БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД ……..
Имрӯз зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 деҳаи Оббурдони Ҷамоати деҳоти ба номи Иван-тоҷик иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони деҳаи Оббурдон ба соҳаи маорифи ноҳия моро хело хушҳол намуд. Як гурӯҳ ҷавонони хайрхоҳу саховатпешаи диёр баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, дар оғози соли 2026 бо дастгирии Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Хайрулло Бобозода ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳа таҷҳизоти муосир ва асбобҳои зарурӣ харидорӣ гардида барои муҳасилини ин боргоҳи таълимӣ туҳфа карда шуд.
Тибқи маълумоти сарвари муассисаи таълимии мазкур Домуллоев Сафарбек аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Қозиев М, Сангинзода М, Зокиров Ф, Исоев И, Зокиров С ва Домуллоев Ғ 5 адад компютери муосир (моноблок)
1 адад принтери ранга
1 адад проектор
Як бастаи пурраи асбобҳои мусиқӣ ва таҷҳизоти тақвияти овоз харидорӣ карда шуда ба хонандагони ин боргоҳи таълимӣ тӯҳфа карда шуд, ки иқдоми онҳо намунаи ибрати масъулиятшиносӣ ва ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маориф ба
исоб меравад. Ҳамзамон таъкиди Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ дар робита ба истифодаи мақсаднок ва масъулиятноки технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснуиро низ дар назар дорад.
Таҷҳизоти дастрасгардида имкон медиҳад, ки ҷараёни таълим сифати баландтар пайдо кунад, технологияҳои иттилоотӣ дуруст истифода шаванд, қобилияту истеъдодҳои хонандагон рушд ёбанд ва фаъолияти фарҳангии муассиса ғанӣ гардад.
Воқеан ин иқдоми соҳибкорони диёр боиси таҳсину офариниш ва боиси дастгирии аҳли ҷоме буда барои тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ва мутобиқ бо рушди босуръати технология заминаи мусоид фароҳам меорад. Ва умед ба он дорем, ки дигар соҳибкорону ҷавонони ташаббускор дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳияи дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ саҳми арзандаи худро мегузоранд Чуноне, ки бузургони мо иброз медоранд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
Паёми Кӯҳистон
ҳ


