ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КӮДАКОН ДАР КӮҲИСТОН
Ҳамасола дар ҷаҳон санаи 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад ва ин яке аз қадимтарин идҳои байналмилалӣ аст, ки аз соли 1950 инҷониб дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” низ 1 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муқаррар намуда, ҳамасола ин ид дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад. Санаи 31-уми майи соли 2025 дар саҳни мактаб-интенати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон чорабини идона доир гардид. Дар чорабини муовини раиси ноҳия Гулҷаҳон Вазирова мудири шуъбаи Маорифи ноҳия Юсуфӣ Яъқуб ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Нахуст муовини раиси ноҳия паёми табрикотии раиси ноҳияро ба дустрӯякони ин боргоҳи таълимӣ расонида иброз дошт, ки “Ҳадаф аз таҷлили ин ҷашн пеш аз ҳама, ҷалби аҳли башар баҳри ҳалли муаммоҳои кӯдакон, ғамхори нисбати онҳо муҳайё намудани шароити мувофиқи зиндагӣ мебошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу амони ҳукмфармост ва барои тарбияи насли наврас тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва дар ин росто вазифаи кудакону наврасон хондану тарбия хуб гирифтан мебошад. Сипас дар фазои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба кудакони маъюб, ятиму бепарастор, инчунин тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳ туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тақдим карда шуда ба хонандагону омузгороне, ки дар даври ноҳиявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”. Ғолиб омаданд бо ифтихорнома мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар охир ҳофизону ҳунармандон бо суруду таронаҳои дилошуб баромад намуда хотири иштирокчиёнро шод намуданд.
Паёми Кӯҳистон


