ВАҲДАТ САМАРАИ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ АСТ!
Санаи санаи 26-уми июни соли 2026 дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, омӯзгорон, донишҷӯён, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда бо шиорҳои Ваҳдат бақои миллат, Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат, истиқлолият ва ватандӯстӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, ифтихори худро аз сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ изҳор намуданд Роҳпаймои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳо, омили асосии суботи ҷомеа ва кафили пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад


