Артиши Миллӣ — кафили амнияти давлат
23 -феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Артиши Миллӣ таҷлил мегардад, ки он аҳамияти хос дар таъмини амният ва суботи давлат дорад. Зеро маҳз дар ин сана яъне 23 феврали соли 1993 Артиши Миллӣ таъсис ёфта, баҳри ҳифзу пойдории давлати тоза соҳибистиқлол гардидаи Тоҷикистон камар баста то кунун дар ин масири пур аз шебу-фароз ва бо ифтихор афсарону сарбозони Ватан адои хизмат доранд.
Артиши Миллии Тоҷикистон замони таъсисёбиаш ба як давраи мураккабу пурпечутоби замони ҷанги дохилӣ рост омада, дар ин росто Артиши миллӣ имтиҳонҳои сангинеро паси сар карда, дар таъмини Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсии мамлакат дар кишвар саҳми худро гузоштааст.
Албатта таъсиси Артиши Миллӣ яке аз қадамҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар солҳои аввали истиқлолият, бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуданд. Аз ҳамон давра то имрӯз Артиши Миллӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба як ниҳоди қавӣ ва боэътимод табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар устувори ва пайдории ҳар як давлат, ҳастии Артиши миллӣ муҳим буда, маҳз Қувваҳои мусаллаҳ метавонад пояҳои асосии сиёсати давлатдориро устувор нигоҳ дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соли 1991 Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ, нооромиҳои дохилӣ ва хатарҳои хориҷӣ рӯ ба рӯ шуд. Баҳри рафъи ин мушкилиҳои давр кишвар ба як нерӯи низомии мустақил ва таъсиргузор ниёз дошт. Новобаста аз вазъи ноороми он замон ва набудани заминаи мусоид , бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ таъсис дода шуд.
Иди Артиши Миллии Тоҷикистон ба хотири эҳтирому арҷгузорӣ ба диловарони Ватан, ки дар давоми се даҳа таъсисёбии ин ниҳоди қудратӣ дар мамлакат борҳо барои пойдории суботи сиёсии мамлакат ҷоннисроиҳо карда ҳамакнун низ дар роҳи рисолати худ устуворона адои хизмат доранд таҷлил карда мешавад.
Пас аз таъсиси Артиши Миллӣ, Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба талабот ва меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ шуда, силоҳҳои муосир ва қувваи инсонӣ барои қудрати кишвар беҳтар ва пурқувват карда шуданд.
Солҳои охир ба баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хизматчиёни ҳарбӣ, муҷаҳҳазгардонии қисмҳои ҳарбӣ бо техника ва воситаҳои муосир, инчунин такмили низоми таълим ва тарбия таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мегардад. Омодагии ҳарбӣ, тамринҳои муштарак ва курсҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани маҳорати ҷангӣ, интизом ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим доранд. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки Артиши Миллӣ ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта, ба ҳар гуна таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ саривақт посух диҳад.
Ҳамзамон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷавонон омили муҳими тақвияти неруи мудофиавии кишвар аст. Нақши хизматчиёни ҳарбӣ дар ҷомеа на танҳо ҳомиёни марзу бум, балки намунаи матонат, садоқат ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Иштироки онҳо дар рафъи ҳамагуна хатарҳои замони муосир, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нақши фаъоли артиш дар ҳаёти иҷтимоии кишвар шаҳодат медиҳад. Давлат ва ҳукумат зери сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва моддии хизматчиёни ҳарбӣ, таъмини онҳо бо манзил, маош ва кафолатҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ин тадбирҳо барои боло бурдани нуфузи хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат мекунанд.
Рӯзи Артиши Миллӣ на танҳо ҷашни касбии хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҷашни шуҷоату мардонагӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон аст. Артиши Миллӣ ҳамчун поягузори амнияти давлат, кафили сулҳу субот ва рамзи истиқлоли кишвар боқӣ мемонад. Эҳтиром ба ҳомиёни Ватан, дастгирии онҳо ва таҳкими неруи мудофиавӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Хушмаҳмадзода Саминахон омӯзгири фанни физика МТМУ раками 31

