НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР
Модарону бонувони арҷманд!
Хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар, ҷашне, ки барои ҳамаи мо бисёр азизу муқаддас мебошад, самимона табрику муборакбод намуда ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ хонаи обод ва рӯзгори осударо таманно дорам.
Модар рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон мебошад. Модар аввалин шахсест, ки бо меҳри бузург, садоқату муҳаббаташ ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ роҳнамоӣ месозад.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар вобаста аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон санаи 16.12.2025 низ чунин таъкид намудаанд. «Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» расму оинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пушидани либосҳои миллӣ саъю кушиши бештар ба харҷ медиҳанд. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки бонувону занон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд».
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад. Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти зиндагӣ ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд. Миллати соҳибфарҳангу таммадунсози тоҷик дар тули асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонадорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони меҳрубон барои наслҳои имрӯзу фардо низ чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд. Ба ин маънӣ, занону модарони мо нигоҳдорандаву давомдиҳандаи беҳтарин анъанаҳо ва оинҳои асилу деринаи халқамон хусусан дар тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони ба одобу соҳибмаърифат ва ватандӯсту далер мебошад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми занону бонувони мо барои эҳё намудан ва тараққи додани ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои кори барои бонувони хонашин басо арзишманду назаррас мебошад.
Бо амали гардидани чунин иқдом Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад.
Иқдомҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва бонувони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.
Модари тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр мебошад. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост, мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занону модарон, худогоҳу бо маърифат бошанд.
Дар охир бори дигар кулли модарону бонувон ва хоҳарони азизро ба муносибати ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат, яъне Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама саломатӣ, дар хонадонатон меҳру муҳаббат, хушбахтӣ ва дар таълиму тарбияи фарзандон барори кор, орзу менамоям.
Рӯзи Модар муборак бошад, модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

