НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Ҷавонони саодатманд!

    Ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо кулли ҷавонони саодатманд ва хушиқболи ноҳияро, ки насли ояндасози Ватани маҳбуб, соҳибистиқлол ҳастед, ба муносибати рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод гуфта, дар фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ бароятон саодатмандӣ, пирузӣ, тансиҳатӣ, барору комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Бо шарофати сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати давлатии ҷавонон аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ  яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар пазируфта шуда, баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷўҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад.

Қабули қонун ва барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон, таъсиси Стипендия ва Квотаҳои Президентӣ, Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамаи мо нисбати он бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон бештар тақвият бахшидани ҳисси баланди миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрўз ҷавонони мо бояд дар чунин рўҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватани маҳбубамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву шарафи бузург донанд.

Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар Паёмашон   ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ки «Ҷавонони мо, ки насли замони Истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳиссӣ баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ нерўи худро барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳаргиз фаромуш накунанд дар назди ҷомеаи мо масъалаҳое, қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин то рафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ аз ҷавонон пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат тақозо мекунад ва масъулияти онҳоро дар самти ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат рўз ба рўз баланд мебардорад.

Дар қатори дигар сокинони кишвар моро зарур аст, ки баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободу зебо намудани ноҳияамон бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта дида бештар талошу заҳмат намуда, дар Партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, сарҷамъу муттаҳид бошем.

Дар охир бори дигар ба ҳамаи ҷавонони бо нангу номуси ноҳия ва кулли сокинони ноҳия сулҳу оромӣ, файзу баракати рўзгор, азму иродаи қавиро   орзу менамоям.

Рўзи ҷавонон муборак,

ҳамдиёрони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *