ТАНЗИМ БАРАКОТИ ЗИНДАГИСТ

Санаи 28 уми феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло бо аъзоёни комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти » Иван- тоҷик» вохӯри доир намуд.

Вохӯри дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирфт, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои қудратии ноҳия, аъзоёни комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аъзоёни комиссияи ҷамоати деҳоти ба номи » Иван- тоҷик», директорони муассисаҳои таълимии ҷамоат, роҳбарони хоҷагиҳо, имомхатибони масҷидҳои ҳудуди ҷамоат ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

Ибтидо мудири бахши дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия Шомуродзода Шамсиддин баромад намуда, доир ба риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , моҳияти қонуни мазкур, манфиати он ба буҷаи ҳар хонавода, риояи ҳатмии он муфассал ҳарф зад.

Аснои баромад зикр шуд, ки яке ҳадафҳои асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ин пеш аз ҳама гирифтани пеши роҳи харҷу сарфҳои барзиёд, гирифтани пеши роҳи намоишкориҳо дар ҳамагуна маросим ва маъракаҳо буда, ҷиҳати ғани гардидани иқтисодӣ ҳар оила мусоидат менамояд. Ҳамчунин доир ба дигар паҳлӯҳои мухталиф ва муҳими қонуни мазкур аз ҷумла манфиатҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ, пешгирии харҷҳои беҳуда, меъёрҳои муқарраршуда дар қонун муфассал шаҳр дода шуданд.

Сипас мудири бахши рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Абдуллоҷон Ҳоҷиев ба сухан баромада, танзимро баракоти зиндагӣ унвон карда инчунин доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» , фаромилли гардидани қонуни мазкур ҳарф зад. Ба таъкиди номбурда — қонун дар бораи танзим қонуни милли буда, моҳият ва бандҳои таъингардидаи қонуни мазкур басо ҷолибу саривақтӣ ҳастанд, ки имрӯз дар баробари мо чанде аз кишварҳои минтақа аз он истифода мебаранд. Пас дар ин росто мо бояд онро ба таври қатъӣ риояи намоем. Инчунин доир ба дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Қонун » Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак» низ изҳори назар кард.

Дар ҷараёни маҷлис Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло аз фаъолияти комиссияи танзими ҷамоати деҳоти «Иван-тоҷик» пурсиш ба амал оварда дастур дод, ки комиссия кори худро ҷоннок намояд ва ҷиҳати пешгирӣ аз ҳамагуна харҷҳои беҳуда, ба хусус дар моҳи шарифи Рамазон ҳангоми ифторҳо ба исрофкорӣ роҳ дода нашавад.

Сипас Раиси ноҳия доир ба риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла қонун» Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » низ ҳарф зада, ба масъулин, ҳайати комиссияи ноҳиявӣ оид ба танзим, аъзоёни комиссияи ҷамоати доир ба танзим ва фаъолон бобати риояи ҳатмии қонуни мазкур, пурзур намудани кори комиссия дар ҳудуди ҷамоат, пешгирӣ аз ҳамагуна харҷҳои беҳуда, дар моҳи Рамазон роҳ надонад ба сарфакорию намоишкориҳо, ҷоннок намуди корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, дастгирии кишри ниёзманди аҳолӣ, ба ҷойи харҷҳои беҳуда — ҷалби хайрхоҳону саховатмандон ба корҳои ободонию созандагӣ маҳаллӣ ё деҳаи худ, тарбияи насли наврас, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар мешавем ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чунин вохӯри бо фаъолон ва ҳайати комиссияи танзими ҷамоати деҳоти Лангар низ ташкилу баргузор карда мешавад.

» ПАЁМИ КӮҲИСТОН «

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *