НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ НОҲИЯ ДОИР ШУД
Санаи 2- феврали соли 2026 нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло баргузор гардид. Нишасти хабари дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он ҳамчунин муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва адибону рӯзноманигорон ширкат доштанд. Нахуст Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2025 ба таври фишурда ҳисобот дод.
Аснои суханронӣ гуфт, ки соли 2025 Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияро бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст намудем.
-Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои солҳои 2021-2025 аз 101 лоиҳа иборат буда, маблағи он 78 млн 873,9 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори ба маблағи 95 млн 609,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи умумӣ (78 млн 873,9 ҳазор сомонӣ) 121,2 фисад таъмин гардид.
Корҳои иҷро гардида аз ҳисоби буҷет ба маблағи 48 млн 420,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 4 млн 582,0 ҳазор сомонӣ ва бо дастгирии шарикони рушд 42 млн 606,5 ҳазор сомонӣ мебошад гуфт мавсуф.
Инчунин оиди нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ ва хароҷот дар ноҳия гуфта шуд, ки -Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли равон (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) 12 млн 558,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷроиши он 16 млн 732,7 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин рақам аз нақша 4 млн 174,7 ҳазор сомонӣ ё 133,2 фоиз таъмин гардидааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети ноҳия бошад 51 млн 508,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 50 млн 818,2 ҳазор сомонӣ ё 98,6 фоиз таъмин гардид. Сипас дар фазои озоду созанда рӯзноманигорон ва аҳли қалам доир ба мушкилоту муаммоҳо, фаъолияти мақомоти иҷроия, доир ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, рушди саноат, рушди сайёҳӣ ва корҳои ободонию созандаги ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ саволҳо матраҳ намуда, аз ҷониби Раиси ноҳия ва шахсони масъул посух дарёфт намуданд.
Дар охир Раиси ноҳия аз саҳми ВАО дар расонидани иттилоот ёдовар шуда аз аҳли қалам даъват кард, ки мо дар замони тараққиёти техника ва технология қарор дорем, ки тавассути ин технологияи навин дилхоҳ иттилоот новобаста аз саҳеҳияташ ҳарчи зудтар паҳн мешавад. Бинобар ин моро зарур аст, ҷиҳати расонидани иттилооти дуруст ба мардум ва баланд бардоштани афкори ҷомеа дар ҳамбастагӣ корбари намоем. Саидвоҳиди Қосим


