Боздиди Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ
Санаи 2 —уми июни соли 2025 Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд. Зимни боздид нахуст аз бинои муассисаи Кумаки аввалияи тибби санитарии ноҳия дидан намуда бо масъулин ва сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбату мулоқот намуд. Раиси ноҳия ба сохтмончиён ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати баланд ба иҷро расонидани корҳои сохтмони дастуру маслиҳатҳо дода иброз намуд, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо бастгирии инсонпарваронаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром ҷараён дошта ин ҳама ободкориҳо барои зиндагии шоистаи мардум ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволи ва таъмини ҷои корӣ барои сокинон мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар ба қадри ободонии ватани маҳбубамон расида саҳми арзишманди худро гузорад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи ноҳия, ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, № 311 ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин замина қарори раиси ноҳия аз 28 феврали соли 2022, № 53 ба тасвиб расонида шуда, дар асоси он нақша чорабиниҳо иборат аз 115 банд омода шуда, сохтмони иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, ки барои рушду ободии ноҳия ва баланд бардоштани зиндагии шоистаи аҳолии ноҳия заминаи мусоидро фароҳам меоварад таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.
Дар давоми солҳои 2022-2024 69 банд нақша чорабиниҳо пешбинӣ гардида буданд, ки аз ин шумора 59 адади он пурра сохта мариди истифода қарор дода шудааст.Дар 11 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақшаи умумӣ аз 115 банд нақша чорабиниҳо дар давраи ҳисобот 59 адади он сохта мавриди истифода қарор дода шуданд, ки нисбати нақшаи умумӣ (115 банд) 51,3 фисадро таъмин карда аст. Дар соли 2025 низ рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ бомаром идома ёфта истодааст.


