ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ!

Санаи  8-уми июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи шахсони маъюбиятдошта таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон”, бо ташаббуси Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии идона баргузор гардид.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои баргузории чорабинии мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шуда, шахсони саховатпеша бо дастгирии моддиву маънавии худ дар шод намудани шахсони маъюбиятдошта саҳми арзанда гузоштанд.

Чорабинӣ бо сухани табрикии муовини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Гулҷаҳон Вазирова оғоз гардида, номбурда иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи шахсони маъюбиятдошта табрик намуда, аз таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба шахсони маъюбиятдошта ёдовар шуд.

Сипас раиси Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Дилшодзода Файзуллои Сулаймон (Меҳровари Масчоҳӣ) оид ба фаъолияти филиал, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта ва аҳаммияти ҳамгироии онҳо ба ҷомеа суханронӣ намуд. Баъдан миёни иштирокчиён суҳбати озод баргузор гардид.

Дар идома барои иштирокчиён дастархони идона ороста шуда, барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид. Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён кумаки моддӣ аз қабили маводи хӯрока тақдим карда шуд.

Инчунин, шахсоне, ки дар ташкил ва баргузории чорабинӣ саҳм гузоштанд, бо Сипосномаи филиал қадрдонӣ карда шуданд.

Роҳбарияти Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, бахусус Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, инчунин, ба ҳамаи шахсони саховатпеша, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони хайрхоҳе, ки дар баргузории ин чорабинии хайр саҳм гузоштанд, изҳори сипоси самимӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *