Табрикоти Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода бахшида ба иди байналмилалии оила
Пеш аз ҳама кулли модарону хоҳарони азизро ба муносибати Иди байналмилалии оила самимона табрик гуфта, дар хонадони ҳар як оилаи ноҳия файзу баракат, осмони софу беғубор, дустиву рафоқат ва оилаи солим орзӯ менамоям.
Бояд қайд намоям, ки оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидову асосии давлат ҳисобида мешавад.
Оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти муҳим дошта, пойдории он барои рушди босуботи ҷомеа хело муҳиму зарурӣ мебошад.
Воқеан ҳам ҳар як давлат вобаста ба хусусиятҳои иҷтимоиву фарҳангии худ ба оила муносибати хоса дорад. Тибқи моддаи 33- и Конститутсия, «Давлат оиларо ҳамчун асоси амният ҳимоя мекунад». Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.
Мавқеи аъзои оила аз ҳамдигар сахт вобастагӣ дорад. Мавриди қайд аст, ки Конститутсияи кишвар модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхорӣ қарор дода, падару модарро барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъмини онҳо масъул гардонидааст.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон қайд намудаанд: «Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ, маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат қарор гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили мубрами ҷомеаро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, қайд намуданд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият дар таълиму тарбияи кудак, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Воқеан, нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст. Мо бояд чунин оилаҳое бунёд намоем, ки дар он муҳаббати ҳақиқӣ иззату эҳтироми байни ҳамдигарӣ ҳукмфармо бошад зеро, ки оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чи қадар, ки мустаҳкам бошад ҳамон қадар давлат устувор мегардад.
Оила, мураббии аввалин ва роҳнамои ҳаёти ояндаи ҳар як наврас мебошад. Зеро шахси дар оила тарбия ёфта, меъёрҳои ахлоқиро аз худ мекунад ва ба ҳаёти мустақилона омодагӣ мегирад. Падару модаронро зарур аст, ки пеш аз хонадор намудани фарзандони худ онҳоро ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ омода намуда, ба ақди никоҳи хешутабории фарзандон роҳ надиҳанд ва фарзандони худро пешакӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи имрӯза, ки асри технологияи муосир ном бурда мешавад, ҷаҳон ҳар лаҳза бо тағйироти бузург рӯ ба рӯ гардида истодааст. Аз ин рӯ фарзандону наврасонро мебояд дар ин раванди пуртазод ва авҷ гирифтани манфиатҳои абарқудратҳо зиракии сиёсии худро аз даст надода, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд ва дар пайи донишу ахлоқи ҳамида инчунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ қарор гиранд.
Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди ба ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.
Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷидди диҳанд, онҳоро дуруст ба воя расонанд, ба онҳо маданияту одоб омӯзонанд, то онҳо беҳтарин ворисони мову Шумо гарданд ва кишварамонро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Дар охир ҳамаи модарону хоҳаронро ба муносибати рӯзи байналмилалии оила самимона табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва дар таълиму тарбияи фарзандон барори кор орзу менамоям.
Иди байналмилалии оила
муборак, ҳамдиёрони азиз!

