ДАР КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ ИДИ МОДАРОН ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Санаи 6- марти соли 2026 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Чорабинӣ дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат гирифта, дар он Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Азизхонзода Гулбаҳор, модарону бонувони фаъоли ноҳия гирди ҳам омада буданд. Дар оғоз Раиси ноҳия ба сухан баромада табрикоти хешро ба ифтихори Иди Модарон ироа кард. Зимни паёми табрикотии хеш Бобозода Хайрулло аз Модар- ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, олиҳаи меҳру садоқат ва офарандаи ҳаёт ёдовар шуда аз ҷумла чунин гуфт- Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо меҳри бузург, садоқату муҳаббаташ ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, уро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ месозад.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар вобаста аст гуфт мавсуф. Дар идомаи суханронии таъкид шуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон баробарҳуқуқии зану мард таъмин карда шудааст ва имрӯзҳо дар саросари мамлакат модарону бонувон озодона аз дилхоҳ вазифаи давлатӣ ба хусус дар соҳаи маориф ва тандурустӣ фаъолона кор карда истодаанд. Ҳамчунин нақши занон дар корҳои ободонию созандагӣ дар баробари мардонро низ назаррас арзёбӣ карда шуд.
Пас аз сухани табрикоти ба хотири арҷгузорӣ ба Зан- Модар ва ба ифтихори Иди Модарон Раиси ноҳия Бобозода Хайрулло модарон ва бонувони фаъоли ноҳияро бо тӯҳфаҳои идона қадрдонӣ намуд.
Ҳамчунин дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия бо иҷрои суруду таронаҳои ҷолиб дар васфи Модар -Ватан хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
» ПАЁМИ КӮҲИСТОН»


