ТАҶЛИЛИ ИДИ БОСТОНИ ДАР КӮҲИСТОН
Санаи 26-январи соли 2026 ба ифтихори ҷашни бостонии Сада дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид.
Ин чорабини дар саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14- деҳаи Ҳадишаҳрӣ ноҳия бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар рафти таҷлили ҷашни бостонии Сада, Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо фаъолон ва пиру барно гирди ҳам омада буданд.
Саҳни муассисаи таълимии №14 субҳи имрӯз бо як шеваи хоси идона ороста шуда, дар саҳни он маҳсулотҳои кишоварзӣ, гиёҳҳои шифабахши кӯҳистон, анвои хӯрокҳои гуногуни миллию маҳаллӣ, ҳунарҳои гулдузию дастидӯзӣ ва дигар асбобу олотҳои рӯзгор ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Раиси ноҳия нахуст аз молу маҳсулоти ба маъраз гузошта дидан карда, ба маҳсули дастранҷи деҳқонон ва ҳунамандон баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам бештар густариш додани ҳунарманди дар ноҳия дастуру маслиҳатҳо дод.
Сипас чорабинии идона бахшида ба ҷашни бостонии Сада оғоз шуд. Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ба сухан баромада, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳро ба муносибати иди Сада табрик намуд. Аснои сухани табрики Раиси ноҳия садаро ҳамчун иди бостонӣ ва ҷашни бозгашти табибат аз сарди ба суи гарми хонда чунин гуфт — тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хос дорад. Зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дар баргирандаи нияту орзӯҳои гузаштагони мо мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд «Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзӣ оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард»- иброз дошт Бобозода Хайрулло.
Ҳамчунин бахшида ба иди Сада, Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои фаъолияти пурсамар ва ибратбахш чанде аз фаъолон ва собиқадорони соҳаҳои гуногунро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
Дар охир дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо иҷрои суруду таронаҳои ҷолиб чорабиниро гуворо намуданд.
Саидвоҳиди Қосим


