Баргузории аксия оид ба пешгирии савдои одамон дар Дави миллӣ
Имрӯз санаи 17-уми майи соли 2026 Дар доираи баргузории чорабинии оммавии варзишии «Дави миллӣ» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аксияи иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии савдои одамон баргузор гардид.
Зимни баргузории аксия гурӯҳи ҷавонони фаъол ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, оид ба оқибатҳои нохуши савдои одамон, роҳҳои фирефта шудани шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маълумотдоданд. Қайд гардид, ки мубориза бар зидди савдои одамон вазифаи ҳар як узви ҷомеа буда, ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти дахлдор дар пешгирии чунин ҷиноятҳо нақши муҳим дорад.Ҳадафи асосии аксия баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ҷиҳати муқовимат ба савдои одамон ва пешгирии шомилшавӣ ба ин ҷинояти хавфнок ба ҳисоб меравад. Аз ҷавонон ва иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст ҳушёру зирак бошанд, ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва ҳангоми сафар ё фаъолияти меҳнатӣ дар хориҷи кишвар танҳо аз роҳҳои қонунӣ истифода намоянд.
Баргузории аксияи мазкур дар фазои ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, иштирокчиён бори дигар аз оқибатҳои хатарзои ин гуна амалҳои номатлуб огоҳ гаштанд.


