АРТИШИ МИЛЛӢ- РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ

Номаи шодбошии раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз, родмардони ватан!

Ҳанӯз аз таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад 33- сол сипарӣ мегардад.

Кулли сокинони ноҳия, афсарону сарбозон, собиқадорони соҳа ва родмардони далеру шуҷои ватанро ба муносибати таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дар иҷрои рисолати хизмат ба халқу Ватани маҳбуб дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф-ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба души онҳо гузошта шудааст.

Дар ин бора, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боифтихор чунин таъкид намудаанд: «Мо имрӯз ифтихор дорем, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу нерӯманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст ва қодир аст, ки якҷо бо дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бузургтарин неъмати зиндагии мардуми тоҷик – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осудаи халқи Тоҷикистонро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоят намояд».

Боиси ифтихор аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 33 соли даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва садоқатмандона иҷро карда истодаанд.

Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳиссӣ баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки хизмат ба Ватан-модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳар як ҷавонмард бояд қарзи худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқонаю софдилона иҷро намояд.

Дар низоми давлатдории муосир Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии пойдории давлат, таъмини амният ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад. Таърихи сиёсии ҷаҳон борҳо собит кардааст, ки бе нерӯйи низомии муназзам, муттаҳид ва касбӣ Истиқлолияти давлатӣ наметавонад устувор бошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қарор дошт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ амри ҳаётан муҳим ва тақдирсоз буд.

23-юми феврали соли 1993 таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Ин қарор дар замоне қабул шуд, ки имкониятҳои моддиву техникӣ маҳдуд, вале масъулият ва хатарҳо ниҳоят бузург буданд. Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, роҳбари давлат бо дарки амиқи масъулият дар назди миллат ба ин иқдоми ҷиддӣ майл намуданд, ки имрӯз онро яке аз қарорҳои муҳими даврони истиқлолӣ давлатӣ номидан мумкин аст.

Таърих ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бе нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ то имрӯз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.

Сиёсати дурандешона, таваҷҷуҳи доимӣ ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити зисту хизмат ва баланд бардоштани мақоми афсар дар ҷомеа аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ мусоидат менамоянд.

Дар баробари ин, таъкид менамоям, ки асоси омодабошии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил медиҳад.

Дар солҳои аввали фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити бисёр душвор амал мекард. Камбудии кадрҳои касбӣ, таҷҳизоти нокифоя ва вазъи мураккаби сиёсӣ фаъолияти онҳоро мушкил мегардонд. Бо вуҷуди ин, Артиши миллӣ тадриҷан ба як нерӯйи муттаҳид табдил ёфт, ки қодир буд амнияти давлат ва ҷомеаро таъмин намояд. Сарбозону афсарони Артиши миллӣ бо ҷоннисорӣ аз тамомияти арзии кишвар, сохти конститутсионӣ ва амнияти шаҳрвандон ҳимоят карданд. Ин давра дар таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун мактаби ҷасорат, сабру таҳаммул ва садоқат ба Ватан бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Яке аз нақшҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон саҳмгузории онҳо дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Дар давраи душвор ва ҳассос Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди низомӣ, балки кафили амнияти равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ буд. Таъмини амнияти музокироти сулҳ, ҳифзи суботи ҷомеа ва пешгирии бесарусомониҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ дар он давра ба ҳисоб мерафт. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки сулҳи пойдор танҳо дар шароити мавҷудияти давлати қавӣ ва артиши боэътимод имконпазир аст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳияи мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Қобили зикр аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар гушаю канори гуногуни кишвар, фурӯ нишонидани ошубҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ва даҳҳо амалиёти махсус садоқати худро ба Ватан борҳо собит кардааст.

Дар тӯли 33 сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пуршараф ва пурмасъулиятро тай намуда, аз як сохтори навбунёд ба як нерӯйи боэътимоди давлатӣ табдил ёфтааст. Имрӯз Артиши миллӣ сипари устувори истиқлолият, кафили амнияти кишвар ва ифодаи иродаи қавии миллати тоҷик мебошад.

Дар ин раванд, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва дустиву рафоқат тарбия кардани афсарони ҷавон ва сарбозон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои дастгирӣ ва зери ғамхорӣ фаро гирифтани қисмҳои низомии дар ҳудуди ноҳия буда, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда истодааст. Мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамеша бо иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат содиқ мемонанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳизматчиёни ҳарбӣ ва дар симои Шумо кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори 33 — умин солгарди таъсисёбии рӯзи Артиши Миллӣ табрик гуфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи душвор, вале пурифтихори хизматиатон барори кор ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *