ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Санаи  26 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони мастчоҳ ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони касбу кори гуногун, ва фаъолону собиқадорони соҳаҳо иштирок намуданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои идона ва ватандӯстиро фаро гирифт. Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зимни суханронии худ ҳамаи иштирокчиён ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ зери сиёсати сулҳпарваррнаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди Ватан, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ талош менамоянд. Таъкид гардид, ки бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз таъмини сулҳу оштии миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва суботи сиёсӣ мебошад, ки бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст. Раиси ноҳия ҳамчунин бо ёдовари аз рузшои мудҳише, ки ба сари миллати тоҷик омада буд таъкид намуд, ки қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» далели нуфузу эътибори рӯзафзуни Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад. Бояд имрӯз ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст Ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти кишварро муқаддас дониста бештар кушишу заҳмат намояд. Ҳамчунин дар идома гуфта шуд, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ дар соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» таҷлил гардида, моро вазифадор менамояд, ки тамоми имконияту нерӯ ва саъю талоши худро ба он равона созем, ки ин ҷашни ҳумоюн ва муқаддасу бузурги милламонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои арзанда истиқбол гирем. Зеро маҳз аз баракати сулҳу оромӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои пешрафти босуботи кишвар дар доираи чор ҳадафи стратегии миллӣ амалӣ гардида, Тоҷикистони маҳбубамон бо муттаҳидӣ ва саъю талоши ватандӯстонаи халқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфуз пайдо намудааст. Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллиро қироат намуда, нақши таърихии Ваҳдати миллӣ ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати ҷомеа ва рушди устувори кишвар махсус таъкид намуд. Ҳамчунин дар ҳамоиши идона чанде аз ҷавонони фаъол ва кормандони касбу кори гуногун барои хизмати содиқона дар пешрафти ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд  Бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ, ки аз сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои миллӣ иборат буд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *