ОБОДИИ ВАТАН АЗ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕШАВАД…

идомаи вохӯрӣ бо сокинон дар партави паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 28 -уми феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо сокинони деҳаи Пастиғав, ҷамоати деҳоти » Иван-тоҷик» вохӯри анҷом дод.

Вохӯри бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида буд, сурат гирифт. Ҳангоми суханронӣ раиси ноҳия Паём- ро дурнамо ва рушди раҳнамои асоси фаъолият хонда иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ироа гардид сарчашмаи асосии фаъолият, дурнамо ва нақшаи асосии руимизии ҳар яки мо мебошад. Ҳамчунин  таъкид кард, ки имсол барои миллати точик соли таърихии фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро, дар имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35-солгии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегиранд. Ҷиҳати созовор истиқбол намудани ин ҷашнвора Пешвои миллат дар Паёмашон дастуру супоришҳо додаанд, ки бояд ба ифтихори ин санаи таърихи корҳои ободонию созандагӣ  дар саросари мамлакат аз ҷумла дар ҳар як маҳал густариш дода шавад. Ҳар як фарди тоҷик аз хонаву дари худ сар карда, ба корҳои ободонию созандагӣ амалан иқдом намояд.

Дар идомаи вохӯрӣ Раиси ноҳия ба ҳозирин оиди ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ва омодаги ба фасли баҳор, самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин, кишту парвариши картошкаи аълосифат ва руёнидани ду  навъи ҳосил ба ҳозирин дастуру маслиҳатҳо дод. Ҳамчунин аз бошандагони маҳал даъват ба амал овард шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» — ро риоя намуда ба ҳаргуна сарфаю исрофкорӣ ҳангоми баргузории тую маъракаҳо роҳ надиҳанд. Ҷиҳати расидагӣ ба мушкилоти маҳал, ҳамдеҳа ё ягон ниёзманд талош намоянд.

Сипас сардори Шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ подполковники милитсия Ниёззода Саидмақсуд, зимни баромади худ оид ба роҳнамоии сокинон дар самти пешгирии ҷинояткорӣ, хурофоту бегонапарастӣ, ҳушёр будан дар замони бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, пешгирӣ аз зиёдаравӣ, муборизаи дастаҷамъӣ бо зуҳуроти номатлуб, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва таъмини волоъияти қонун,  ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон назорати ҷиддӣ ба фарзанд, истифодабарии дурусти телефони мобилӣ ва дигар масъалаҳо дастуру пешниҳод дод.

Дар рафти вохӯрӣ сокинони деҳаи Пастиғав оид ба мушкилоту масъалаҳои иҷтимои пешниҳодҳо доданд, ки ҷиҳати саривақт расидагӣ кардан ба мушкилоти мардум, Раиси ноҳия масъулини дахлдорро вазифадор намуд.

Дар охири Раиси ноҳия ба сокинон ҷиҳати иҷрои нуқтаҳои дар Паём зикр гардида, раванди корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35солаги Истиқлоли давлатӣ, тозаву озода намудани муҳити зист, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

ПАЁМИ КӮҲИСТОН

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *