Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид.
***
Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
***
Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
***
Зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 1 миллиону 300 ҳазор хонаи истиқоматии нав сохта шуда, беш аз 8 миллиону 400 ҳазор нафар сокинон шароити зисти худро беҳтар кардаанд.
***
Танҳо дар 7 соли охир дар мамлакат 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардааст, ки ин ҳама боиси афзоиши истеъмоли неруи барқ гардидааст.
***
Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.
***
Барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.
***
Мо тасмим гирифтаем, ки дар давоми ду соли оянда бо ҷалби сармояи мустақим дар кишвар якчанд неругоҳи барқи офтобиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт мавриди истифода қарор диҳем.
***
Ба ҳамаи кишоварзон, деҳқонон, мутахассисони соҳа ва аҳолӣ, ки бо заҳмати содиқонаву ватандӯстона ва истифодаи оқилонаи обу замин маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол мекунанд, сипосу миннатдорӣ баён менамоям.
***
Тибқи маълумоти Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 зиёда аз 500 миллион нафар дар саросари ҷаҳон аз гуруснагӣ азият хоҳанд кашид.
***
Мо бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоем.
***
Зимни супоридани имтиҳонҳои ҷорӣ ва хатм омилҳои инсонӣ пурра аз байн бурда шаванд.
***
Мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
***
Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
***
Асри 21 – асри пешрафти илму техника ва технологияҳо мебошад.
***
Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд.
***
Вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад.
***
Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.
***
Дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем.
***
Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

