НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди ноҳия
Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддасу таърихӣ, неъмати бебаҳо ва падидаи қисматсозу ифтихорофарин маҳсуб ёфта, маҳсули азму талош иродатмандии қавӣ ва суннати азалии сулҳофарии халқи куҳанбунёди мо мебошад, ки аз баракати ин дастоварди беназир мардум аз хавфи парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоламон аз таҳдиди воқеии аз байн рафтан наҷот ёфт. Ваҳдати миллиро ба Шумо сокинони шарафмади ноҳия самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сулҳу оромии пойдор, толеи наку ва осоиши рӯзгор таманно дорам. Таъмини сулҳу субот ва пойдории тинҷиву оромии тоҷикистони азизи мо натиҷаи ҷонфидоию заҳматҳои бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба андешаи Пешвои муаззами миллат «Ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷӯёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст». Воқеан, дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Давлат дар ҳоли парокандагӣ ва миллат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти таърихӣ ва парчамбардори рисолати бузурги ватансозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми роҳбариро ба душ гирифта, ба низоми давлатдории муосир асос гузоштанд. Ба ҳар як ташаббусе, ки иқдом гирифтанд дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шуданд. Ҳадафҳои Олии ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карда, мардуми кишварро ба шоҳроҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намуданд. Баргардонидани гуразаҳои иҷборӣ ба Ватан, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили артиши муқтадири миллӣ, мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, қабули ҳадафҳои Стратегӣ ва қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки аз рӯзҳои аввали имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар марҳилаҳои гуногун амалӣ гардиданд, ки дар саргаҳи ташаббус ва таъмину иҷрои он Пешвои ваҳдатофари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ доранд. Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва таъмини фазои мусоиди суботи сиёсӣ ба марҳилаи пешрафту созандагӣ ва бунёдкории кишвар ҳамқадам буда, ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия бамаротиб беҳтар гардида истодаанд. Ҳамзамон, дар заминаи таъмини ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои гуногуни муосир вусъати баланд дошта, ба сокинони ноҳия ҷойҳои нави корӣ таъмин мешвад. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 115 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 116 адад мавриди истифода қарор дода шудааст, ки самараи пойдории ваҳдату сарҷамъӣ ва тинҷиву оромӣ дар кишвар аст. Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар шароити ниҳояд печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир зарур аст, ки ҳар як фарди ватандӯст дар тарщибу ташвиқи щояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат худро масъул донад. Таҳаввулот ва рушди босуръати ҷаҳони муосир аз ҳар яки мо тақозо мекунад, ки дар мазраи эътимоду боварӣ ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолият, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон аҳлона заҳмат кашем ва бо шукронаи фазои тинҷу осудаи мамлакат дар саҳифаҳои таърих ба наслҳои ояндаи кишвар сабт намоем, ки Пешвои ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушангари таъриху тамаддуни гузаштагон ва меъмори сулҳу ваҳдати Тоҷикистон аст. Дар охир бори дигар таҷлили 29 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ба кулли сокинони ноҳия самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми ноҳия рӯзгори орому осуда, бахту иқболи баланд ва ба Тоҷикистони маҳбубамон ваҳдату оромии ҷовидона орзу менамоям. Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

