази таълими калонсолон, бо маблағгузории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои сохтмонии он оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсии бино ошёнаи якум ва дуюми он ба анҷом расиданд. Кор дар ошёнаи сеюми бино бо маром идома дорад. Сохтмони бинои маъмурии раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол корҳои таҳкурсӣ, ошёнаи якум ва дуюм ва сеюми пурра ба охир расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар болопуши бино идома доранд. Бинои маъмурии кумитаи идораи замини ноҳия бо маблағгузории Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии таҳхона, ошёнаи якум пурра ба охир расонида шуда, кор дар ошёнаи сеюм идома дорад.
Ҳавз барои захира намудани об дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо ғунҷоиши 500 м3 ғунҷоиши об барои таъмини сокинони маркази ноҳия дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Сохтмони меҳмонхона барои сайёҳон аз тарафи соҳибкор Авезов Маҳмадшариф сокини деҳаи Сабағ корҳои сохтмонии он оғоз гардида айни ҳол корҳои таҳкурсӣ, ошёнаи якуми он ба итмом расонида шуда, кор дар ошёнаи дуюм бо маром идома дорад.
Сохмони кӯдакистон дар деҳаи Оббурдон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон айни ҳол корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаи якум ва дуюм ба охир расонида шуда, корҳои пардозди идома доранд.
Корҳои сохтмонии бинои маъмурии прокуратураи ноҳия аз тарафи мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пурра бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда, ҳамаи таҷҳизотҳои зарурии замонавии корӣ ҷиҳозонида шуд. Бояд иброз намуд, ки дар ноҳия бори аввал бинои маъмурии прократура бо болопуши панелҳои офтобӣ насб гардида, барои фаъолияти босамар заминаҳои устуворро ба миён гузошт.
Сохтмони кӯдакистон дар деҳаи Роғ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми аҳолӣ оғоз гардида, кор дар таҳкурсии бино идома дорад. Бинои хизматрасонии маишӣ аз тарафи соҳибкор Юнусов Меҳроҷ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон оғоз гардида, таҳкурсии бино пурра сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.
Сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон, ки мушкилоти ҳамешагии сокинони 11 деҳаи ноҳия ба ҳисоб мерафт аз мавзеи деҳаи Ҳадишаҳр оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар банду басти дастакҳои он пурра ба охир расонида шуда, кор дар ин самт идома дорад. Сохтмони хонаи истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон барои кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматчиёни давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсии иншоот бо маром идома доранд.
Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи кишоварзӣ дар маркази ноҳия шаҳраки Меҳрон бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, корҳои таҳхона, ошёнаи якуми бино пурра ба охир расонида шуда, кор дар ошёнаи дуюми он идома дорад. Сохтмони муассисаи таълимии №31 деҳаи Сабағ бо дастгирии шарикони рушд оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии бино, ошёнаи якум пурра ба сомон расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми он идома доранд.
Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт.
Дар ноҳия бинобар вазнин будани шароити роҳҳои автомобилгард, нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият намекунад.
Ҳаҷми боркашонӣ дар ноҳия 82,3 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,0 фоиз мебошад.
Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 300 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. Инчунин 149 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд.
Дар давоми нимсолаи соли равон бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба масофаи 20 км ба маблағи 37,6 ҳазор сомонӣ роҳҳои ноҳия тахту ҳамвор карда шуданд.
Бо дастгирии аҳолӣ соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба масофаи 16 км роҳҳои ноҳия ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ тахту ҳамвор карда шуданд. Бо дастгирии ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия дар давраи ҳисоботи ҳамаги 36 км ба маблағи 67,6 ҳазор сомонӣ роҳҳо тахту ҳамвор карда шуданд.
Рафту омади нақлиёт дар ҳудуди ноҳия дар тамоми сол бе маҳдуд таъмин карда шуда истодааст.
Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи маҳал.
Рушди бахши хусусӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ бо татбиқи барномаҳои давлатӣ чун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян шудааст. Ноҳия дорои захираҳои бойи табии буда барои коркард ва истеҳсоли онҳо ҷалби бештари сармоя зарур мебошад ва оиди масъалаи мазкур бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 аз ҳисоби бахши ноҳиявии бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳия ба 39 нафар соҳибкорон маблағ ҷудо гардид, ки аз ин шумора 2 нафарашонро занон ва 13 нафарро ҷавонон, қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст. Маблағи умумии қарзӣ 665,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 541,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Раванди тамоюли маблағгузории соҳибкорон барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Дастрасии аҳолии ноҳия айни замон ба хизматрасонии пулакӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст.
Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ва саривақтӣ ҷиҳати саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ аз ҷумла шаҳрвандони аз 18 — сола боло, ки касбу ҳунар надоранд дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи нақшаҳои таҳияшуда дар 51 маҳалли аҳолинишин корҳои амалӣ бурда шуда, барои соҳибкасб шудани аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ноҳия 252 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора 60 нафар занони хонашин ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 56 нафар ба ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ дар самтҳои сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба кор таъмин гардиданд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли равон 8 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 188 басти вазифаҳои холӣ гузаронида шуд, 22 нафар бо ҷои кор таъмин карда шуданд. Барои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз қабили ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, таъсиси корҳои мавсимӣ, корхонаҳои хурд ва коргоҳҳо, инчунин бунёди иншоотҳои нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Шумораи бекорон тибқи маълумотномаи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли равон 102 нафарро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 нафар кам мебошад.
Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, занбурпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ 484 нафар қарор дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 нафар кам мебошад. Сокинони ноҳия асосан ба кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва қисман ба давлатҳои хориҷи дур ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Баҳри ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ба ноҳияҳои Зафарободи вилояти Суғд, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтани шаҳрвандон тибқи талаботи қонунгузорӣ фаъолият зери назорат қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ноҳия 30 нафар оилаҳое, ки дар минтақаҳои хавфнок ва осебпазир мебошанд барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод карда шудаанд. Дар давоми соли равон 55 оилаи ноҳия барои ба муҳоҷирати дохилӣ ихтиёрӣ ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд пешниҳод карда шудаанд.
Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)
Маориф омили асосии рушди давлату миллат ба шумор рафта, барои босавод намудани насли ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта меояд. Маҳз бо ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас, ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ тадбирҳои ҳамешагӣ андешида, масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси ноҳия тадбирҳои иловагиро андешида омада истодаанд.
Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 3 адад муассисаҳои таълимӣ бо маром идома дорад.
Дар ноҳия 2 кӯдакистон бо фарогирии 80 ҷойи нишаст фаъолият менамоянд. Дар ноҳия 44 адад марказҳои инкишофи кӯдак ва гуруҳҳои бозӣ бо ҷалби 824 нафар тарбиятгиранда ба фаъолият доранд. Дар давоми соли равон 10 гуруҳи бозӣ дар доираи “Лоиҳаи барномаи рушди сармояи инсонӣ ” дар ноҳия таъсис дода шуда, бо ҳамаи таҷҳизотҳои заурӣ аз тарафи лоиҳаи мазкур дастгирӣ карда шуд, ки айни ҳол фаъолият намуда истодаанд.
Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ то соли 2030 дар ноҳия бунёди 11 адад муассисаҳои томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои бунёди онҳо корбарӣ рафта истодааст.
Дар муассисаҳои таълимӣ 634 нафар омӯзгорон, 514 нафар бо маълумоти олӣ, 120 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ кору фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 124 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Айни замон дар ноҳия шумораи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ англисӣ ва русӣ 114 нафар мебошанд. Баҳри дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки зиёда аз 100 оила истиқомат мекунанд барои бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак нақшаи чорабиниҳои иловагӣ ба тавсиб расонида шуда, иҷрои он зери назорат қарор дорад. Ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо китобҳои дарсӣ ва маводҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 15 адад кабинетҳои фаннӣ таъмин карда шуданд. Таълимгоҳҳои №№ 2,4,6,7, 10,11,12,25,30,32,36 бо кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Озмуни “Фуруғи субҳи донои китоб аст” дар давоми моҳи апрел-майи соли равон гузаронида шуда, дар ин озмун 823 нафар дар даври мактабӣ иштирок намуданд. Дар даври ноҳиявӣ 184 нафар хонандагон иштирок намуда, 37 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Даври вилоятии озмун дар моҳи сентябри соли равон дар маркази вилоят баргузор мегардад, ки хонандагон дар озмуни мазкур ширкат меварзанд.
Озмуни “Илм фуруғи маърифат” дар давоми моҳи апрел-майи соли равон гузаронида шуда, дар ин озмун 513 нафар дар даври мактабӣ иштирок намуданд. Дар даври ноҳиявӣ 91 нафар хонандагон иштирок намуда, 31 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Давраи баргузории озмуни вилоятӣ дар давоми моҳи сентябри соли равон дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ки иштироки хонандагон дар озмуни мазкур таъмин карда мешавад.
Озмуни “Шоҳномахонӣ” дар давоми моҳи апрел-майи соли равон гузаронида шуда, дар ин озмун 403 нафар даври мактабӣ иштирок намуданд. Дар даври ноҳиявӣ 96 нафар хонандагон иштирок намуда, 24 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 406 адад компютер, 82 адад принтер, 15 адад проектор, 15 адад тахтаҳои электронӣ таъмин мебошад. Бояд қайд намуд, ки заминаи устувори технологияҳои навин дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст.
Маълумот дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри таъмин намудани солимии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои мушаххасро дар давраи ҳисоботӣ андешида омад. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ мунтазам зиёд гардида, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон, кадрҳои соҳавӣ сол аз сол хуб гардида истодааст.
Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказии ноҳия, 1 маркази саломатӣ, 7 маркази саломатии деҳот ва 14 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия ҷиҳати пешгирӣ намудани фавти модару кудак дар давоми пешниҳоди ҳисобот чораҳои дахлдор аз рӯи нақшаҳои алоҳида андешида шуда омад. Дар ин давра барои пешгирӣ намудани таваллуди хонагӣ дар байни аҳолӣ мунтазам машваратҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати хатарҳои ҳомиладорӣ ва танзими оила гузаронида шуд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон таваллуд дар ноҳия 283 нафарро ташкил додааст, ки аз он 268 нафар 94,6% дар беморхонаҳои ноҳия, 15 нафар 5,4% дар хона ташкил намуд.
Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 30 кати муолиҷавӣ, 30 кати бачагона, 30 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ мавҷуд мебошанд. Гарчанде дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо бештар ба назар мерасанд, аммо то ба ҳол норасогии муттахассисон дар соҳа мушоҳида мегардад. Айни ҳол дар ноҳия 18 нафар норасогии кормандони тиб ба назар мерасад, ки ин мушкилот сол то сол аз ҷониби донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии кишварро хатм намуда истодаанд, таъмин гардида истодааст.
Маълумот оид ба теъдод ва вазъи пардохти нафақаҳо
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри вазъи пардохти нафақаҳо дар давоми пешниҳоди ҳисобот тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда омад. Айни замон дар ноҳия шумораи умумии нафақахурон 2333 нафарро ташкил намуда, азнавбақайдгирии нафақахурон пурра дар давоми сол дар вақти муайянгардида ба охир расонида шуд.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ нафақаи нафақахурон дар ноҳия пурра пардохт карда шудааст. Дар ин самт корбарӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, назорат мунтазам роҳандозӣ гардида истодааст.
Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ.
Иқлими ноҳия барои қабул ва рушди соҳаи сайёҳи мувофиқ буда, манзараҳои зебои он барои ҷалби сайёҳон хеле муфид мебошад. Барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати қабул ва ҷалби сайёҳон дар ноҳия корбарӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ноҳия барои қабули сайёҳон 6 адад хомстейҳо аз ҳисоби хонаҳои шахсӣ аз тарафи аҳолӣ ташкил карда шуда, ҳамаи шароитҳои зарурӣ дар доираи имконият ташкил карда шудааст.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №АП 507, амри раиси ноҳия аз 20 феврали соли 2024, №34 таҳия гардида, дар асоси он ҳайати гурӯҳи корӣ иборат аз 23 нафар ба тавсиб расонида шудааст. Гуруҳи корӣ фаъолиятро дар самти корҳои ободониву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, ташкили растаҳо ва гушаҳои ҳунармандӣ ҷамоатҳои деҳоти ноҳия инчунин тавассути роҳандозӣ намудани аксияҳои хона ба хона вазъи корҳои созандагӣ, тозаву озодагии шаҳраку деҳот, кучаву маҳалла, манзилҳои истиқоматӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, нигоҳдории маҳсулот ва шароити зисти шаҳрвандон ба роҳ мондааст.
Дар давоми нимсолаи соли равон ба ноҳия 170 нафар сайёҳон ворид гардидаанд, ки аз он 65 нафар экологӣ, 36 нафар таърихию фарҳангӣ ва 69 нафар ба дигар намудҳо мансуб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 16 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда шумораи сайёҳон 4 нафар зиёд гардидааст.
Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг
Баҳри татбиқи сиёсати фарҳанги Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар самти рушди соҳаи фарҳанг корҳои назаррас бо маром идома доранд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар ноҳия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад сохтмони иншоотҳои фарҳанг ба нақша гирифта шуда, оиди иҷроиши он бо соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин барои ҳифз ва таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, ки 48 ададро ташкил медиҳанд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия ҳамчун як таҷассумгари таъриху маданият ва фарҳанги милии мардуми ноҳия пайваста аз тарафи сайёҳону ҷаҳонгардони дохиливу берунӣ мавриди тамошо қарор дода мешаванд. Бахусус таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу берунӣ, ки ба ноҳия ташриф меоранд ба ёдгории таърихию фарҳангии деҳаи Падаск, ки ба феҳристи фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидааст равона гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 62 чорабиниҳо баргузор карда шудаанд.
Дар ноҳия айни замон 5 муассисаи фарҳангии садамавӣ ва 4 муассисаҳои фарҳангии таъмирталаб мавҷуд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъмиру барқарор кардани муассисаҳои фарҳангӣ корбарӣ рафта истодааст.
Дар соҳаи фарҳанги ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он дар деҳаҳои ноҳия, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 248 адад китоб ба маблағи 11479 сомонӣ аз китобхонаи вилоятӣ ба номи Тошхуҷа Асирӣ ворид карда шудааст.
Дар ноҳия айни ҳол мактабҳои мусиқии бачагона амал намекунанд.
Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ.
Бонувон 48,8 фисади аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Аз инҳо 5 нафар дар хизмати давлатӣ, 124 нафар дар соҳаи маориф, 70 нафар дар сохтори тандурустии ноҳия, 7 нафар мудирони китобхонаҳо мебошанд. Инчунин 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 5 нафар вакилони ҷамоатҳо мебошанд ва 22 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Ҳамасола барои дастгирии занону бонувони ҳунарманд Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд ҷудо карда мешаванд, ки ин раванд баҳри таъмин гардидани занону духтарони бекор бо ҷойи кор мусоидат менамояд. Бо мақсади пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос, оинҳои барои миллати тоҷик бегона, таҳкими ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пешрафти кишвари ба ҷон баробарамон ва ободии сарзамин нақши бонувони ноҳия хело хуб буда, дар ин раванд 51 маротиба вохуриҳои судманд доир карда шудаанд. Раванди амалигардонии тадбирҳои самарабахш дар самти пешгирии ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ ва хушунату зӯроварӣ дар муносибатҳои оилавӣ, инчунин тарғибу ташвиқи либоси миллӣ дар байни занону бонувон мунтазам ба роҳ монда шуда истодааст.
Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 7873 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3878 нафар духтарон мебошанд.
Вохӯрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 55 маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 8250 нафар мебошанд. Инчунин чорабиниҳои «Фарҳанги ватандӯстӣ» 15 маротиба бо фарогирии 820 нафар ҷавонон гузаронида шудааст. Бахшида ба рӯзи Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки 5 дастаи футбол байни деҳаҳо мусобиқа баргузор карда шуд.
Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 327 нафар ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ҳар рӯзӣ шанбе дар ноҳия бо мақсади оммавигардонии варзиш чорабиниҳои варзишӣ баргузор карда мешавад.
Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ.
Аҳолии ноҳия асосан аз хизматрасонии ширкати Тисел истифода менамоянд ва хизматрасонии ин ширкат васеъ ба роҳ монда шудааст. Мавҷи шабакаи интернет айни ҳол дар ноҳия ба талабот ҷавобгӯй нест. Гар чанде ҳамаи таҷҳизотҳои ширкати Тиссел пурра навсозӣ карда шуда бошанд ҳам, вале мутаассифона сифати хизматрасонӣ ҳоло ҳам хело паст мебошад.
Мушкилоти соҳа фаъолият надоштани дигар ширкатҳои мобилӣ, дастрасӣ надоштан ба интернети баландсуръат, кам будани марказҳои хизматрасонии коммуникатсионӣ дар ҳудуди ноҳия мебошад.
Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 23 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 80,0 фисадро дар бар мегирад.
Инчунин вобаста ба баланд бардоштани руҳияи ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, илмомӯзӣ, худшиносии миллӣ пайваста дар рузномаи ноҳиявии “Паёми Кӯҳистон” мақолаҳои рӯзмарра мунтазам ба нашр расонида мешаванд, ки ин омил дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони ҷиддӣ медиҳад.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 265 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 245 адад муроҷиати хаттӣ ва 20 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад (нисбати соли гузашта 4 адад кам), 31 адад оиди қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 48 адад оиди таъмин гардидан бо шаҳодатнома, 2 адад оид ба сохтмон, 28 адад оиди ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 22 адад оиди расонидани кумаки моддӣ, 5 адад оид ба навбат гузоштан ба сафари Ҳаҷ, 122 адад оиди дигар масъалаҳо мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 105 адад қонеъгардида, 2 адад муроҷиат радкардашуда, 135 адад фаҳмонидашуда ва 23 адад дар баррасӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки 2 адад муроҷиати радгардида барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, ҳангоми баррасӣ бинобар эҳтиёҷманд набудан рад карда шуд. Шумораи умуии муроҷиатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 адад зиёд гардидааст, ки дар ин самт назорат тибқи талабот ба роҳ монда шудааст.
Маълумот оид ба таъмини расмиёти ҳуқуқии санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар давраи пешниҳоди ҳисобот ба ноҳия 13 адад санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла 8 амар, 5 фармон ворид гардида, дар заминаи онҳо қарорҳои раиси ноҳия сари вақт интишор гардида, иҷрои бечунучарои онҳо таъмин шуда истодааст. Инчунин ба ноҳия 43 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад санадҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид гардида, иҷроиши онҳо зина ба зина таъмин шуда истодааст.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими
ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия 87 ҷашну маросимҳо доир гардиданд, ки аз инҳо 87 адад туйи домодиву арӯсӣ гузаронида шудааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 435,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳар як маросим дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоби миёна 5000,0 сомонӣ рост омадааст. Барои баргузории тую маърака ва маросимҳо асосан дар ноҳия аҳолӣ аз ҳисоби забҳи чорвои хурд ва харидории гӯшт истифода менамоянд. Ин иқдом боиси дастгирӣ буда, харҷи маблағҳо барои харидории гӯшт ҳамасола кам гардида истодааст.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда омад. Дар ноҳия се комиссияи доимӣ ва 15 комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим ” фаъолияти пурсамар дошта, дар ин давра 4 мизи мудаввар, 34 адад рейдҳо, 108 мулоқоту вохӯриҳо, 7 санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва 5 фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шуд. Боиси қайд аст, ки аҳолии ноҳия барои рафти иҷрои Қонуни мазкур чораҳои судмандро амалӣ намуда омада истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Якҷо бо сохторҳои марбутаи ноҳия аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 151 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин вохӯриҳо баргузор карда шуданд.
Дар соли равон тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, вохӯрӣ бо аҳолӣ ва ходимони дин оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар 51 кумитаҳои маҳалла ва 43 муассисаҳои динии ноҳия бо иштироки муштараки сохторҳои дахлдор марҳилаи якуми он дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда ба охир расонида шуд. Инчунин доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ноҳия пайваста ба роҳ монда шуда истодаанд.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”
Бо мақсади рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”дар давоми нимсолаи аввали соли равон корҳои амалӣ ба иҷро расонида шудаанд. Иҷрои бемайлони бобҳои 1,2,3,4 қатъӣ риоя карда шуда истодаанд. Фаъолияти 38 комиссияҳои ҷамъиятӣ тибқи талабот ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷода дар комиссияҳои ҷамъиятӣ 26 адад муроҷиат ба қайд гирифта шуда, масъалаҳои пешниҳодшуда саривақт мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд. Дар ин давра 16 маротиба аз тарафи комиссияҳо қарорҳо қабул карда шуда, қонунвайронкунӣ айни замон ба қайд гирифта нашудааст. Бо ин мақсад дар давоми нимсолаи соли равон дар ноҳия 41 маротиба чорабиниҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ гузаронида шудаанд.
Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 28 феврали соли 2022, № 53 ба тасвиб расонида шуда, тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ 117 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 101,7 фисадро ташкил медиҳад. Инчунин баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни умумимиллӣ ва муқаддасамон нақша чорабиниҳои иловагӣ иборат аз 7 банд тартиб дода шуда, фаъолият дар ин самт хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2026 ҷиҳати вусъат додани корҳои обониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”
Бо мақсади рафти татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ” дар нимсолаи аввали соли равон фаъолият бо низом ба роҳ монда шуда омада истодааст. Дар ноҳия ду ҷамоати деҳот, Лангар ва Иван-Тоҷик фаъолият доранд, ки баҳри дастгирии онҳо барои пурзӯр намудани фаъолияташон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷамоатҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик 10400 сомонӣ ва ба ҷамоати деҳоти Лангар 9650 сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд. Дастгирии минбаъдаи ҷамоатҳои деҳот зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор дорад. Кормандони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо таъсиси комиссияҳои муштарак аз ҳисоби фаъолон, зиёиён, шахсони баруманд, вакилони Маҷлисҳои ҷамоатҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро рӯз аз рӯз зиёд намуда истодаанд.
Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати кории хизматчиёни давлатӣ дар ин давра 6 нафар хизматчии давлатӣ аз курси такмили ихтисос дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ин давра 2 маротиба семинар-машварати дастурдиҳӣ ва иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар байни кормандон гузаронида шуда, дар ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохторӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия санҷиши рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷроиши талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар давоми моҳи марти соли равон гузаронида шуд. Инчунин парвандаҳои хизматчиёни давлатӣ аз нав санҷида шуда, камбудиҳои онҳо бартараф карда шуд.
Шумораи умумии воҳидҳои кории хизмати давлатӣ дар ноҳия 59 адад буда айни ҳол 54 нафар хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохторӣ кору фаъолият доранд, ки аз он 5 нафар занон буда 23 нафар ҷавонон мебошанд. Шумораи ҷойҳои кории холӣ (вакансия) 6 адад мебошад. Ҳамзамон аз ҳисоби занон 2 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва аз ҳисоби ҷавонон 8 нафар фаъолият намуда истодаанд, ки дар ин самт фаъолият зери таваҷҷӯҳ қарор дода шудааст. Дар ду ҷамоати деҳоти ноҳия 20 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият дошта, айни замон 2 адад ҷойҳои кории холӣ мавҷуд мебошад. Барои баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия нақша чорабиниҳои мукаммал ба тавсиб расонида шуда, амалишавии он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия 6 нафар оиди таъмин гардидан бо ҷойи корӣ муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо аз тарафи масъулин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд. Барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда, ҳар ҳафта ду маротиба хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.
Аҳолии ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори бузурги тамаддуни башарият, дар замони нави эҳёи миллати тамаддунсоз ва фарҳангсолор бобати расидан ба ҳадафҳои созандаи кишвари муқаддасу азизамон дар асоси супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои маҳбуби миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон санаи 16 декабри соли 2026 ироа гардид, бо ҳисси баланди миллию ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ барои бозҳам баланд бардоштани вусъати амалҳои бунёдкорӣ, таҳким ёфтани нуфузу эътибори кишвари ободу осудаамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо шукргузорӣ аз ин ватани ободу орому осуда, тараққикарда, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Олии кишвар барои бо натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидан ва таъмини зиндагии осоишта фаъолиятро соли равон дар сатҳи хуб ба роҳ монда меоянд.

