ПАЁМ ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ КИШВАР.
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат пас аз ҷашни 34- умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврае пешниҳод гардид, ки Ватани маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда дар фазои орому осуда, баланд гардидани некуаҳволии сокинони кишвар бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
Дар давоми 35 соли Истиқлоли ин меҳани муқаддас мо бо шарофати заҳмати софдилонаи мардуми кишвар бо Сарварии Пешвои маҳбуб, матинирода дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Амалисозии Барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта зиёд гардида, беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандўсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар си-соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2020 дар кишвари азизамон бо талошҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат зиёда аз 3000 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ғамхории Ҳукумати кишвар бевосита Фарзанди Фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонону наврасон беандоза зиёд мебошад.
Дар давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.
Дар замони истиқлолият беш аз 2400 километр роҳи мошингард, 219 километр роҳи оҳан ва 6 нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии зиёда аз 24 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи чунин тадбирҳои судманд, ба яке аз ҳадафҳои Стратегии Ватани ба ҷону дил баробарамон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони Истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем.
Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.
Дар даврони Истиқлолият пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи итимоии аҳолӣ батадриҷ боло рафта дар ин замина пешравиҳои назаррас ба чаш мерасанд.
Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар даврони Истиқлолият аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 45 миллиард сомонӣ равона карда шудааст, ки қариб нисфи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои маҳбуби халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
Соли 2025 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин карда шуд.
Ҷаноби Олӣ дар Паёми худ таъкид намудаанд, ки «Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.
Ҷавонону наврасонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба омӯхтани илмҳои замонавӣ кушиш намуда фарҳанги баланди миллиро риоя намоянд ва аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ худдорӣ намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 16.12.2025 ироа гардид, бо мақсади вусъат додан ба корҳои ободонию созандагӣ боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ифтихор аз истиқлолу озодӣ, тамаддуни бостонии эътирофшуда, таърихи қадимаву пурщановати миллати тоҷик ва истиқболи сазовор аз ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, соли 2026 – ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд.
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз 1 сентябри соли 2026 баланд бардоштани маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои тобактабӣ, миёнаи умумӣ 25 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз баланд бардошта шуд. Музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз баланд бардошта шуд. Инчунин нафақаҳои сущуртавӣ меҳнатӣ ва иҷтимоӣ 15 фоиз индексатсия карда мешаванд.
Сокинони шарафманди ноҳия барои амалӣ гардидани нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои судмандро дар соли 2026 амалӣ намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ ва муқаддасамон 35- солагии Истиқлоли давлатии ин меҳани биҳиштосою муқаддас ва ободу зебоямон тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамоянд.
Ҳоҷизода Абдуллоҷон Охун -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

