ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Муҳтарам кормандони воситаҳои ахбори омма,

собиқадорони соҳа,

Рӯзноманигорон ва аҳли қалам!

Бо камоли эҳтиром ва самимият Шумоёнро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрику муборакбод менамоям.Матбуот дар ҳар давру замон ҳамчун ойинаи ҷомеа хизмат намуда, воқеиятҳои рӯзгори мардум, равандҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиро бо масъулияти баланд ва диди таҳлилӣ инъикос менамояд. Маҳз тавассути фаъолияти софдилонаву касбии аҳли қалам ҷомеа аз рӯйдодҳои муҳими кишвару ҷаҳон бохабар гардида, дар

баробари ин афкори ҷамъиятӣ шакл мегирад.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма рушду такомул ёфта, барои фаъолияти озоду созандаи рӯзноманигорон фазои мусоид фароҳам гардидааст. Имрӯз воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Махсусан, дар шароити имрӯза, ки ҷомеа ба иттилооти дақиқу боэътимод ниёз дорад, фаъолияти рӯзноманигорон аҳамияти боз ҳам бештар касб менамояд. Шумо бо сухани таъсирбахш, таҳлилҳои амиқ ва маводи ҷолиб дар тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ нақши муҳим мегузоред.

Ҳар сол 11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад. Нахустшумораи “Бухорои шариф” 11 марти соли 1912, дар матбааи Бухорои Нав бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, публитсист Мирзо Сироҷиддин Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишмандони шинохтаи забону адабиёти тоҷикӣ, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд. Чун аз чопи нахустин шумораи «Бухорои шариф» ва таъсисёбии мактаби рӯзноманигории тоҷик 114 сол сипарӣ гаштааст, Маҳз ҳамин рӯз оғози матбуоти тоҷикро ҳамчун падидаи фарҳангиву иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад.

«Бухорои шариф» на танҳо як рӯзнома, балки минбари маърифату бедории миллӣ буд.

Дар шароите ки ҷомеаи онрӯзаи тоҷикон ба илму маърифат ва худшиносӣ ниёз дошт, ин нашрия бо ҷасорати фикрӣ ва рӯҳияи навгароӣ мардумро ба омӯзиш, фарҳангдӯстӣ

ва ислоҳоти иҷтимоӣ даъват менамуд. Дар саҳифаҳои он масъалаҳои маориф, ахлоқ, фарҳанг ва сиёсат бо диди тоза матраҳ мешуданд.

Пас аз он, нашрияҳои дигар, аз ҷумла «Оина» – Оина ва минбаъд рӯзномаҳои гуногун дар қаламрави Мовароуннаҳру Туркистон ба фаъолият оғоз карданд. Ин раванд тадриҷан ба

ташаккули фазои иттилоотӣ ва андешаи ҷамъиятӣ замина гузошт.

Дар тӯли 34 -соли Истиқлоли давлатӣ ҷойгоҳи иттилоот дар соҳаҳои мухталифи идораи давлатӣ аҳамияти бештар касб кардааст.

Бояд зикр намуд, ки бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 1995 аз ҷониби Парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик унвон гирифт ва аз ҳамон сол инҷониб дар саросари кишвар расман ҷашн гирифта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори матбуотчиён баҳои баланд дода, онро чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ дониста, ҳамчунин иброзамудаандамудаанд: «Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар як ҷомеаро ифода карда ба доираи васеи мардум имконият медиҳанд, ки ҷараёнҳои тунду тези ҳаёти башарро дарк бикунанд ва дар маҷмуъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геополитикӣ эҳсос ва ҳимоя намоянд». Дар ҳақиқат он чиро, ки рӯзномаву маҷаллаҳо дар саҳифаҳои худ  нашр ва ҳифз мекунанд, ягон хел василаи электронӣ карда наметавонад.

Рӯзноманигоронанд, ки бо заҳмати фидокорона, муҳаббати самимӣ ба касбу кор ва кӯшишҳои дастҷамъона метавонанд дар навиштаҳои хеш пораҳое аз дилҳояшонро ҷой кунанд. Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гуё забон надорад».

Рӯзномаи маҳаллии «Паёми Кӯҳистон » низ аз ҷузъҳои ҷудонопазири матбуоти тоҷик маҳсуб ёфта, аз оғози таъсисёбии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки имсол 30 сол сипари мегардад ҳамчун оинаи ҳақиқии рӯзгори мардуми ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ , пешрафти давлату миллати хеш саҳм гузошта рисолати касбии худро дар таҳкими давлатдорӣ, созандагию ободонӣ ва сарсабзии миллат бо амри дилу виҷдон адо намуда тайи даҳсолаҳо вобаста ба талаботи замон

мазмуну мундариҷаи рӯзнома такмил ёфт. Ба мушкилиҳои иқтисодӣ нигоҳ накарда кормандони нашрия тамоми тадбирҳоро меандешанд, ки рӯзнома мунтазам дастраси

хонандагон гардад. Масъалаҳои умдатарини рӯз: меҳнати созанда, беҳдошти зиндагӣ, ободии диёр, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, меҳнатдӯстию меҳанпарастӣ тарғиби таҷрибаи пешқадам, ахлоқи ҳамида ва монанди инҳо аз зумраи мавзуъҳои ҳамешагии рӯзнома ба ҳисоб мераванд.

Итминони комил дорем, ки кормандони воситаҳои ахбори омма минбаъд низ бо садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ ва эҷодкории баланд барои инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти ҷомеа, тарғиби сиёсати бунёдкоронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳамаи шумо, соҳибқаламамону зиёиёни азиз барору комёбиҳо таманно дорам.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба ҳамаи рӯзноманигорон, кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои тоза дар фаъолияти пуршарафи касбиашон орзу менамоям.

Бигзор қалами Шумо ҳамеша бурро, андешаҳоятон созанда ва фаъолияти эҷодиатон баҳри пешрафти Тоҷикистони азиз ва ободии диёри маҳбубамон хизмат намояд.

Бори дигар Иди матбуоти тоҷик, муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *