ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНД.
Ҳануз дар замонҳои қадим ниёгони мо дар ҳифзи Ватани маҳбуб, ҷонфидоӣ ва ҷасорату мардонагии бемислу монанд нишон доданд, ки барои насли имрӯзаи халқи мо намунаи Олии ватандӯстӣ маҳсуб ёфта, аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Инро дар мисоли абадмардони матин ба мисли Шерак, Деваштич, Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Маҳмуди Торобӣ Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо фарзандони халқи тоҷик дида метавонем.
Диловарӣ шуҷоати шахсии онҳо ҷавонон ва наврасонро дар рӯҳияи Ватандустӣ, ифтихори миллӣ, шуҷоат ва далерӣ ва инсондӯстӣ тарбия мекунад ва метавонад барои ҳар як сарбози Ватан шоистаи ибрат ва намудани Олии мардонагӣ гардад.
Дар замони мо ҳам фарзандони далеру бо нангу номус анъанаи ниёгонамонро идома медиҳанд. Баъди 1000 соли давлатдории сомониён дар таърихи навини халқи тоҷик воқеаи муҳиме ба амал омад, ки дар таърихи миллату Ватани мо гардиши бузург мебошад.
Ин падидаи нек 9 сентябри соли 1991 соҳиби давлати миллӣ ва мустақил гардидани миллати бо фарҳангу куҳанбунёди тоҷик аст. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водор сохт, ки барои ҳифзи Ватан Артиши миллӣ таъсис дода шавад, зеро артиш такиягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Бо ин мақсад 23.02.1993 бо иқдом ва пуштибонии Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳ таъсмис ёфт, ки фаъолияташро баҳри дифои Истиқлолият, амният, марзу буми кишвар ва ҳаёни осоиштаи мардуми диёр равона намудааст.
Заминагузории таъсиси Артиши миллӣ Иҷлосияи 16 – уми таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар моддаи 43 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амадааст: «Ҳифзи Ватан ҳимоияи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидорӣ мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хело беҳтар гардидааст. Онро падару модарон хело хуб дарк кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чунин қайд карда буданд: «Артиш бе интизоми қатъӣ, арзиши қобили кору ҳарб ва арзандаи эҳтиром буда метавонад».
Барои сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ натанҳо комиссариати ҳарбӣ, балки масъулони кормандони ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва дигарон саҳмгузор бошанд.
Тоҷикистон як муҷизаи табиат, як неъмати худодод, як пораи биҳишти рӯи замин аст.
Шомуродова П Омӯзгори МТМУ № 6

