НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА ИДИ САДА

 Ҳамдиёрони азиз!

 Сокинони шарафманди ноҳия    

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари азизи мо воқеъан як марҳилаи тозаи рушду пешрафтҳоро эҳдо намуд, ки таҳаввулоти фарҳангӣ ва эҳёи суннатҳои мардумӣ, ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои беназири ин замон ба шумор мераванд.

Дар кӯтоҳтарин фурсати таърихӣ то ба мақоми ҷашни ҷаҳони расидани Наврӯзӣ аҷам, дубора ба маснади таърихии хеш нишастан ва бо ҳамон шаҳомати таърихии худ эҳё гардидани ҷашнҳои милли Садаву Меҳргон ва Тиргон дар Тоҷикистон бе гумон як инқилоби фарҳангиву маънавӣ ба шумор меравад, ки ба ташаббусҳои бевоситаи Пешвои музаззами миллат дар самти шинохти ҳақиқати таърихи миллат ва арҷ гузории мероси бузурги фарҳангии тоҷикон такя мекунад.

Зеро ин ҷашнҳо ёдгорие аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онҳоро аз ҷумла маросими Садаро бо вуҷуди нодида гирифтану монеа эҷод карданҳои зиёд ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандин ҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.

Тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони пешин бар меояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад. Зеро он ифодагари омодаги ба гардиши табиат мебошад. Маросиму ойинҳои ин ҷашни мардумӣ аз қадим дар бар гирандаи нияту орзӯҳои гузаштагони мо мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд «Эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар ощози сол чун паёмовари Наврӯзӣ оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муҷдаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард».

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаҳои фарҳанги куҳан ва ойину суннатҳои аҷдодии тоҷикон эҳё гардидааст, ки ҷашни Сада аз ҷумлаи онҳост.

Ҷашни мазкур ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин давраи ниҳолшинони тайёри ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон чунин таъкид доштанд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарщиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд аз ин рӯ зарур аст, ки 15 номгӯй дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар соли 2023 ворид гардиданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».  Пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун истиқболи самимонаи Наврӯзи аҷам бо маҷмӯи фазилатҳои барҷаставу наҷиби хеш, Сада ба истиқболи самимонаи мардуми олам рӯ ба рӯ гардида, минбаъд низ дар таҷрибаи бузугртарин фазилатҳои ахлоқӣ дар миёни ҷаҳониён нақши пурфайз мегузорад.

Аз рӯи андешаи аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан 14 — 15 ҳазор сол пеш дар сарзамини паҳновари Ориёно падид омадааст. Дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.

Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обрую санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани абзори оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад. Сохтани абзори ҷангӣ, кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва истиқроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани буйҳои хуш ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Аз ин рӯ, Садаро куҳантарин ҷашнӣ мардуми ориёитабор ва ба иборае куҳантарин ҷашнӣ ҷаҳон медонанд. Воҷаи ҳамон адади сад буда, ба маънои сад шабу рӯз то ощози Наврӯз аст. Дар Тоҷикистони мо низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳро барои эҳёи расму ойинҳои миллӣ ҳамвор кардааст ва барои таҷлили ин ҷашнҳои бостонӣ ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Дар ин муддат бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт ва ҷашни Меҳргон низ эҳё гардид. Акнун дар радифи ин ду ҷашни миллӣ фурсати бисёр муносиб фароҳам шуд, ки ҷашни Сада низ ба шукӯҳу шаҳоматаш дубора барқарор гардид.

Ин се ҷашни миллӣ реша дар тащйироти табиату кайҳон дошта, ҳеҷ робитае ба ақидаҳои динӣ надоранд, балки адёни куҳан ба монанди ойини меҳрпарастӣ, зардуштия, масеҳият ва ҳатто ислом дар бархе мавқеъ таҳти таъсири ин ҷашнҳо қарор гирифта, аз ин маросимҳо таъсир пазируфтаанд.

Паёми  имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моро водор месозад, ки баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия,   боис ба он мегардад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ноҳия боз ҳам паст карда шавад дар ҳамбастагӣ мувофиқи имкониятҳои ноҳия талошу меҳнати зарбдорона, холисона ва софдилона намуда, аз ҳарвақта дида боз ҳам дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бахшида ба санаҳои муқаддаси миллӣ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва сояафканро бештар ба роҳ монем.

Бори дигар  ҷашни  бостонии Садаро ба кулли сокинони шарафманди ноҳия самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат ва шодмониву пирӯзӣ орзумандам.

Ҷашни Сада муборак ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *