АЗ ТАЪСИС ТО ТАВОНОӢ: Ба истиқболи ҷашни 33-юмин солгардӣ Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Артиши миллӣ — сипари боэътимоди давлатдории тоҷикон
Бо гузашти беш аз се даҳсола аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як ниҳоди муназзаму пуриқтидор табдил ёфтааст. Роҳи тайнамудаи он аз солҳои душвори аввали истиқлол то марҳалаи таҳкими қобилияти мудофиавӣ саҳифаи муҳимми таърихи навини давлатдории тоҷиконро ташкил медиҳад.
Дар оғози роҳи пурмасъулият
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 зарурати таъсиси неруҳои мусаллаҳи миллӣ ба миён омад. Давлате, ки истиқлолият ба даст овард, бояд дорои сипари боэътимоди худ бошад.
23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин сана ба ҳайси Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд ва ҳамасола бо ифтихор таҷлил мегардад.
Ташаккули Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) сурат гирифт. Норасоии заминаи моддиву техникӣ, камбуди кадрҳои соҳибтаҷриба ва вазъи ноороми сиёсӣ монеаҳои ҷиддӣ буданд. Бо вуҷуди ин, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 барои таҳкими сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Артиши миллӣ, заминаи устувор фароҳам овард.
Марҳалаи таҳким ва касбигардонӣ
Баъди барқарории сулҳ раванди ислоҳоти низомӣ оғоз гардид. Қонунгузории соҳаи мудофиа такмил ёфт, сохторҳои идоракунии ҳарбӣ муназзам гардиданд ва омодасозии кадрҳои касбӣ ба роҳ монда шуд.
Бо қабули қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои стратегӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси принсипҳои давлатдории ҳуқуқбунёд ба танзим дароварда шуд.
Дар ин марҳала қисмҳои ҳарбӣ аз нав ташкил ёфта, заминаи моддиву техникии онҳо тадриҷан беҳтар гардид. Таълим ва омодабошии ҷангӣ ба талаботи замон мутобиқ карда шуд.
Артиши миллӣ дар марҳалаи муосир
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба сифати ниҳоди калидии таъмини амнияти миллӣ фаъолият доранд. Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва вазъи мураккаби минтақа, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Бунёди қисмҳои ҳарбии замонавӣ, беҳтар гардидани шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаи нав ва баргузории машқҳои муштараки низомӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки қобилияти мудофиавии кишварро таҳким мебахшанд.
Дар ин раванд нақши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди масъули сиёсати давлатии соҳаи мудофиа калидӣ арзёбӣ мегардад.
Мактаби ҷасорат ва ватандӯстӣ
Артиши миллӣ танҳо як сохтори ҳарбӣ нест. Он мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар ҷавон шараф ва масъулияти бузург аст.
Дар тӯли солҳои истиқлолият Артиши миллӣ роҳи пуршарафро тай намуда, имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлат, ҳомии сулҳу субот ва кафили амнияти шаҳрвандон хизмат мекунад.
Хулоса
Аз таъсис то тавоноӣ — ин роҳи пурпечутоб, вале пурифтихори Артиши миллии Тоҷикистон аст. Неруе, ки дар солҳои душвор поягузорӣ шуд, имрӯз ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ табдил ёфтааст.
Артиши миллӣ рамзи истиқлол, ваҳдат ва суботи кишвари соҳибистиқлоли мо буда, рисолати муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватанро бо сарбаландӣ иҷро менамояд.
Ҷашни 33-юмин солгардӣ таъсисёбии Артиши миллӣ муборак бошад афсарону сарбозонӣ ҷасӯру далер ва шуҷоъӣ ватан!
РУСТАМҶОН АБДУЛЛОҲ ОМӮЗГОР, ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ

