ОБОДИИ РОҲ -ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои дарёи Зарафшон боз як пули нав сохта мешавад.
Имрӯз санаи 2- уми июни соли 2025 дар оғози рафти корҳои сохтмонӣ раиси ноҳия Бобозода Хайрулло ва чанде аз фаъолону пирони деҳа иштирок намуданд. Нахуст Раиси ноҳия дар назди ҳозирин сухан ронда иброз дошт, ки бунёди пули мазкур дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандози гардида, баъди мавриди истифода қарор додани пули мазкур сокинони Деҳаҳои Ғузндара имкон доранд, ки бемамониат дар тамоми фасли сол тавассути ин роҳ рафтуомад намоянд.
Инчунин раиси ноҳия таъкид намуданд, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Зукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои некуаҳволии сокинони кишвар аз ҷумла ноҳияи кӯҳистони Мастчоҳ пайваста эҳсос мешавад. Ва дар ноҳия бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонбунёди иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла ободии роҳҳо ва бунёди пулҳо ба нақша гирифта шуда чанде аз он мавриди истифода қарор гирифтааст. Бунёди инпули мазкур идомаи ташаббусҳои созанда мебошад, ки солҳо сокинони деҳаҳои Ғузндара барои рафтуомад ба дигар минтақаҳо мушкилӣ доштанд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани пули мазкур мушкмлоти рафтуомади сокинони ин минтақа пурра бартараф карда мешавад.
Ҳамчунин сокинони деҳаҳои Ғузндара барои дастгирӣ ва ҳалли мушкилоташон, ки солҳо барои рафтуомад ба дикар минтақа азият мекашиданд, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ расонида иброз доштанд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва дастгириҳои раиси ноҳия тамоми неруву ҷасорат ва малакаи худро барои ободонии ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва диёрамон равона намуда баҳри корҳои ободониву созандагӣ пайваста ҷиду ҷаҳд менамоем.
Ёдовар мешавем, ки пули мазкур,ки дар болои дарёи Зарафшон дар мавзеи деҳаи Ҳадишаҳр ҷой дорад, соли 1966 сохта шуда сокинони 10 деҳаи Ғузндарароӣа маркази ноҳия мепайвандад. Ин пули мазкур ҳарчанд,ки солҳо таъмири ҷорӣ мешуд то имрӯз дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Бори аввал пули мазкур ба пуррагӣ сохта шуда дар оянда мушкилоти сокионои ин деҳаҳо пурра бартаф карда мешавад.
Паёми Кӯҳистон


