ВОХӮРИ БО САРБОЗОН ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Дар доираи нақшаи муштараки чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба баргузор намудани сӯҳбату вохӯриҳо  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид, баргузории сӯҳбату мулоқот бо аҳолӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад имрӯз 22 январи соли 2026  гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Аҳмадзода Ҳотам мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Қурбонзода Некрӯз мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Муминов Меҳроб корманди шуъбаи ноҳиявии КДАМ- и  дар ноҳия буда,  бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 0203қӯшунҳои сарҳадӣ воқеъ дар Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯри  доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи  кори нахуст Паёми Президент шарҳу тавзеҳ дода шуд. Аз ҷумла  зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон дар баробари дигар масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ мамлакат  доир ба саҳми хизматчиёни ҳарбӣ ва нақши онҳо дар таъмини амнияту осудагии кишвар ҳарф зада, ҷиҳати дастгирии хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди буду боши хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, дар паёми имсола тибқи дастури Пешвои миллат музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ 20 фоиз зиёд карда шуд.

Зимни вохури ҳамчунин оиди вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза, содиқона иҷро намудани уҳдадориҳои ҳарбӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, риояи қонуну тартибот, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳим матраҳ карда шуданд.

Дар охир  аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба чанде аз афсарону сарбозони қисми ҳарби, барои бечунучаро иҷро намудани уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати намунавияшон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *