ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ
Фарҳанги миллӣ оинаи рӯҳу тафаккури ҳар як миллат аст. Он маҷмӯи арзишҳо, анъанаҳо, урфу одатҳо, забон, адабиёт ва ҷаҳонбиниест, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтааст. Барои миллати тоҷик, ки дорои таърихи қадим ва мероси ғании фарҳангӣ мебошад, ҳифз ва рушди ин фарҳанги миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ падидаи бегонапарастӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ табдил ёфта истодааст.
Аз ин лиҳоз, фарҳанги миллӣ пояи ҳастии миллат аст. Он натанҳо гузашта, балки имрӯз ва фардои миллатро муайян мекунад.
Албатта, фарҳанги миллӣ пояи худшиносии миллӣ мебошад. Аз ҷумла забони модарӣ, адабиёти классикӣ, мусиқии анъанавӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ҷашну маросим мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада рамзи ҳастии миллатанд.
Осори бузургони адабиёт, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз натанҳо мероси адабӣ, балки мактаби ахлоқ ва тарбияи инсон мебошанд. Маҳз тавассути фарҳанг миллат худро мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Фарҳанг ба инсон ҳисси ифтихор аз миллат мебахшад ва ӯро ба гузашта ва оянда мепайвандад. Миллате, ки фарҳанги худро эҳтиром намекунад, тадриҷан ҳувияти худро аз даст медиҳад. Аз ин зумра бегонапарастӣ ва таъсири он мебошад. Бегонапарастӣ маънои аз ҳад зиёд майл кардан ба фарҳанг ва тарзи зиндагии бегонагонро дорад, ки дар натиҷа арзишҳои миллӣ канор гузошта мешаванд. Ин падида бештар миёни ҷавонон дида мешавад, ки баъзан беандеша аз либос, забон, мусиқӣ ва рафтори фарҳангҳои дигар тақлид мекунанд. Албатта, шиносоӣ бо фарҳангҳои дигар як ҷузъи пешрафт аст, аммо вақте ки он боиси фаромӯш шудани фарҳанги худ мегардад, оқибатҳои манфӣ ба бор меорад.
Сабабҳои пайдоиши бегонапарастӣ
Яке аз сабабҳои асосии бегонапарастӣ таъсири воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Илова бар ин, паст будани сатҳи маърифати фарҳангӣ, камтаваҷҷуҳӣ ба тарбияи миллӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ низ ба ин раванд мусоидат мекунад. Ҳамчунин, баъзан ҷавонон фарҳанги бегонаро нишонаи “муосир будан” меҳисобанд.
Роҳҳои пешгирӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ
Барои пешгирии бегонапарастӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ зарур аст. Оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар тарбияи насли худшинос саҳмгузор бошанд. Омӯзиши таърих, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ бояд густариш ёбад. Инчунин, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи фарҳанги миллӣ метавонад нақши муҳим бозад.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки муосир будан маънои аз даст додани ҳувияти миллиро надорад. Баръакс, шахсе, ки фарҳанги худро хуб медонад ва эҳтиром мекунад, метавонад бо боварӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта бошад.
Фарҳанги миллӣ сарвати бебаҳоест, ки ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Бегонапарастӣ метавонад ин сарватро зери хатар гузорад, агар ба он бетарафона муносибат кунем. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша кӯшиш намоем, ки фарҳанги миллии худро гиромӣ дорем, онро рушд диҳем ва ба наслҳои оянда бо ифтихор мерос гузорем.
Фарҳанги миллӣ ганҷи бебаҳо ва пояи асосии ҳастии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Он дар худ таърих, анъанаҳо, забон, адабиёт ва ҷаҳонбинии мардумро таҷассум мекунад ва барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ нақши муҳим мебозад. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки таъсири фарҳангҳои гуногун бештар шудааст, хатари бегонапарастӣ низ меафзояд. Ин падида метавонад боиси дур шудани инсон аз арзишҳои миллии худ гардад.
Бо вуҷуди ин, шиносоӣ бо фарҳангҳои дигар худ аз худ зарар надорад, агар инсон фарҳанги худро хуб донад ва эҳтиром намояд. Барои пешгирии бегонапарастӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба таълиму тарбия ва густариши омӯзиши мероси миллӣ хеле муҳим аст. Оила, мактаб ва ҷомеа бояд дар ин самт фаъол бошанд.
Хулоса, танҳо миллати дорои фарҳанги бой ва ҳифзшуда метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ бо ифтихор мавқеи худро нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки фарҳанги миллии худро гиромӣ дорем, онро рушд диҳем ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси муқаддас ба ёдгор гузорем.
Ёсуман Хушмаҳмадзода, омӯзгори МТМУ рақами 31

