ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ КАТС- И НОҲИЯ

— Кор бояд ҷоннок карда шавад- таъкид кард Раиси ноҳия

Санаи 02 феврали соли 2026  Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вохӯри анҷом дод.

Ибтидо Раиси ноҳия доир ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ ҳарф зад.  Имрӯз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар радифи дигар шаҳру навоҳии кишвар дорои беморхона ва марказҳои саломати муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои нав ва ҷавобгӯ ба талаботи ҳозиразамон мебошад. Ҳамчунин соли 2025 бинои КАТС- и ноҳия  ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта ба истифода дода шуд. Инчунин  чандин бунгоҳҳои тиббӣ низ таъмиру азнавсози гардиданд. Боз тибқи нақша боқимонда бунгоҳҳои тиббӣ марказҳои саломати таъмиру азнавсози карда мешаванд. Бинобар ин зарураст ки кормандони КАТС- и ноҳия дар ин замина корро ҷоннок намуда сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ  боз ҳам беҳтар намоянд гуфт Раиси ноҳия.

Вохӯри дар фазои озод сурат гирифта дар ҷараёни он кормандони КАТС- и ноҳия мушкилоту муаммоҳои  кории хешро  ба Раиси ноҳия баён намуданд.

Пас аз шунидани мушкилоти муаммоҳои кормандони соҳа Раиси ноҳия ҷиҳати расидагӣ ва  бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои соҳа, ҷоннок намуди кор дар соҳа, ҷалб намудани мутахассисони арзанда ба кор,  ба роҳ мондани фаъолияти ёрии таъҷилӣ, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда  беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дар ин замина содиқона кору фаъолият намудан дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем ки айни ҳол дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 5 маркази саломатии деҳот ва 12 бунгоҳҳои саломатии деҳот  кору фаъолият намуда дар ҳифзи солимии аҳоли ҳиссагузор мебошанд.

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *