СИЛСИЛА-ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Санаи 18 феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо сокинони деҳаи Мадрушкатӣ ҷамоати деҳоти Лангар вохӯри анҷом дод.
Вохӯри бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, сурат гирифт.
Ҳангоми суханрони Раиси ноҳия Паём- ро дурнамо ва рушди раҳнамои асоси фаъолияти арзёбӣ карда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида, ҳарф зад.
Дар идомаи суханронии таъкид кард, ки имсол барои миллати точик соли таърихии фаромӯш-нашаванда мебошад. Зеро, дар имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35 умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Ҷиҳати созовор истиқбол намудани ин ҷашнвора Пешвои миллат дар Паёмашон дастуру супоришҳо додаанд, ки бояд ба ифтихори ин санаи таърихи корҳои ободонию созандаги дар саросари мамлакат густариш дода шавад. Ҳар як фарди тоҷик аз хонаву дари худ сар карда, ба корҳои ободонию созандагӣ амалан иқдом намояд. Деҳаи Мадрушкат аз зумраи деҳаҳои калони ҷамоати Лангар ба ҳисоб меравад. Ба истиқболи 35 солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин деҳа сохтмони муассисаи томактабӣ ва майдони варзишӣ барои футбол ба нақша гирифта шудааст. Аз соҳибкорон шахсони саховатпеша ва сокинони деҳа даъват ба амал овард, ки дар сохтани ин иншоотҳои ҷашнӣ ва муҳим дар деҳа дар канори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муттаҳид шуда дар ободонии ноҳия саҳми худро гузоранд


