МАҶЛИСИ ВАСЕИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ
Санаи 14 – уми январи соли 2026 Маҷлиси васеи Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Гулҷаҳон Вазирова, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмирзо Неъмонов, кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баррасии масъалаҳои зерин ба миён гузошта шуданд.
— “Оид ба ҷамбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дарсоли 2025 ва вазифаҳо ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ” (16.12.2025);
Гузориши роҳбари вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳияи КӯҳистониМастчоҳ оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026
Тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳбарои нимсолаи аввали соли 2026
Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025
Тасдиқи нақша чорабиниҳо доир ба роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дарноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкики худшиносию худогоҳии миллӣ” 6. Масъалаи ташкилӣ.
Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Неъмонов Шоҳмирзо маҷлисро кушода қабл аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, Раёсати маҷлис, ҳайати котибот ва регламентии кории маҷлис интихоб карда шуд. Доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар давоми соли 2025 иҷрокунандаи раиси КИ ҲХДТ дар нроҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Шоҳмирзо Неъмонов ҳисоботи муфассал дод. Дар ҳисоботи кумиҷроия таъкид гардид, ки дар давоми соли 2025 ба сафи ҳизб ҷалб намудани шахсони арзанда ва бо ин васила пурқувват намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти ҳизбӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт масъулини кумиҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ корҳои амалиро ба сомон расонидаанд. Дар натиҷаи фаъолияти босамар дар ин самт давоми соли 2025 361 нафар аъзо ба сафи ҳизб дохил шуданд, ки имрӯз шумораи ҳизбиёни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 4 ҳазору 98 нафар расида, аз ин шумора 755 нафарро занон ва 1778 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Тибқи Низомнома оид ба тартиби бақайдгирии аъзои ҲХДТ кумиҷроия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои амалиро ба сомон расонид. 1 нафар бо сабаби вафот аз сафи ҳизб хориҷ гардид. Айни замон 110 нафар аъзои ҳизб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқи Оинномаи ҳизб дар 2 корхонаву муассисаҳо ташкилотҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд ва имрӯз шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 45 адади охири соли гузашта ба 47 адад расид.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 маҷлиси Кумиҷроия ва 6 маҷлиси Раёсат баргузор гашт, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими сиёсиву дохилиҳизбӣ, аз ҷумла татбиқи қарорҳои Анҷумани
15-уми ҲХДТ, вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ, муҳокимаи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ва тасдиқи низомномаи воҳидҳои сохторӣ, тоза кардани сафи ҳизб аз шахсони тасодуфӣ, супоридани аъзоҳаққӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоии нав, қабули аъзо ба сафи ҳизб ва монанди инҳо, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин радиф бо мақсади идома додани иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар бораи «Ҳафтаи тақвияти кори дохилиҳизбӣ» вобаста ба тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳафтаи аввали ҳар моҳ бо масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯриҳо доир гардида, дар ҷараёни он ба масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои аёнгардида, маслиҳатҳои муфид дода шуд. Давоми соли 2025 чунин иқдом дар 47 ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ гардиданд.
Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҳизб бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил кардани маъракаи “Обуна-2026” ба рӯзномаҳои «Минбари халқ», ва «Сухани халқ» ва бо ин восита тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои барномавии ҲХДТ ситоди махсус ташкил карда, бо ин восита тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои барномавии ҲХДТ дар байни аъзоёну ҷонибдорони ҳизб корҳои фаҳмондадиҳиро аз моҳи майи соли равон оғоз намуд, ки раванди обунашавӣ дар рӯзномаи «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» сад фисад ба роҳ монда шуд. Кумиҷроияи ноҳиявӣ вобаста ба иҷрои фармоиши Муовини якуми Раиси ҲХДТ аз санаи
30 марти соли 2020 таҳти №30 “Оид ба ҳамкорӣ ва корҳои ҳайриявӣ миёни ҲХДТ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пардохти нафақаи ҳизбиро барои маъюбон ташкил намуд. Нафақаи ҳизбӣ аз ҷониби кормандони масъули кумиҷроия саривақт ба нафақагирон дастрас карда шуда маблағи умумии он барои соли 2025 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд бахшида ба таҷлили идҳои миллӣ, шахсони ниёзманд, маъюбон, ятимон, собиқадорони меҳнат аз ҷониби Кумиҷроия дар ҳамдастӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони халқ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо аёдат карда шуданд.
Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қабули шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо низ яке аз самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Кумиҷроия тавассути қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар доираи имкониятҳои худ ва дар ҳамкорӣ бо вакилони халқ 204 нафар муроҷиаткунандагонро қабул намуда, муроҷиати онҳоро ҳаматарафа, холисона, ба таври шаффоф дар муҳлати муқарарнамудаи ҳамин Қонун баррасӣ намуд ва дар ҳалли масъалаҳои муроҷиаткардагон кӯмаки амалӣ расонид.
Дар ҷараёни маҷлис муовини Раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова зимни суханрони худ таъкид дошт, 17 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе як рӯйдоди пураҳаммият – мулоқоти Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии таъсиси ҳизб баргузор гардид. Ин рӯйдод, ки дар фазои гарми дӯстӣ ва ваҳдати миллӣ ҷараён гирифт, барои ҳар як иштирокчӣ як саҳифаи тозаеро дар зиндагӣ боз намуда, дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии онҳо таъсири амиқ гузошт. Зикри ин нукта зарур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлоли давлатии кишвари мост.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, ҳувият ва сарнавишти мустақили сиёсӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо раванди давлатсозӣ бо мушкилоти ҷиддӣ ва нооромии дохилӣ рӯ ба рӯ гардида буд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи сиёсӣ бо сиёсати ваҳдатофар ва созанда ба саҳнаи сиёсии мамлакат омада, нақши калидӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик бозид.
Мову Шумо медонем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби зодаи даврони Истиқлол, бо армонҳои миллӣ ва орзуҳои деринаи мардум пайванди амиқи решаӣ дорад. Ин ҳизб, ки ҷавҳари ҳастии он ватандӯстӣ ва мардумсолорӣ аст, дар се даҳсолаи фаъолияти худ садҳо ҳазор ҷавони бонангу номусро ба саҳнаи сиёсии кишвар роҳнамоӣ намудааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо як ҳизби сиёсӣ, балки як мактаби бузурги тарбияи кадрҳо ва насли худшинос мебошад. Яке аз ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Ҳизб пайваста ба таблиғи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, фарҳанги ниёгон, таърихи тамаддуни тоҷикон ва шахсиятҳои бузурги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.
Дар доираи барномаҳои сиёсӣ ва фарҳангии худ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба насли ҷавон рӯҳияи ифтихор аз миллат, забон, арзишҳои тамаддуни худ ва ҳимояи манфиатҳои миллиро меомӯзонад.
Сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бар асоси эътирофи ваҳдати миллӣ ҳамчун сарчашмаи Истиқлол роҳандозӣ шудааст. Ҳизб бо барномаҳои ҷолиб ва ҷамъиятӣ тавонист ҳамаи неруҳои солимфикри ҷомеаро гирди як ҳадафи асосӣ – сохтани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муттаҳид созад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона, ҳизб барои ҳифзи асолати миллӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои ахлоқиву фарҳангӣ пайваста талош меварзад, ки боиси дастгирӣ ва ифтихори ҳар як аъзои он мебошад.
Мулоқот нишон дод, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз қишрҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад. Пешвои миллат бо далелҳои мушаххас зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тайи 30 соли фаъолияти пурсамари худ ба як қувваи бузурги сиёсӣ табдил ёфтааст, ки метавонад дар шароити ҷаҳони пуртазодди муосир манфиатҳои миллиро комилан ҳимоя ва пуштибонӣ намояд.
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон -ро ҳамчун як “ҳизби созанда, пешбаранда ва гирдиҳамоварандаи неруҳои солимфикр” арзёбӣ гардидааст. Дар нигоҳи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳар як узви ҳизб на як тан сиёсатмадор, балки як фидоии миллат ва тарғибгари арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар симои Пешвои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва ояндаи мунаввари Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор диҳад. Ин ҳизб ба мо омӯзонд, ки миллатсозӣ кори як лаҳза нест, балки роҳи пуршебуфарози тамрини сабру таҳаммул ва такмили ақлу хираду ирода матин аст.
Ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд фахр кунад, ки дар канори як Пешвои миллатдӯст, мардумпарвар, созанда ва дурбин қарор дорад. Ва вазифаи мост, ки ин роҳро бо нияти пок, амалҳои созанда ва эҳсоси баланди ватандорӣ идома диҳем. Вазифаи мо ҳизбиён аст, ки дар татбиқи нақшаву барномаҳои ҳизб саҳмгузорӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон ташаббускорию пешоҳангиро таҳким бахшида, барои расидан ба зиндагии пурсаодати халқамон саъю талош намоем. Гуфта шуд, ки корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ, таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, роҳандозии иқдомҳои созандагиву бунёдкорӣ тавассути ҷалби сокинон аз маҳаллаҳои навворидшуда ва дигар масоили дохилиҳизбӣ вусъати тоза дода шавад. Қайд карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, саҳмгузорӣ дар ҷашни умумимиллӣ, 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбон, шаҳраку маҳалла, боғу гулгаштҳо ва майдончаҳои варзишӣ камари ҳиммат бандем ва ҳамин масъулияте, ки ҳамчун сокини пойтахт дорем, сарбаландона иҷро намоем. Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиѓу ташвиқи дастовардҳои он нақши муассир дорад.
Сипас, аз рӯи масъалаи дигари рӯзнома нақша — чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои нимсолаи аввали соли 2026, тасдиқ гардида оиди масъалаҳои дар рӯзномаи Маҷлис пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул гардида фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои соли 2025 хуб арзёбӣ намуданд.
Бо ҳамин ба кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳусни хотима бахшида шуд.
КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ


