ҲОСИЛИ ФАРОВОН МУСОИДАТ БАРОИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ

Санаи  санаи 21- уми феврали соли 2026 дар майдони театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ниҳол, кӯчату тухми гули зироатҳо баргузор гардид. Дар ярмаркаи мазкур кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин намоиш бо пешниҳоди картошкаи аълосифат сазовори ҷои намоён гаштанд. Ёдовар мешавем,ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар самти истеҳсол ва парвариши картошка дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилоят мавқеи намоён дошта кишоварзони ноҳия ҳамасола барои ривоҷ додани ин намуди маҳсулот пайваста заҳмат кашида истодаанд. Маҳз таваҷҷӯҳ ва роҳнамоиҳои раиси ноҳия Хайрулло Бобозода пайваста ба ин самт ба роҳ монда шудааст.Ва ин боиси он гаштааст, ки таи солҳои охир деҳқони ноҳия ҳамасола бо ворид намудани тухмии аълосифат майдони кишт ва истеҳсоли картошкаро зиёд карда дар таъмини фаровонии бозорҳои пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон ва вилояти Суғд саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *