МАШВАРАТ ОИДИ ДАЪВАТ
— Баргузории машварати корӣ доир ба маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ
Санаи 4 -уми марти соли 2026 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таҳти раёсати Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло машварати корӣ доир гардид.
Дар кори машварат масъалаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, корбарии муштарак ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи даъват ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ карда шуданд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки даъвати шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ маъракаи сиёсӣ буда, дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар мамлакат ду маротиба сурат мегирад. Ҷиҳати иҷрои амри Пешвои миллат ҳама бояд масъул бошем ва онро саривақт иҷро намоем. Дар рафти машварати корӣ Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло аз кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи даъват баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурсиш ба амал овард. Раиси ноҳия дар рафти машварати корӣ таъкид кард, ки дар иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама, бояд масъулин, кормандони соҳаҳои мухталифи ноҳия намунаи ибрат буда, дар сафарбари фарзанд ё ягон хешовандони хеш пешсаф бошанд. Ҳамчунин оиди вазъи буду боши хизматчиёни ҳарбӣ, шароитҳои мусоиди қисмҳои низомӣ ҳарф зада ҷиҳати дар ин замина бароҳ мондани корҳои тарғиботӣ фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бу хусус ҷавонон маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамчунин тибқи дастури Раиси ноҳия нақшаи корӣ таҳия шуда, дар он дар баробари кормандони Комиссариати ҳарбӣ ноҳия дигар масъулини ноҳия низ вобаста карда шуданд.
Бояд гуфт, ки солҳои қабли ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар вилояти Суғд аз аввалинҳо шуда, нақшаи даъватро иҷро мекард. Дар машваратӣ кори изҳори умед карда шуд, ки масъулон ва фаъолони ноҳия дар ин замина якҷоя корбари намуда, дар ин соли таърихию фараҳбахш барои миллати тоҷик, яъне 35- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбиро саривақт иҷро менамоянд.
«ПАЁМИ КӮҲИСТОН»

