САНҶИШИ ҲОЛАТИ ОМОДАБОШИИ ҲАЙАТИ ЗАХИРАҲОИ САФАРБАРӢ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Дар доираи нақшачорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани иқтидори мудофиавии мамлакат, санаи 1-уми июли соли 2026 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ машқҳои мудофиаи ҳудудӣ ва санҷиши ҳолати омодабошии ҳайати захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон баргузор гардида таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо сафарбаркунии шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва ҳайати захиравибуда ҷамъ оварда шуданд. Муовини вазири мудофиа, генерал-майор Раҳимзода Музаффар ва раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода баъди боздид аз сафороии даъватшудагон, дар назди ҳозирин муовини вазири мудофиа, генерал-майор Раҳимзода Музаффар зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама санҷиши омодабошии ҷангӣ, сафарбарӣ ва мудофиаи ҳудудӣ, ҳамзамон сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагон, ҳамоҳангии сохторҳои низомии ноҳия дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, санҷиши дурусти амалиётӣ-тактикӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии руҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмони мебошад. Ҳамчунин дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баргузории чунин машқҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии сафарбарӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва такмили ҳамоҳангии сохторҳои масъул аҳамияти муҳим дорад.

Сипас раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода

дар назди ҳозирин сухан гуфта, нахуст аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» кули ҳозиринро табрик намуда таваҷҷӯҳи онҳоро ба вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон, зарурати боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, осоишу амнияти аҳолӣ, пешгирии амалҳои душманонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ, ичунин боз ҳам боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ ҷалб намуда таъкид дошт, ки ободиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дошта, ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз мегардад, ки мардуми сарбаланди ноҳия барбори дигар шаҳрвандони кишвар мисли имрӯз ва ҳамеша барои ҳифзи марзи Ватан омодаанд ва ҳар як порчаи хоки ватани азизамонро муқаддас медонанд ва дар партави сиёсати сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша омода мебошанд. Дар фарҷоми суханронӣ Раиси ноҳия иброз дошт, ки кулли сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи дурусти онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, барои ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбуб шабонарӯзӣ омодаанд ба Ватани хеш ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша содиқ мемонад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор шаҳрвандони фаъол ва волидайни сарбозон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сипосномаҳо тақдим гардида, ба иштирокчиён барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ баён карда шуд.Ҳамзамон барои омодагии сатҳи баланд, нишон додани масъулияти фарзандӣ дар назди Модар-Ватан, арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва рушду инкишофи ҳамаҷонибаи он, ба ҳар як иштирокчӣ сипосу миннатдорӣ баён карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *