РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 115 банд нақша чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардидаанд, ки ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳияро дар бар мегиранд. Айни замон дар ноҳия вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром ҷараён дорад. Аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин давра 116 иншоотҳо пурра сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбати нақшаи пешбинигардида 100,8 фисад таъмин карда шудааст. Аз иншоотҳои ба истифода додашуда 16 адад дар соҳаи маориф, 12 адад дар соҳаи тандурустӣ, 36 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 3 банд дар соҳаи роҳдорӣ, 1 адад дар самти барқ, 11 адад дар самти соҳибкорӣ, 3 адад оиди ташкили коргоҳҳои саноатӣ, 4 банд оиди бунёди НБО-и хурд, 5 адад дар самти ҷавонон ва варзиш, 4 банд дар самти таъминоти хати оби нушокӣ, 3 банд дар самти хизматрасонӣ ва 18 банд дигар иншоотҳо мебошанд. Иловатан дар 7 иншооти иловагии иншоотҳои ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта дар арафаи ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.


