АЁДАТИ АШХОСИ НИЁЗМАНД
Санаи 16 уми феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар деҳаи Муждиф чанде аз пирони барҷомонда, маъюбон ва ашхоси ниёзмандро дар манзилашон аёдат намуд. Ҳангоми аёдат Раиси ноҳия аз ҳолу аҳволи иҷтимоии рузгорашон пурсон шуда, таъкид дошт, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат ингуна ашхос пайваста мавриди дастгириву ғамхори қарор дода мешаванд. Аснои дидор аз ҷониби Раиси ноҳия ба онҳо кӯмаки яквақтаи расонида шуд. Аз ин амал пирони барҷомонда ва ашхоси ниёзманд хушҳол шуда, баҳри гулгулшукуфоии мамлакат дуъои нек намуданд.
Мавриди зикр аст ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо, ашхоси ниёзманд, маъюбон собиқадорони соҳаҳои гуногун ва пирони барҷомонда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пайваста ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


