5 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд
Субҳи имрўз, санаи 17.05. 2026 дар доираи чорабиниҳои Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси ноҳия Хайрулло Бобозода дар назди иштирокчиён баромад намуда иброз дошт, ки мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад, ки ба ҷисму рўҳи инсон нерўи нав мебахшад. Шуғл варзидан ба варзиш асоси комёбиҳо ва гарави асосии саломатии инсон аст.
Мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз назди қасри Фарҳанг то назди боғи Парчами ноҳия давом карда, дар мусобиқаи мазкурбеш аз 5 ҳазор нафар аз ҷумла 1200 нафар духтарон ва1600 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Ҳамчунин баргузории мусобиқаи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар тамоми деҳоти ноҳия баргузор гардида сокинони касбу кори гуногун дар ин чорабинии варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.
Паёми Кӯҳистон


