МО ЗИДДИ ҲАМАГУНА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВА ХУШУНАТОМЕЗ ДАСТАҶАМЪӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ
Ҳамасола 12 феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез таҷлил карда мешавад.
Бо ин мақсад субҳи имрӯз 11 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова, сардори шӯъбаи КДАМ- и ноҳия, Мисоқзода Фирӯз, Прокурори ноҳия Эваз Эшонов, муовини Шӯъбаи вазорати корҳои дохилии дар ноҳия Ҳокимбек Содиқов, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулини фаъолон ширкат доштанд.
Нахуст Сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ ба сухан баромада оиди терроризм экстремизм мубориза алайҳи ингуна падидаҳои номатлуб ҳарф зада таъкид кард ки — таҷлил аз ин рӯз яъне рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез моро водор месозад, ки дар бораи хатари экстремизм андеша кунем ва барои таҳкими сулҳ, амният ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳм гузорем. Дар идомаи суханрони доир ҷиноятҳо, кирдорҳои ношоиста, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, оиди риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» , тарбия дурусти насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ низ ибрози назар кард.
Сипас Прокурори ноҳия мушовири адлия дараҷаи 1 — Эваз Эшонов ба сухан баромад. Мавсуф доир ба хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизм ҳарф зад. Зимни суханронӣ иброз дошт, ки — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон ҳатто дар минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки » Террористдин мазҳаб ва миллат надорад» аз ин нуқтаҳо бар меояд, ки ин падидаҳои номатлуб ба ягон дину мазҳаб рабт надошта, танҳо ба хотири ноором сохтани вазъияти сиёсии ин ё он кишвар аз ҷониби гурӯҳи манфиатхоҳу ҷоҳталаб роҳандозӣ карда мешавад. Дар ин замина моро зарур аст зиракии сиёсиро аз даст надода ҷиҳати мубориза алайҳи ин падидаҳои номатлуб дастҷамъӣ мубориза барем.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш Абдуллоҷон Ҳоҷиев мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дастгоҳи раиси ноҳия баромад кард. Аснои суханронӣ номбурда доир ба падидаҳои номатлуб ҳарф зада гуфт ки -мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои танҳо кори мақомотҳои дахлдор ин ё он соҳа набуда, балки кори дастҷамъӣ мебошад. Мо бояд дар ин росто бо фарогирии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба хусус ҷавонон алайҳи ин вабои аср мубориза барем баён дошт мавсуф.
Мавриди ба зикр аст, ки Экстремизми хушунатомез на танҳо ба амнияти давлатҳо, балки ба зиндагии ҳар як инсон таҳдид мекунад. Он метавонад бо истифода аз ғояҳои ифротӣ ҷавононро ба роҳҳои нодуруст барад, нафрат ва ҷудоиро дар ҷомеа паҳн намояд. Аз ин рӯ, мубориза бо он танҳо вазифаи мақомот нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди огоҳ мебошад.
ПАЁМИ КӮҲИСТОН


