ҲИСОБОТИ раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар соли 2025

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, сокинони ноҳия баҳри расидан ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт ба иҷро расонидани дастур ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи пешниҳоди ҳисобот бо тамоми донишу малака, таҷрибаву тавоноии худ баҳри ободии Ватани азизу муқаддас ва биҳиштосоямон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, амнияти кишвар, осоишу оромии сокинони ноҳия заҳмат кашида омаданд.

Аҳолии ноҳия бори дигар аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ноил гардидан ба пешравиҳо, ободии Ватани азизамон, дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли ин Ватани муқаддас дучанд хизмати содиқона ва софдилона менамоянд.

Дар давоми соли 2025 барои таҳкими пояҳои устувори кишвари азизамон таъмини ҳамаҷонибаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ, рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, расидан ба чор ҳадафи стратегӣ, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ноҳия, рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд кардани ҳаҷми маҷмўи истеҳсоли маҳсулот ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар заминаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» сокинони ноҳия саҳми арзишманд гузошта, ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти ҳар як оилаи ноҳия саҳми арзишманд гузоштанд.

Сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳамаи сокинони ноҳия воқеан таърихӣ маҳсуб меёбад, истиқлолу озодии Ватани азизамон буда, барои боз ҳам ободу зебо гаштани як гўшаи кишварамон заминаҳои боэътимоду устувор ва пойдорро ба миён гузошта истодааст, ки дар ин ҷода корҳои ободонӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, азнавсозӣ, кабудизоркунӣ, таъмини ҳамаҷонибаи дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таъмин шуда истодаанд.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021–2025 бо қарори раиси ноҳия аз 30-юми июни соли 2020, таҳти №117 таҳия гардида, он дар иҷлосияи чорум, даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-юми декабри соли 2020, таҳти №78 тасдиқ гардидааст. Инчунин, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 17-уми июни соли 2025, таҳти №27 ба занҷираи мантиқии барнома тағйиру иловаҳо ворид шуд. Барнома аз 101 лоиҳа иборат буда, маблағи он 78 миллиону 873,9 ҳазор сомониро дарбар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 95 миллиону 609,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи умумӣ (78 миллиону 873,9 ҳазор сомонӣ) 121,2 фисад таъмин гардид. Корҳои иҷрогардида аз ҳисоби буҷет ба маблағи 48 миллиону 420,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 4 миллиону 582 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии шарикони рушд 42 миллиону 606,5 ҳазор сомонӣ мебошад. Айни ҳол дар доираи барнома 81 лоиҳа ба маблағи 86 миллиону 630,5 ҳазор сомонӣ, дар 19 лоиҳа ба маблағи 8 миллиону 978,6 ҳазор сомонӣ корҳо пурра ба сомон расонида шуданд.

Барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2026–2030 санаи 26-уми декабри соли равон дар Иҷлосияи панҷуми даъати ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ тасдиқ гардид, ки баҳри ободию сарсабзии минбаъдаи ноҳия давоми панҷ соли оянда заминаи боэътимоду устувор мегузорад.

Иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 12 миллиону 558 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он 16 миллиону 732,7 ҳазор сомонӣ таъмин шуд, ки ин рақам аз нақша 4 миллиону 174,7 ҳазор сомонӣ ё 133,2 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад, 51 миллиону 508,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷрои он 50 миллиону 818,2 ҳазор сомонӣ ё 98,6 фоиз таъмин гардид. Нақшаи мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 3690,9 ҳазор сомонӣ, иҷрои он 3647,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст. Дар соҳаи мудофиа нақша 9 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 9 ҳазор сомонӣ ё 100 фоизро дарбар мегирад.

Соҳаи маориф 40666,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 40421,5 ҳазор сомонӣ, ё худ 99,4 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 4116,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 3840,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид. Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ тибқи нақша 275,2 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 275,2 ҳазор сомонӣ ё худ 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ нақша 1382,0 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 1269,3 ҳазор сомонӣ  ё худ 91,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соҳаи фарҳанг ва варзиш нақша 1002,5 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 1000,8 ё 99,8 фоизро дарбар мегирад. Дар соҳаи кишоварзӣ нақша 343,9 ҳазор сомонӣ, иҷроиши он 332,5 ҳазор сомонӣ ё 96,6 фоиз, дигар хароҷот нақша 21,8, иҷроиш 96,5 фоиз иҷро гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бақияпулии андоз 2 миллиону 336,2 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба аввали соли гузашта 1 миллиону 135,6 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия музди миёнаи меҳнат 1883,9 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 447,3 сомонӣ ё 31,1 фисад зиёд мебошад.

 

Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ,

рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

 

Ноҳия дорои захираҳои бойи табиӣ буда, барои коркард ва истеҳсоли онҳо ҷалби бештари сармоя зарур мебошад ва оиди масъалаи мазкур бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ноҳия оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи соҳибкорӣ, баланд бардоштани самти бахши хусусӣ ҳаматарафа мусоидат намудан ба ин соҳаҳои афзалиятнок чораҳои ҳамешагӣ андешида шуда истодаанд. Бо мақсади ҳаматарафа дастгирӣ намудани ташаббусҳои соҳибкорон омодагиҳо дар сатҳи хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Фаъолият дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ ва рушди “иқтисоди сабз” ҳамеша дастгирии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар мадди аввал қарор дорад.

Дар соли 2025 аз ҳисоби бахши ноҳиявии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳия ба 147 нафар соҳибкор маблағ ҷудо гардид, ки аз ин шумора 24 нафарро занон ва 57 нафарро ҷавонон, қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ дода шудааст.

Маблағи умумии қарзӣ 3 миллиону 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214,7 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Раванди тамоюли маблағгузории соҳибкорон барои рушди соҳаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Дастрасии аҳолии ноҳия айни замон ба хизматрасонии пулакӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст. Баҳри баланд бардоштани малакаи касбии кормандони молиявӣ, инчунин, маърифати молиявии аҳолӣ дар давоми моҳи июл аз тарафи шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дигар ташкилотҳои қарзии вилояти Суғд чорабинии саводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Ин раванд минбаъд низ дар ноҳия идома дода мешавад.

Мушкилоти асосии соҳа набудани посттерминалҳо, суст будани мавҷи доимии шабакаҳои интернетӣ, кам пешбинӣ гардидани маблағҳои қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ, баланд будани фоизи қарзҳои пешбинишаванда, набудани филиалҳои дигар бонкҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат мебошад.

Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар давраи ҳисоботӣ 62 миллиону 995,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллиону 917,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади амалисозии ҳадафи саноатикунонии босуръат, раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ зери назорати доимӣ қарор дода шудааст. Корхонаи саноатии ҶДММ “Қудрат 2010” дар ин давра 316 ҳазору 300 тонна ангишт истихроҷ намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 ҳазору 429 тонна зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади роҳандозӣ намудани тадбирҳои самарабахш ҷиҳати таъмини идоракунии самаранокии иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии ноҳия корбариро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Мушкилот дар ин самт набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои  бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ мебошад.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2018, таҳти №229 “Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ” тасдиқ шудааст, ки тибқи он 50 адад номгўи иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрўз 12 адади он сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки 24 фисади нақшаи пешбинигардидаро дарбар мегирад. Сохтмони иншооти маъмурӣ дар маркази ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардида идома дода мешаванд.

Дар ноҳия ҷиҳати тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ бо риояи санъати баланди меъморӣ кор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бинобар афзоиши аҳолӣ имрўзҳо дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия биноҳои нави бунёдшаванда бо тарҳи наву замонавӣ ва асосан хонаҳои истиқоматии дуошёна ва сеошёна бунёд шуда истодаанд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон оиди гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби масъулин саривақт баррасӣ мегарданд ва оилаҳои эҳтиёҷманд дар асоси хулосаи комиссия бо қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳаҷми сармояҳои асосии иҷрошуда дар давраи ҳисоботӣ 24 миллиону 772,8 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмонию васлгирӣ 23 миллиону 178,4 ҳазор сомонӣ, фондҳои асосӣ 7 миллиону 379,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд.

Бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ пайваста аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Сохтмони бинои маъмурии ҶДММ “Манзили кўҳистон” дар шаҳраки Меҳрон идома дошта, корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаҳои якум, дуюм пурра ба анҷом расонида шуда, корҳои пардоздиҳии бино рафта истодаанд. Аз тарафи соҳибкор Парвиз Ҷумаев дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон сохтмони бинои хизматрасонии маишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои мазкур мағозаи замонавӣ, нуқтаи фурӯши доруворӣ, ошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин самт 6 нафар сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

Сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пастиғав барои 336 ҷои нишаст дар як баст аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсӣ, ошёнаи якум ва дуюми он пурра ба охир расонида шуда, кор дар ин самт барои болопӯш кардани ошёнаи дуюм идома дорад.

Дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон сохтмони маркази шуғли аҳолии ноҳия, маркази таълими калонсолон бо маблағгузории Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии он оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсии бино, ошёнаҳои якум ва дуюми он ба анҷом расиданд. Кор дар ошёнаи сеюми бино бомаром идома дорад.

Сохтмони бинои маъмурии Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол корҳои таҳкурсии иншоот ба охир расонида шуда, кор дар ошёнаи сеюми он идома дорад. Бинои маъмурии кумитаи идораи замини ноҳия бо маблағгузории Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои лоиҳакашии анҷом пазируфта, корҳои сохтмони таҳкурсии бино ба охир расонида шуданд.

Бинои маъмурии маркази саломатии ноҳия бо маблағгузории  “Лоиҳаи инкишофи барвақтии кўдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” пурра сохта шуда, моҳи ноябр бо тамоми таҷҳизоти наву замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳавз барои захира намудани об дар шаҳраки Меҳрон бо ғунҷоиши 500 м3 об барои таъмини сокинони марказ ба охир расонида шуд. Сохтмони меҳмонхона барои сайёҳон аз тарафи соҳибкор Маҳмадшариф Авезов, сокини  деҳаи Сабағ корҳои сохтмонии он оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсӣ, ошёнаи якуми он ба итмом расонида шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад.

Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Палдорак аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба охир расонида шуда, дар давоми моҳи ноябр мавриди истифода қарор дода шуд. Сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон дар назди бинои муассисаи таълимии №36 пурра ба сомон расонида шуд.    Сохмони кўдакистон дар деҳаи Оббурдон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон идома дошта, айни ҳол корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, ошёнаҳои якум ва дуюм ба охир расонида шуда, корҳои болопӯши он идома доранд.

Корҳои сохтмонии бинои маъмурии прокуратураи ноҳия оғоз гардида, таҳкурсии бино, ошёнаҳои якум ва дуюми он пурра ба сомон расонида шуда, болопўши бино идома дорад. Дар иншооти мазкур зиёда аз 15 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд.

Дар деҳаҳои Ронҷ, Ғузн, Рогиф, Лангар, Валиғонд, Эсиз, Деҳманора, Пакшиф, Роғ, Сабағ сохтмони марказҳои инкишофи кўдак дар ҳамкорӣ бо “Лоиҳаи инкишофи барвақтии кўдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба сомон расонида шуда, дар давоми моҳи ноябр бо тарҳи нав ва бо таҷҳизоти замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Сохтмони кўдакистон дар деҳаи Роғ дар давоми моҳи апрел оғоз гардида, ҳамаи масолеҳҳои сохтмонӣ дастрас ва кор дар таҳкурсии бино оғоз гардид. Бинои хизматрасонии маишӣ аз тарафи соҳибкор Меҳроҷ Юнусов дар маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон оғоз гардида, таҳкурсии бино пурра сохтмонаш ба анҷом расонида шуд.

Бинои маъмурии хобгоҳи хизматчиёни давлатӣ дар ноҳия пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, намои беруни бино пурра ороиш дода шуд. Сохтмони пул аз болои дарёи Зарафшон, ки мушкилоти ҳамешагии сокинони 11 деҳаи ноҳия ба ҳисоб мерафт, аз мавзеи деҳаи Ҳадишаҳр оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар банду басти дастакҳои он пурра ба охир расиданд. Сохтмони хонаи истиқоматии панҷошёна дар маркази ноҳия барои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва хизматчиёни давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ оғоз гардида, айни ҳол корҳои таҳкурсии иншоот бомаром идома доранд.

Сохтмони бинои маъмурии шуъбаи кишоварзӣ дар маркази ноҳия оғоз гардида, барои корҳои сохтмонӣ мавзеи он тахту ҳамвор, таҳкурсӣ ва деворҳои ошёнаи якуми он ба итмом расонида шуда истодаанд. Иншоот аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Сохтмони муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ бо дастгирии шарикони рушд оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии бино, ошёнаи якум пурра ба сомон расонида шуда, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми он идома доранд. Кашидани хати оби полезӣ дар деҳаи Сабағ барои зиёда аз 350 гектар заминҳои бекорхобида ба сомон расонида шуда, давоми моҳи ноябр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар давоми эҳёи ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ сохтмон ва азнавсозии иншооти ҳаётан муҳим бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти олии кишвар суръати тоза гирифта, ноҳия батадриҷ ободу зебо мегардад.

Маълумот оид ба рушди барқ

Баҳри ҳалли масъалаву мушкилоти соҳаи энергетика, бахусус бобати баҳисобгирии истеҳсол, истифодаи нерўи барқ, кам кардани талафот, истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф чораҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд. Дар соли 2025 ҳисобгиракҳои электронии каммасраф 809 адад насб гардидааст, ки дар сарфаи нерўи барқ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Дар ноҳия 18 адад зерпояи симчӯбҳо, 1200 метр хати интиқоли барқ, 18 адад симчӯб пурра азнавсозӣ шуданд. Дар давоми соли равон 13 адад трансформатори фарсудагашта пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Дар давоми соли 2025 ба ноҳия 7 миллиону 652,7 ҳазор квт/соат қувваи барқ қабул шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 596,1 ҳазор квт/соат кам мебошад. Дар ин давра 5 миллиону 355,2 ҳазор квт нерўи барқ истифода шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1 ҳазор квт/с кам мебошад. Маблағи ҳисобидашудаи барқ 2 миллиону 105,1 ҳазор сомонӣ ва ҷамъоварӣ бошад, 2 миллиону 52,3 ҳазор сомониро ташкил намуд. Талафоти нерӯи барқ дар давоми соли равон дар ноҳия 29,6 фоизро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гушта 4 фоиз кам мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ корбарӣ дар ноҳия ҷиҳати кам кардани талафоти нерўи барқ дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи оқилонаи нерўи барқ ба аҳолӣ тариқи хона ба хона корҳои оммавӣ ба роҳ монда шуда, маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Бо мақсади пешгирӣ ва истифодаи самаранок, оқилона ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ оид ба истифодаи меъёрҳои қувваи барқ, истифодаи ғайриқонунии он якҷо бо сохторҳои марбута дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуданд. Ин иқдом пайваста бо муштариёни истифодаи нерўи барқ дар ноҳия ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, дар 38 маҳалли аҳолинишин 21 маротиба мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Асосан мушкилот дар ин самт кам будани трансформаторҳои замонавӣ, набудани симчӯб, сим, техникаҳои корӣ, таҷҳизоти замонавии барқӣ, постерминалҳо барои ҷамъоварии маблағи истифодаи нерўи барқ ба ҳисоб меравад.

Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар ноҳия масофаи умумии роҳҳо 300 километрро ташкил дода, аз ин миқдор 151 километри он роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта буда, дар тавозуни муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия мебошанд. Инчунин, 149 километр роҳҳои боқимонда дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дар тавозуни онҳо мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия масофаи 80 км ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ роҳҳои ноҳия, аз буҷети ноҳия дар ин давра 48 км роҳҳо ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳ ба масофаи 62 км роҳҳои ноҳия ба маблағи 115,7 ҳазор сомонӣ, бо дастгирии ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 190 км ба маблағи 355,7 ҳазор сомонӣ роҳҳо тахту ҳамвор шуданд. Дар давоми соли 2025 роҳи ағбаи Оббурдон–Овчӣ ду маротиба таъмир шуд.

Дар ноҳия бинобар вазнин будани шароити роҳҳои автомобилгард нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият намекунад. Мушкилоти ҷойдошта дар ин самт кам будани маблағгузорӣ барои нигоҳдории ҳолати хуби роҳҳо, набудани техникаҳои роҳсозӣ, таъминот бо сўзишворӣ, набудани қисмҳои эҳтиётии техникаҳои роҳсозӣ, равғанҳои молиданӣ, техникаҳои ҳозиразамони роҳсозӣ, бинои замонавии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард мебошад.

Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Аҳолии ноҳия асосан аз ширкати Тселл истифода менамоянд ва хизматрасонии ин ширкат васеъ ба роҳ монда шудааст. Мавҷи шабакаи интернет айни ҳол дар ноҳия ба талабот ҷавобгўй нест. Бо ин мақсад дар давоми соли равон се маротиба ба сохторҳои марбутаи дахлдор муроҷиат пешниҳод шуд.

Дар давоми моҳи сентябр ҳамаи таҷҳизоти ширкати Тселл пурра навсозӣ шуда, дар онҳо таҷҳизоти замонавӣ насб шуданд, вале мутаассифона, сифати хизматрасонӣ ҳоло ҳам хеле паст мебошад. Мушкилоти соҳа фаъолият надоштани дигар ширкатҳои мобилӣ, дастрасӣ надоштан ба интернети баландсуръат, кам будани марказҳои хизматрасонии коммуникатсионӣ дар ҳудуди ноҳия мебошад.

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии

мамлакат ба ғизои хушсифат

Дар соли ҷорӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати картошка бо дастгирии шарикони рушд 40 тонна ва дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ ба ноҳия зиёда аз 30 тонна тухмиҳои хушсифат  ворид карда шуд. Натиҷа чунин аст, ки сатҳи ҳосилнокии картошка аз лиҳози кишт намудани тухмии хушсифат хуб ба назар мерасад. Сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ ва сабзавот зиёд шуда, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар оила таъмин шудааст. Кишоварзони ноҳия таҷрибаи беҳтарини истифодаи замини наздиҳавлигиро доро мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 976 миллиону 621,4 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 173 миллиону 226,1 ҳазор сомонӣ ё 121,6 фисад афзудааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз ҳисоби растанипарварӣ 824 миллиону 141,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 фоиз зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ дар ин давра ғалладонагиҳо 1094,5 тонна, картошка 165454,5, сабзавот 1502,1, маҳсулоти хӯроки чорво 48976,0 (воҳиди хӯрока), меваҷот 7841,1 тоннаро ташкил намуд.

Истесоли маҳсулоти чорводорӣ бошад, дар ин давра 152 миллиону 479,5 ҳазор сомонӣ таъмин шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,4 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ гӯшт 2469,5 тонна, шир 8640,8, тухм 762,3 ҳазор дона, пашм 175,9 тонна, асал 48,5 тоннаро ташкил намуд.

Саршумори чорвои калони шохдор 20,1 ҳазор сар, чорвои майда дар ноҳия 156,8 ҳазор сар, паранда дар ин давра 8450 сарро ташкил намуд. Тибқи маълумоти оморӣ давоми соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 4312,4 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Дар ин давра дар майдони 121,9 гектар ғалладонагиҳо, 3922,2 гектар картошка ва 227,1 гектар хӯроки чорво кишт гардид.

Дар ноҳия бо мақсади тақвият бахшидани таҷрибаи муосир дар самти беҳтар гардонидани тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ заминаҳои боэътимоду устувор ба роҳ монда шуд. Соли равон дар ноҳия зиёда аз 195 гектар боғи нав бунёд шуд. Барқароркунии боғҳои кӯҳна 25 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин давра барои рушди соҳа ва ҳалли мушкилоти кишоварзон аз ҳамаи сарчашмаҳо ва ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои болоӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст. Иқлими ноҳия барои нигоҳдошти маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ хеле мувофиқ мебошад. Аҳолии ноҳия асосан маҳсулоти соҳаи кишоварзиро дар хандақҳо нигоҳ медоранд.

Айни ҳол дар ноҳия гармхонаҳои махсус ва сардхонаҳо вуҷуд надорад. Мушкилоти асосии соҳа набудани техникаҳои ҳозиразамони соҳаи кишоварзӣ, кам ворид гардидани нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат мебошад.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Иқлими ноҳия барои қабул ва рушди соҳаи сайёҳи мувофиқ буда, манзараҳои зебои он барои ҷалби сайёҳон хеле муфид мебошад. Барои муҳайё намудани шароит ҷиҳати қабул ва ҷалби сайёҳон дар ноҳия корбарӣ бо соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар ноҳия барои қабули сайёҳон 6 адад хомстей аз ҳисоби хонаҳои шахсӣ аз тарафи аҳолӣ ташкил шуда, ҳамаи шароити зарурӣ дар доираи имконият ташкил шудааст.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2024, №АП 507, амри раиси ноҳия аз 20-уми феврали соли 2024, №34 таҳия гардида, дар асоси он ҳайати гурўҳи корӣ иборат аз 23 нафар ба тавсиб расонида шудааст. Гуруҳи корӣ фаъолиятро дар самти корҳои ободониву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, ташкили растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ ҷамоатҳои деҳоти ноҳия инчунин, тавассути роҳандозӣ намудани аксияҳои хона ба хона вазъи корҳои созандагӣ, тозаву озодагии шаҳраку деҳот, кӯчаву маҳалла, манзилҳои истиқоматӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, нигоҳдории маҳсулот ва шароити зисти шаҳрвандон ба роҳ мондааст.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гуруҳи кории босалоҳият аз ҳисоби кормандони воҳидҳои сохтории мақомот дар ҳайати 20 нафар таъсис дода шуда, раванди амалишавии барномаву стратегияҳо вобаста ба рушди соҳа таҳия гардида, нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳиро ҷиҳати босамар татбиқ гардидани онҳо фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Роҳбари гуруҳи корӣ яке аз муовинони раиси ноҳия вобаста гардидааст, ки фаъолият дар ин самт зери назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Дар давоми соли равон ба ноҳия 142 нафар сайёҳ ворид гардидаанд, ки аз он 74 нафар экологӣ, 51 нафар таърихию фарҳангӣ ва 17 нафар ба дигар намудҳо мансуб мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 5 нафар сайёҳи хориҷӣ ворид гардидаанд, ки  аз таъриху фарҳанги ноҳия ошноӣ пайдо намудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда шумораи сайёҳон 15 нафар зиёд гардидааст.

Мушкилот дар ин самт набудани инфрасохтори мусоид ба монанди  нақлиёти ҷамъиятӣ, иншооти хизматрасонӣ, набудани маблағгузории кофӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ мебошад.

Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст. Барои роҳандозӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ аз ҷумла шаҳрвандони аз 18 боло, ки касбу ҳунар надоранд, дар давраи ҳисоботӣ аз рўи нақшаҳои таҳияшуда дар 51 маҳалли аҳолинишин корҳои амалӣ бурда шуда, барои соҳибкасб шудани аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Бо мақсади амалӣ гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2020, №570, қарори раиси ноҳия аз 25-уми январи соли 2021, №20 ба тавсиб расонида шуда, нақшаи чорабиниҳои амалигардидаи он оиди “Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба иҷро расонида шуданд.

Соли ҷорӣ дар ноҳия 422 нафар ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ 467 нафар ба ҷойи кории доимӣ ва мавсимӣ дар самтҳои сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ба кор таъмин гардиданд. Дар давоми соли равон 14 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ бо пешниҳоди 634 басти вазифаҳои холӣ гузаронида шуда, 176 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд. Барои паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз қабили ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, таъсиси корҳои мавсимӣ, корхонаҳои хурд ва коргоҳҳо, инчунин бунёди иншооти нав тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Шумораи бекорон тибқи маълумотномаи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми соли равон 114 нафарро ташкил намуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23  нафар кам мебошад.

Шуғли асосии аҳолии ноҳия кишоварзӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ, занбӯрпарварӣ ва чорводорӣ мебошад. Айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ 322 нафар қарор дошта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36 нафар кам мебошад. Сокинони ноҳия асосан ба кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон ва қисман ба давлатҳои хориҷи дур ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Баҳри ба муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ба ноҳияҳои Зафарободи вилояти Суғд, Хуросони вилояти Хатлон, шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтани шаҳрвандон тибқи талаботи қонунгузорӣ фаъолият зери назорат қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ноҳия 30 оилае, ки дар минтақаҳои хавфнок ва осебпазир мебошанд, барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод шудаанд. Давоми соли равон 70 оилаи ноҳия барои ба муҳоҷирати дохилӣ ихтиёрӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд пешниҳод шудаанд.

Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)

Рушди илму маориф омили пешрафти ҳамаи соҳаҳо ба ҳисоб рафта, ояндаи босуботи кишвари азизамон ва фардои саодатманди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия дар асоси дастур ва вазифагузориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуда истодаанд.

Ба истифода додани 10 адад маркази инкишофи кўдаки замонавӣ дар ноҳия барои ҳиссагузориҳои бештар дар пешрафти низоми маорифи ноҳия, рушди зинаи ибтидоии таълим заминаҳои устуворро ба миён мегузорад.

Маориф омили асосии рушди давлату миллат ба шумор рафта, барои босавод намудани насли ояндасози миллат саҳми арзанда гузошта меояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омўзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ тадбирҳои ҳамешагӣ андешида, масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рўҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси ноҳия тадбирҳои иловагиро меандешанд. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони 3 адад муассисаи таълимӣ бомаром идома дорад.

Дар ноҳия 2 кўдакистон бо фарогирии 80 ҷойи нишаст фаъолият менамоянд. Дар ноҳия 34 адад маркази инкишофи кўдак бо ҷалби 624 нафар тарбиятгиранда фаъолият доранд. Бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ то соли 2030 дар ноҳия бунёди 11 адад муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои бунёди онҳо корбарӣ рафта истодааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 634 нафар омўзгор, 514 нафар бо маълумоти олӣ, 120 нафар миёнаи касбӣ кору фаъолият мебаранд, ки аз ин шумора 124 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Айни замон дар ноҳия шумораи омўзгорони забонҳои англисӣ ва русӣ 114 нафар мебошанд. Соли равон ба муассисаҳои таълимии ноҳия 17 нафар мутахассиси ҷавон ба кор ҷалб шуданд. Баҳри дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки зиёда аз 100 оила истиқомат мекунанд, барои бунёди кўдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кўдак нақшаи чорабиниҳои иловагӣ ба тасвиб расонида шуда, иҷрои он зери назорат қарор дорад. Дар ин ҷода давоми соли 2025 10 адад маркази инкишофи кўдак сохта, ба истифода дода шуданд. Сохтмони марказҳои инкишофи кўдак давоми моҳи ноябр пурра ба охир расонида шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо китобҳои дарсӣ ва маводҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.

Оид ба амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №114 тасдиқ шудааст, дар ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 15 адад кабинети фаннӣ таъмин шуданд. Таълимгоҳҳои №№2, 4, 6, 7, 10, 11, 12, 25, 30, 32, 36 бо кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Соли равон дар ноҳия бори аввал мактаб барои хонандагони болаёқат бо тамоми таҷҳизоти муосири соҳаи маориф ба кор оғоз намуд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми апрели соли 2021, №114 “Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки мувофиқи он дар таълимгоҳҳои ноҳия ташкил намудани 91 кабинети фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои фанҳои физика 7, химия 7, биология 1, география 33, математика 33, технологияи иттилоотӣ 2, суруд ва мусиқӣ 5 адад пешбинӣ гардидааст.

Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 400 адад компютер, 82 адад принтер, 15 адад проектор, 15 адад тахтаи электронӣ таъмин мебошад. Дар соли хониши нав ба муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад компютер, 3 адад принтер, 3 адад тахтаи электронӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 адад компютер ва 2 адад принтер дастрас шуд. Бояд қайд намуд, ки заминаи устувори технологияҳои навин дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар гардида истодааст.

Баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2025, №218, қарори Раиси вилояти Суғд аз 18-уми апрели соли 2025, №101, қарори раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз 25-уми апрели соли 2025, №83 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” дар соҳаи маорифи ноҳия 465 тонна ангиштсанг, 120 м3 ҳезуми таҳсўз захира карда шуда, шишабандии муассисаҳо пурра таъмин гардида, нақшаҳо пурра таъмин шудаанд. Дар ин самт дар соҳаи маорифи ноҳия ягон мушкилот вуҷуд надорад.

Мушкилотои ҷойдошта дар соҳаи маориф норасоии мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҷойи нишаст, набудани сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои ташкили кабинетҳои фаннӣ, норасоии омўзгорони фанҳои дақиқ, мактабҳои садамавӣ мебошад.

Маълумот дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баҳри таъмини солимии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ чораҳои мушаххасро дар давраи ҳисоботӣ андешида омад. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ мунтазам зиёд гардида, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти ҳозиразамон, кадрҳои соҳавӣ сол аз сол хуб гардида истодааст.

Дар ноҳия айни замон 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот фаъолият намуда истодаанд. Айни замон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳия ҷиҳати пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак дар давоми пешниҳоди ҳисобот чораҳои дахлдор аз рўи нақшаҳои алоҳида андешида шуд. Дар ин давра барои пешгирӣ намудани таваллуди хонагӣ дар байни аҳолӣ мунтазам машваратҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати хатарҳои ҳомиладорӣ ва танзими оила гузаронида шуд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар соли равон таваллуд дар ноҳия 762 нафарро ташкил додааст, ки аз он 494 нафар 64,8 фоиз дар беморхона, 202 нафар 26,5 фоиз берун аз ноҳия, 28 нафар 3,6 фоиз дар хона ташкил намуд. Натиҷаи фаъолият чунин аст, ки дар давоми соли равон таваллуди хонагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 нафар кам гардидааст, ва хушбахтона фавти модар ба қайд гирифта нашудааст. Маҳз бо роҳи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ нисбат ба солҳои гузашта таваллуди хонагӣ кам гардидааст.

Дар ноҳия 100 кати табобатӣ мавҷуд буда, аз ин шумора 40 кати муолиҷавӣ, 25 кати бачагона, 25 кат дар таваллудхонаҳо, 10 кат дар шуъбаи ҷарроҳӣ мавҷуданд. Гарчанде дар соҳаи тандурустӣ таваҷҷўҳ ва ғамхориҳо бештар ба назар мерасанд, аммо то ба ҳол норасоии мутахассисон дар соҳа мушоҳида мегардад. Айни ҳол дар ноҳия 16 нафар норасоии кормандони тиб ба назар мерасад, ки ин мушкилот сол то сол аз ҷониби донишҷўёне, ки донишгоҳҳои олии кишварро хатм намуда истодаанд, таъмин гардида истодааст. Мушкилот дар соҳа норасоии мутахассисони баландихтисос, таҷҳизоти зарурии озмоишӣ, набудани бинои маъмурии маркази иммунопрофилактика дар ноҳия  мебошад.

Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Бонувони ноҳия ва нақши босазои онҳо дар эъмори давлати муосир, рушди ҷомеа саҳми ҳамешагии онҳо дар риоя ва амалигардии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кўдак» хеле назаррас мебошад.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон диққати ҳамаҷониба дода шуда, фаъолияти занону бонувон дар рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодии ноҳия аз ҷумла, соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаи кишоварзӣ назаррас мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда корҳои амалӣ дар ноҳия ба сомон расонида шуда истодаанд.

Бонувон 48,8 фисади аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд. Аз инҳо 5 нафар дар хизмати давлатӣ, 124 нафар дар соҳаи маориф, 70 нафар дар сохтори тандурустии ноҳия, 7 нафар мудирони китобхонаҳо мебошанд. Инчунин, 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 5 нафар вакилони ҷамоатҳо мебошанд ва 22 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҳамасола барои дастгирии занону бонувони ҳунарманд Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ҷудо карда мешаванд, ки ин раванд баҳри таъмини занону духтарони бекор бо ҷойи кор мусоидат менамояд. Бо мақсади пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сару либос, оинҳои барои миллати тоҷик бегона, таҳкими ҳамешагии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пешрафти кишвари ба ҷон баробарамон ва ободии сарзамин нақши бонувони ноҳия хеле хуб буда, дар ин раванд 26 маротиба вохӯриҳои судманд доир карда шудаанд.

Соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо мақсади дастгирии ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва забон, баланд бадоштани мақом ва нақши онҳо дар ҷомеа, дастгирии ҳаматарафаи ташаббусҳои ҷавонон, омўзиши илм, ҷалби онҳо ба касбу ҳунарҳои муосир, аз таъсиру мафкураҳои ифротию хурофотпарастӣ, эмин нигоҳ доштани онҳо дар партави вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои фаврӣ ва амалӣ андешида шуданд.

Бо ин мақсад давоми соли равон зиёда аз 58 маротиба аксияҳо доири ин масъалаҳо бо ҷалби васеи ҷавонон баргузор шуд. Инчунин, давоми моҳҳои феврал, апрел, май, июл, август ва сентябр оид ба иҷрои дастур ва вазифагузориҳои Пешвои маҳбуби халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шуд.

Баҳри дар сатҳи баланд ба иҷро расонидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2025, №1071, иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 2-юми сентябри соли 2025, №218, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони соли таваллудашон 1998-2007”, қарори раиси ноҳия аз 5-уми сентябри соли 2025, №138 ба тасвиб расонида шудааст. Дар давраи даъвати тирамоҳӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус ва ихтиёриён нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ сари вақт таъмин карда шуд. Дар ин самт корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва 51 кумитаи маҳал мунтазам ба роҳ монда шуд, ки натиҷаи самарабахши он дар таъмини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ гузошт. Бо ин мақсад ва барои дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия 29 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Аз ҷониби соҳибкорон ва тоҷирон барои бунёди иншооти варзишӣ пайваста корбарӣ ба роҳ монда мешавад. Соҳибкорон ва шахсони бонангу номуси ноҳия барои ҷалби ҷавонон ба варзиш инчунин, муҳайё намудани шароит барои ба тамрин фаро гирифтани онҳо пайваста саҳми сазовори худро мегузоранд. Ин иқдом дар деҳаҳои Оббурдон, Ревомутк, Табушн, Истошон, Пастиғав, Падаск, маркази ноҳия–шаҳраки Меҳрон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади рафти иҷрои бемайлони «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Бо ин мақсад дар ноҳия чорабиниҳо дар давоми моҳи март баргузор карда шуданд. Шумораи ҷавонон дар ноҳия 7767 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3899 нафар духтарон мебошанд. Вохўрӣ ва мулоқотҳо миёни ҷавонон дар ин давра 84 маротиба гузаронида шудааст, ки теъдоди фарогирифташудагон 3200 нафар мебошанд. Инчунин, чорабиниҳои «Фарҳанги ватандўстӣ» 51 маротиба бо фарогирии 396 нафар ҷавонон гузаронида шудааст. Бахшида ба рўзи Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврўзи байналмилалӣ, рўзи қабули Конститутсия бо иштироки 16 дастаи футбол байни деҳаҳо мусобиқа баргузор шуд. Дар ин самт ба ғолибон ва фаъолон зиёда аз 11 ҳазор сомонӣ маблағ туҳфа карда шуд.

Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ дар ноҳия фаъолияти худро аз рўи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 332 нафар ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ҳар рўзӣ шанбе дар ноҳия бо мақсади оммавигардонии варзиш чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд. Дар давоми соли равон аз ноҳия 12 нафар варзишгар дар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо иштироки зиёда аз 4 кишвар баргузор шуд, иштирок намуда, 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардид.

Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар самти рушди соҳаи фарҳанг корҳои назаррас бомаром идома доранд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти рушди соҳаи фарҳанг дар ноҳия ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад сохтмони иншооти фарҳанг ба нақша гирифта шуда, оиди иҷроиши он бо соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ корбарӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, барои ҳифз ва таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, ки 48 ададро ташкил медиҳанд, аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.

Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия ҳамчун таҷассумгари таъриху маданият ва фарҳанги миллии мардум пайваста аз тарафи сайёҳону ҷаҳонгардони дохиливу берунӣ мавриди тамошо қарор дода мешаванд. Бахусус, таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу берунӣ, ки ба ноҳия ташриф меоранд, ба ёдгории таърихию фарҳангии деҳаи Падаск, ки ба феҳристи фарҳанги ғайримодии ЮНЕСКО ворид аст, равона гардидааст. Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангии аҳолии ноҳия заминаҳои боэътимод ва устувор ба миён омада истодаанд. Дар ин замина дар давоми пешниҳоди ҳисобот дар деҳаҳои Мадрушкат, Оббурдон, Ғузн, Сабағ, Валиғонд, Ревомутк, Худгифи Офтоб, Ҳадишаҳр, Сабағ, Ярм, Худгифи боло, Роғ ва Палдорак чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ташкил ва баргузор шуданд. Дар давоми моҳи март бахшида ба иди байналмилалии Наврўз конференсияи илмию амалӣ бо иштироки аҳли зиё ва фарҳанги ноҳия баргузор шуд.

Дар ноҳия айни замон 5 муассисаи фарҳангии садамавӣ ва 4 муассисаи фарҳангии таъмирталаб мавҷуд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои таъмиру барқарор кардани муассисаҳои фарҳангӣ корбарӣ рафта истодааст.

Дар соҳаи фарҳанги ноҳия 2 клуби деҳот, 1 китобхонаи  бачагона, 1 китобхонаи системаи марказонидашуда ва 14 филиали он дар деҳаҳои ноҳия, 1 қасри фарҳанг, 1 осорхона мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 1442 адад китоб ба маблағи 38450 сомонӣ, аз ҷумла, 804 адад китоб ба маблағи 19766 сомонӣ ба воситаи корвони китоб аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар ноҳия айни ҳол мактабҳои мусиқии бачагона амал намекунанд. Чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузурги таърихиву миллиамон бо омодагиҳои ҳамаҷониба дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил гардиданд. Бо мақсади рафти иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, № АП 711 дар бораи баргузории озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 3-юми марти соли 2025 №55 ба тавсиб расонида шудааст. Дар ин замина барои ба роҳ мондани фаъолияти босамар 21300 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Озмун дар сатҳи баланд дар ноҳия ва маркази вилоят–шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ 2 нафар роҳхат гирифтанд. Ин иқдом бори аввал дар ноҳия ба миён омад, ки боиси ифтихори фарҳангчиёни ноҳия ба ҳисоб меравад. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” як нафар аз ноҳия дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи намоён ва бо дипломи озмун сарфароз гардонида шуд.

Дар давоми соли равон ва то ҷашни муқаддаси миллиамон 35- солагии истиқлоли азиз дар деҳаи Оббурдон Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ бо 3500 ҷойи нишаст бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ инфрасохтори беҳтарини соҳа сохта, ба истифода дода мешавад. Бо мақсади рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2025, №218, қарори Раиси вилояти Суғд аз 18-уми апрели соли 2025, №101, қарори раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз 25-уми апрели соли 2025, №83 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026” дар соҳаи фарҳанги ноҳия 16 тонна ангиштсанг, 8м3 ҳезуми таҳсўз захира шуда, шишабандии муассисаҳо пурра таъмин аст. Дар ин самт мушкилот дар соҳаи фарҳанг вуҷуд надорад. Бахшида ба рўзи Рўдакӣ ва рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Рўзи Конститутсия конференсияҳо дар сатҳи муассисаҳои фарҳангӣ хотирмон таҷлил шуданд.

Мушкилоти ҷойдошта дар ин самт нарасидани мутахассисони соҳаи санъат, таҷҳизоти тақвияти овоз, набудани мактаби мусиқии бачагона мебошад.

Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Дар ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд дар деҳаҳои Дашт, Оббурдон, Падрох, Падаск, Роғ, Худгифи боло, Пакшиф, Самҷон ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ хатҳои оби полезӣ пурра аз таъмир бароварда шуданд.

Дар ноҳия 27609 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин шумора 26782 нафар ё 97 фисади аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ таъмин мебошанд. Таъминоти ҷамоати деҳоти Лангар 100 фисад, ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик 91,1 фисадро дарбар мегирад.

Бо дастгирии шарикони рушд дар доираи Лоиҳаи идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор дар ноҳия деҳаҳое, ки ба оби нӯшокӣ ниёз доранд, хатҳои нав кашида мешаванд, дар ин раванд корҳои амалӣ рафта истодаанд. Бо дастгирии лоиҳаи мазкур хати оби нўшокӣ дар деҳаҳои Оббурдон–Қарғтӯда, Худгифи Соя, Худгифи Офтоб кашида шуда истодааст, ки мушкилоти чандинсолаи ин деҳаҳо бартараф мешавад. Ин иншоот соли равон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Боиси зикр аст, ки ҷиҳати сарфакорона истифода намудани манбаъҳои обӣ ва ворид намудани технологияҳои нав дар истифода намудани об аз ҷониби лоиҳа хонаҳое, ки ба онҳо хати оби нўшокӣ пайваст мегардад, бо ҳисобкунакҳо таъмин мешаванд, ки ин иқдом дар ноҳия бори нахуст мебошад. Лоиҳаи мазкур давоми 5 сол фаъолият дошта, ҳамаи мушкилоте, ки дар барнома пешбинӣ гардидаанд, бартараф мешаванд.

Таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Дар ноҳия бо тавсияи мутахассисон ва риояи технология бунёди боғҳои замонавӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин мавсим ба ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 100 ҳазору 10 бех дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ворид шуда, дар талу теппаҳо ва заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳия дар майдони 150 гектар шинонида шуданд. Аз тарафи аҳолии ноҳия дар майдони 13 гектар боғҳои ороишию мевадиҳанда бунёд шуданд. Дар ноҳия таҷрибаи хуби оқилонаи истифодаи захираҳои об мавҷуд мебошад. Корҳои омодагӣ оиди соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии зарари офатҳои табии аз рўи нақшаҳои алоҳида дар сатҳи хуб қарор дода шудааст.

Дар 19 деҳаи ҳудуди ноҳия 382 оила дар минтақаҳои хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз тарафи хадамоти муҳоҷират дар ноҳия 33 оила дар минтақаи Сайҳун ва Зафаробод аз деҳаҳои Ҳадишаҳр, Ғузн ва Худгифи Соя бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд. Инчунин, бо ин мақсад дар давоми соли 2025 рўйхати 30 оилаи муҳоҷирони экологие, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ доранд, ба ноҳияи Зафаробод пешниҳод шудаанд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 598,2 ҳазор сомониро ташкил намуда, аз он хизматрасонии маишӣ 321,2 ҳазор сомонӣ, маориф 21,8 ҳазор сомонӣ, тиббӣ 57,1 ҳазор сомонӣ, ҳуқуқӣ 89,8 ҳазор сомонӣ, бонкӣ 81,2 ҳазор сомонӣ, дигар хизматрасониҳо 27,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ

Баҳри тақвият бахшидан ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии ноҳия, бахусус ҷавонон оид ба пешгирии содиршавии ҷиноят, таълимоти ғайрирасмии динӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ аз ҳисоби фаъолон, зиёиён, шахсони барӯманд, кормандони ҳамаи зинаи соҳаи хизмати давлатӣ 37 гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, ҳар моҳ бо аҳолии ноҳия вохўриҳо доир гардида истодаанд.

Бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани содиршавии ҷиноятҳо, таҳдиду хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ якҷо бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳиябуда пайваста корҳои амалӣ ба роҳ монда шуда истодаанд. Хушбахтона, дар давраи пешниҳоди ҳисобот чунин намуди ҷиноятҳо дар ноҳия ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 39 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 адад кам мебошад. Фоизи кушодашавии ҷиноятҳо 97,5  фисадро дарбар мегирад.

Инчунин, вобаста ба баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, илмомўзӣ, худшиносии миллӣ пайваста дар рӯзномаи ноҳиявии “Паёми кўҳистон” мақолаҳои рўзмарра ба нашр расонида мешаванд, ки ин омил дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон такони ҷиддӣ медиҳад. Ҳамаи ин боис ба он гардида истодааст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия дар рўзи аввали даъват аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус ва ихтиёриён пурра таъмин гардид.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи

муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”

Дар давраи ҳисоботӣ 475 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 470 адад муроҷиати хаттӣ ва 5 адад шифоҳӣ мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 адад ворид шудааст, 74 адад оиди қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 95 адад оиди таъмин гардидан бо шаҳодатнома, 20 адад оиди сохтмон, 54 адад оиди ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, 10 адад оид ба ташкили хоҷагии ёрирасон, 32 адад оиди расонидани кӯмаки моддӣ, 11 адад оид ба навбат гузоштан ба сафари Ҳаҷ, 2 адад оиди қабули иншоот, 162 адад оиди дигар масъалаҳо мебошанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 160 адад қонеъ гардида, 5 адад муроҷиат рад карда шуда, 265 адад фаҳмонида шуда ва 45 адад дар баррасӣ қарор дорад. Мавриди зикр аст, ки 5 адад муроҷиати радгардида барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ буда, ҳангоми баррасӣ бинобар эҳтиёҷманд набудан рад карда шуд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2025 7 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 71 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 адад фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,  84  қарор ва 5 амри Раиси вилояти Суғд, инчунин 15 нақша чорабиниҳо ворид гардида, дар заминаи онҳо 225 қарор, 42 амри раиси ноҳия ва 15 нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тавсиб расонида шудаанд, ки дар асоси онҳо кор мувофиқи талабот ба роҳ монда мешавад.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими

анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Дар давоми соли равон дар ноҳия 253 ҷашну маросим доир гардиданд, ки аз инҳо 253 адад тӯйи домодиву арўсӣ гузаронида шудааст. Маблағи ҳамаи чорабиниҳо 1265,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳар як маросим дар давраи ҳисоботӣ ба ҳисоби миёна 5000 сомонӣ рост омадааст. Барои баргузории тӯю маърака ва маросим асосан дар ноҳия аҳолӣ аз ҳисоби забҳи чорвои хурд ва харидории гўшт истифода менамоянд. Ин иқдом боиси дастгирӣ буда, харҷи маблағҳо барои харидории гўшт ҳамасола кам гардида истодааст.

Дар соли 2025 корбарӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуд. Дар ноҳия се комиссияи доимӣ ва 15 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” фаъолияти пурсамар дошта, дар ин давра 3 мизи мудаввар, 83 адад рейд, 175 мулоқоту вохўрӣ доир гардидаанд. Боиси қайд аст, ки аҳолии ноҳия барои рафти иҷрои Қонуни мазкур чораҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст. Якҷо бо сохторҳои марбутаи ноҳия аз ҷумла сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 138 маротиба дар маҳалҳои аҳолинишин вохўриҳо баргузор шуданд. Дар ин давра бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 4 маротиба дар рўзномаи ноҳиявӣ 1 маротиба дар рўзномаи вилоятӣ ҷиҳати татбиқи он мақолаҳо нашр шудаанд. Инчунин, оиди пешгирии ҳолатҳои террористию экстремистӣ дар давоми моҳи сентябр дар рўзномаи ноҳиявии “Паёми кўҳистон” мавоби ҷолиб нашр шуд.

Дар соли равон тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, вохўрӣ бо аҳолӣ ва ходимони дин оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар 51 кумитаи маҳалла ва 43 муассисаи динии ноҳия бо иштироки муштараки сохторҳои дахлдор марҳилаи дуюми он дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, ба охир расонида шуд. Инчунин, доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳия пайваста ба роҳ монда шуда истодаанд.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи хизмати давлатӣ”

Риояи моддаҳои 18 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар ноҳия зери назорат қарор дода шудааст. Барои баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои зарурӣ дар асоси иҷрои бандҳои Қонун бурда шуда истодаанд. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати кории хизматчиёни давлатӣ дар ин давра 13 нафар хизматчии давлатӣ аз курси такмили ихтисос ва 2 нафар аз курси азнавтаёркунии хизмати давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Дар ин давра 7 маротиба семинар-машварати дастурдиҳӣ ва иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” дар байни кормандон гузаронида шуда, дар ташкилоту муассисаҳо, воҳидҳои сохторӣ ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия санҷиши рафти ҳуҷҷатгузорӣ ва иҷрои талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар давоми моҳи январи соли равон гузаронида шуд. Инчунин, парвандаҳои хизматчиёни давлатӣ аз нав санҷида шуда, камбудиҳои онҳо бартараф шуд. Барои пешниҳод шудани эъломияҳои андоз ва амволи соҳаи хизмати давлатӣ дар соли 2026 фаъолият зери назорат қарор дода мешавад.

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва риояи талаботи он тадбирҳои ҳамешагӣ андешида шуда истодаанд. Бо мақсади рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2024, №795 “Дар бораи омўзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ”, бо мақсади тақвияти малакаи касбӣ, ҷаҳонбинии сиёсӣ, сатҳи забондонии кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, қарори раиси ноҳия аз 1-уми апрели соли 2024, №51/1 ба тавсиб расонида шуда, иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад.

Шумораи умумии воҳидҳои кории хизмати давлатӣ дар ноҳия 59 адад буда, айни ҳол 55 нафар хизматчии давлатӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохторӣ кору фаъолият доранд, ки аз он 5 нафар зан буда, 21 нафар ҷавонон мебошанд. Шумораи ҷойҳои кории холӣ (вакансия) 4 адад мебошад. Ҳамзамон, аз ҳисоби занон 2 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва аз ҳисоби ҷавонон 8 нафар фаъолият намуда истодаанд, ки дар ин самт фаъолият зери таваҷҷўҳ қарор дода шудааст. Дар ду ҷамоати деҳоти ноҳия 20 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият дошта, айни замон 3 адад ҷойи кории холӣ мавҷуд мебошад. Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 6-уми майи соли 2025, №95 давоми моҳи августи соли равон озмуни ҷойҳои кории холии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд, ки 7 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Барои баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ аз тарафи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия нақша чорабиниҳои мукаммал ба тавсиб расонида шуда, амалишавии он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар асоси қарори раиси ноҳия аз 1-уми июли соли 2025, №121 “Дар бораи гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии дастгоҳи раиси ноҳия, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои деҳот” ба тавсиб расонида шуда, дар асоси қарори мазкур моҳи августи соли равон бо иштироки намояндаи шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии дастгоҳи раиси ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот гузаронида шуда, дар асоси хулосаи комиссияи аттестатсионӣ 12 нафар хизматчии давлатӣ аз аттестатсия гузаронида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия 14 нафар оиди таъмин гардидан бо ҷойи корӣ муроҷиат намуданд, ки аризаҳои онҳо аз тарафи масъулин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ гардиданд. Барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи хизмати давлатӣ дар ноҳия нақша чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда, ҳар ҳафта ду маротиба хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шуда истодаанд.

Риояи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”

Бо мақсади рафти татбиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ” соли ҷорӣ фаъолият бонизом ба роҳ монда шуд. Дар ноҳия ду ҷамоати деҳот, Лангар ва Иван-Тоҷик фаъолият доранд, ки баҳри дастгирии онҳо барои пурзўр намудани фаъолияташон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷамоатҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷик 16 ҳазор сомонӣ ва ба ҷамоати деҳоти Лангар 14 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд. Дастгирии минбаъдаи ҷамоатҳои деҳот зери таваҷҷўҳи доимӣ қарор дорад. Кормандони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо таъсиси комиссияҳои муштарак аз ҳисоби фаъолон, зиёиён, шахсони барӯманд, вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро рўз аз рўз зиёд намуда истодаанд.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кўдак”

Бо мақсади рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кўдак”дар соли равон корҳои амалӣ ба иҷро расонида шудаанд. Дар ин ҷода дар комиссияҳои ҷамъиятӣ 84 адад муроҷиат ба қайд гирифта шуда, масъалаҳои пешниҳодшуда саривақт мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд. Дар ин давра 14 маротиба аз тарафи комиссияҳо қарорҳо қабул шуда, қонунвайронкунӣ айни замон ба қайд гирифта нашудааст. Бо ин мақсад дар соли равон дар ноҳия 19 маротиба чорабинии тарғиботӣ ва ташвиқотӣ гузаронида шудаанд. Минбаъд низ баҳри риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кўдак” чораҳои фаврӣ мунтазам ба роҳ монда мешаванд.

Таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, № 311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 28-уми феврали соли 2022, №53 ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он нақша чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншооти гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободии ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад, таҳия ва тасдиқ шудаанд.

Фаъолият дар ин раванд зери назорат қарор дода шудааст. Рўз аз рўз вусъати корҳои сохтмонӣ босуръат ва бо сифати баланд ҷараён доранд. Тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша чорабинӣ дар давраи ҳисоботӣ 107 адади он сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки  нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 93 фисадро ташкил медиҳад.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаи кишвари азизамон дар асоси супоришҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон санаи 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, сокинони ноҳия бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ, боз ҳам таҳким ёфтани нуфузу эътибори кишвари ободу осудаамон дар арсаи ҷаҳонӣ бо шукргузорӣ аз Ватани ободу орому осуда, тараққикарда, бо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва иқдому ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар барои бо натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидан ва таъмини зиндагии осоишта фаъолиятро минбаъд низ дар сатҳи хуб ба роҳ мемонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *