НОМАИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БОБОЗОДА ХАЙРУЛЛО БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин рӯз барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар бораи аҳамияти ҳимояи кӯдак ва дарёфти роҳҳои беҳтар барои таъмин намудани рушди солим ва ояндаи равшан барои наслҳои оянда бахшида шудааст. Ҳар сол, ин сана дар кишварҳои гуногун ҳамчун рамзи муҳаббат, ғамхорӣ ва масъулият ба кӯдакон таҷлил мешавад. Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми кӯдакону наврасонро ба рӯзи идашон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои оламро орзу дорам. Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад. Бо ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад. Ҳадаф аз таҷлили ин ҷашн пеш аз ҳама, ҷалби аҳли башар баҳри ҳалли муаммоҳои кӯдакон, ғамхори нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зиндагӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таълиму тарбия мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки «Тарбияи насли навраси солим ва дорои рӯҳияи қавию неруи созанда вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва аҳли ҷомеа мебошад». Пайдоиши ин ҷашн ба миёнаҳои асри ХХ рост меояд. Соли 1949 дар Париж конгресси занон баргузор гардид, ки дар он савганди муборизаи беамон барои сулҳи пойдор ҳамчун кафолати ягонаи хушбахтии кӯдакон садо дод. Зеро пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мушкилиҳои ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии кӯдакон аз ҳарвақта бештар муҳим буданд. Худи ҳамон сол, дар ҷаласаи Маскав дар Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон, мувофиқи қарорҳои Анҷумани 2-юми он ба ҷашни мазкур асос гузошта шуд. СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард. Пас аз як сол, 1 июни соли 1950 аввалин Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, ки  ҳамасола 1- уми июн ҳамчун иди байналхалқии ҳифзи кӯдакон дар кишварҳои мухталиф бахусус дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо тарзу усули гуногун ҷашн мегиранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон риоя гардида, барои рушду камолоти онҳо дар шароити озоду арзанда тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон муборак кӯдакони нозанин!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *