ИДОМАИ СИЛСИЛА-ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ
Санаи 18 уми феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо сокинони деҳаи Худгифи Сояи ҷамоати «Иван- Тоҷик» вохӯри намуд. Вохӯри бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, сурат гирифт.
Раиси ноҳия Паём- ро дурнамо ва рушди раҳнамои асоси фаъолияти арзёбӣ карда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида, изҳори назар кард. Дар рафти баромад Раиси ноҳия доир ба созовор истиқбол намудани 35 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, ҷиҳати густариши корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ин санаи фархунда, инчунин дигар нақшаю тадбирҳои сохандагиро баён карда, сокинони деҳаи Худгифи Соя- ро барои ҳарчи бештар иқдом намудан ба корҳои ободонию созандагӣ даъват намуд.
Дар рафти вохӯрӣ Роҳбари ноҳия сокинонро ба омад-омади моҳи шарифи Рамазон низ таҳният гуфта, таъкид кард, ки дар ин моҳ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд. Дар ин моҳ ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз намуда, ба ҷойи ҳаргуна харҷҳои беҳуда, дар ободонии деҳаи худ ҳиссагузорӣ намоянд.
Дар фарҷоми вохӯри Раиси ноҳия ба сокинон ҷиҳати иҷрои нуқтаҳои дар Паём зикр гардида, густариш додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солаги Истиқлолияти давлатӣ, тозаву озода намудани муҳити зист, истифодаи дурусти ҳар порча замин, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем ки ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Раиси ноҳия ба чанде аз оилаи ниёзманди деҳаи Худгифи Соя кӯмаки яквақтаинаи ғизои низ дастрас карда шуд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


