ВОХӮРИ БО СОКИНОН ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Санаи  16 феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло  бо сокинони деҳаи Муждифи ҷамоати деҳоти » Иван-тоҷик» вохӯри анҷом дод.

Вохӯри бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, сурат гирифт. Ҳангоми суханрони Раиси ноҳия Паём- ро дурнамо ва рушди раҳнамои асоси фаъолият хонда чунин гуфт —

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид, сарчашмаи асосии фаъолият, дурнамо ва нақшаи асосии руимизии ҳар яки мо мебошад. Дар идомаи суханронии таъкид кард, ки имсол барои миллати точик соли таърихии фаромӯш-нашаванда мебошад. Зеро, дар имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35 умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегиранд. Ҷиҳати созовор истиқбол намудани ин ҷашнвора Пешвои миллат дар Паёмашон дастуру супоришҳо додаанд, ки бояд ба ифтихори ин санаи таърихи корҳои ободонию созандаги дар саросари мамлакат густариш дода шавад.  Ҳар як фарди тоҷик аз хонаву дари худ сар карда, ба корҳои ободонию созандагӣ амалан иқдом намояд.

Дар баробари ин Раиси ноҳия ба сокинон таъкид кард, ки пас ду рӯзи дигар моҳи шарифи

Рамазон фаро мерасад. Бинобар ин дар ин моҳ ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд,  қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо риоя намуда, ба ҷойи ҳаргуна сарфаю исрофкорӣ ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти маҳал, ҳамдеҳа ё ягон ниёзманд талош намоянд.

Ҳамчунин баён гардид ки то фарорасии фасли баҳор рӯзҳои ба шумор мондааст ва маҳс дар ин фасл киштукор шурӯъ мешавад. Бинобар ин бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад .

Дар рафти вохӯрӣ  сокинони деҳаи Муждиф мушкилоту масъалаҳои иҷтимои хешро баён карданд,  ки ҷиҳати саривақт расидагӣ кардан ба мушкилоти мардум,  Раиси ноҳия масъулини дахлдорро вазифадор намуд.

Дар охири Раиси ноҳия ба сокинон ҷиҳати иҷрои нуқтаҳои дар Паём зикр гардида, ҷиҳати густариш додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солаги Истиқлолияти давлатӣ,  тозаву озода намудани муҳити зист, истифодаи дурусти ҳар порча замин,  риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *